logo

иқтисод

 ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. РУШДИ ОНРО ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ БОЗ МЕДОРАД?


Тибқи арзёбии коршиносони Созмони ҷаҳонии савдо таъсири пандемияи COVID-19 ба афзоиши меъёри тиҷорати электронӣ оварда расонд. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон шаҳрвандон ба хотири ҳифзи саломатӣ ва иҷрои маҳдудиятҳои ҷоришуда ҳарчи бештар ба харидҳои интернетӣ рӯй оварданд. Ин тамоюл нав набуда, афзоиши тиҷорати онлайнӣ баробари рушди интернет дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад. Одамон ҳарчи бештар барои харидани асбобҳои рӯзғор, либос ва дигар молҳо ба интернет бартарӣ медиҳанд. Дар Тоҷикистон ин система дар ҳоли ташаккул қарор дорад.

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ
Имконияти пардохт бо кортҳои кредитӣ дар реҷаи онлайн ҳанӯз байни солҳои 90-уми асри гузашта пайдо шуд. Ҳамзамон, бо таъсиси майдони савдои онлайнии Амазон, воқеан давраи тиҷорати электронӣ оғоз ёфт. Баъдан, сол ба сол майдонҳои шабеҳи тиҷоратӣ пайдо шудан гирифтанд. Шурӯъ аз соли 2000 дар ҷаҳон пайдоиши оммавии молҳои вертуалӣ ва воситаҳои пулии электронӣ ба мушоҳида расид, ки ба раванди доду гирифти мол ва пардохтҳои рақамии хизматрасониҳо асос гузошт.  Мардум зуд фаҳмиданд, ки пардохт бо корт хеле мувофиқу осон аст, зеро вақтро сарфа  намуда, имкониятҳоро васеъ мегардонад. 
 
ХАРИД БО ПУЛИ НАҚД
Дар асоси пайдо шудани имкониятҳои нав барои савдо дар Тоҷикистон оҳиста – оҳиста шумораи мағозаҳои интернетӣ зиёд гаштанд. Гарчанд солҳои охир шумораи кофии мағозаҳои маҳаллӣ назири Tajmarket, Volna, alif.shop, MegaMag ва дигар дар фазои интернетии кишвар пайдо шудаанд, аҳолии Тоҷикистон ҳанӯз ба харид тариқи интернет одат накардаанд. Он амалиётҳои савдое, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ тавассути интернет анҷом дода мешаванд, хусусиятҳои ба худ хос доранд: шумо ба мағозаи интернетӣ ворид мешавед, маҳсулот интихоб мекунед ва тугмачаи «харид»-ро пахш менамоед. Пас аз гирифтани фармоиш, фурӯшандагон ба ҷойи тафсилоти корти пардохт рақами телефони харидорро мепурсанд. Бо ҳамин рақам намояндаи мағоза бо харидор дар тамос мешавад. Ҳамин тавр, пас аз якчанд рӯз мол тавассути намоянда ба муштарӣ мерасад ва пули нақд аз ӯ гирифта мешавад. 
Фурӯшандагон ин усули пардохти молҳоро ба он рабт медиҳанд, ки бонкҳо аз ҷиҳати техникӣ ҳанӯз барои ташкили системаи электронии молҳо дар мағозаҳои интернетии маҳаллӣ омода нестанд.
 
ТАЛАБОТ КАМ АСТ
Баъзе бонкҳои Тоҷикистон агар муштарӣ корти Visa дошта бошад, хизматрасонии пардохти электронии молҳои аз хориҷа харидашударо пешниҳод мекунанд. Масалан, бонки «Эсхата», «Спитаменбонк», «Бонки байналмилалии Тоҷикистон». Аммо, пардохти электронӣ барои молҳое, ки аз мағозаҳои интернетии маҳаллӣ харида мешаванд, мавҷуд нест. Зеро бонкҳо ба ҷорӣ кардани технологияҳое, ки ба хизматрасонии онҳо талабот вуҷуд дорад, манфиатдоранд. Муомилоти электронии тиҷоратӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори кам ва, асосан, дар пойтхт амалӣ мешаванд. Бинобар ин, бонкҳо барои ташкили системае, ки хароҷоти муайянро талаб мекунад, шитоб надоранд, махсусан дар шароити кунунии буҳрон.
Талабот пайдо шавад, пешниҳод низ пайдо мешавад, - иброз медоранд онҳо. Гузашта аз ин, худи мағозаҳои интернетӣ низ дар татбиқи чунин система фаъол нестанд.
 
ИНТЕРНЕТ ҲАСТ, ВАЛЕ ЭЪТИМОД НЕСТ
Тибқи тадқиқоти муштараки агентиҳои ҷаҳонии We Are Social ва Hootsuite бо номи «2018 Global Digital», тақрибан 33 дарсади аҳолӣ, яъне ҳар як сокини сеюми ҷумҳурӣ ба интернет дастрасӣ дорад. Ин рақамҳоро омори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад, ки тибқи он тақрибан 3 миллион сокини кишвар корбарони интернет мебошанд. Дат ҳамин ҳол, аксари мардум эътироф  мекунанд, ки интернетро, асосан, барои ҷустуҷӯ истифода мебаранд ва ҳанӯз барои хариди онлайнӣ омода нестанд.
Коршиносон дар ин хусус иброз медоранд, ки кам будани пардохтҳои ғайринақдии молҳо мушкили асосии монеаи рушди тиҷорати онлайн дар Тоҷикистон мебошанд. Гарчанд дар самти ҷорисозии пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллӣ тадбирҳои муассир меандешад, он танҳо дар пойтахт сурат мегирад ва бо ҳаҷми кам. Ба андешаи сокинон, эҳтиёҷ ба хириди онлайнӣ нест. Онҳо бояд пеш аз харид молро бинанд. Дар асл, одамон барои сарфаи вақт ва пул аз хизматрасонии мағозаҳои электронӣ истифода мебаранд. Ин воқеияти зиндагии аксар мардуми ҷаҳон буда, барои шахсони коргару серкор мувофиқ аст. 
Хулоса, мардум дар Тоҷикистон ба бонкҳо ва ба интернет эътимод надоранд. Вале дар самти рақамикунонии тиҷорат дар мамлакат пешравиҳо дида мешаванд ва шояд бо гузашти вақти начандон тӯлонӣ ин навъи савдои муосир дар кишвари мо низ ба таври назаррас паҳн хоҳад шуд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2020    №: 244    Мутолиа карданд: 762
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед