фарҳанг
«ЗАБОНИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН»
Муаллифи ин китоби тозанашр Ҳасани Султон, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Россия, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, зимни таҳқиқу пажӯҳиш, баррасӣ ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади илмӣ таъкид медорад, ки авҷи шукуфоӣ ва боландагии забони мо марбут ба рӯзгори давлатдории Сомониён мебошад. Барои тақвияти хулосаи худ ин суханони Муҳаммад Авфии Бухороиро аз тазкираи маъруфи ӯ - «Лубоб - ул - албоб» иқтибос мекунад: «Чун навбати давлати Оли Сомон даромад, рояти сухан боло гирифт ва шуарои бузург пайдо омаданд ва бисоти фазоилро басит карданд ва олами назмро низоме доданд ва шоириро шиор сохтанд».
Забони мо маҳз дар ҳамин замон, даврони давлатдории ин сулолаи бузург, рушду нумӯ ёфт, қудрату тавоноии бесобиқа пайдо кард. Ҳамчунин, бо ин забон фарҳанги ғании оламгир офарида шуд, ки овозаву шукӯҳаш то ба имрӯз боқист ва он моро ифтихор мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ иброз медоранд:
«Маҳз давраи Сомониён буд, ки адабу фарҳанги ҷаҳоншумул ва забони ноби тоҷикии форсӣ чун дурри гаронбаҳо то имрӯз бар ҷабини таърих ва тамаддуни башарӣ медурахшад, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшонро тақдими ҷомеаи инсонӣ менамояд».
Муаллифи асар пас аз таҳқиқу пажӯҳишу баррасии забони тоҷикӣ (форсӣ) то замони давлатдории Сомониён авҷу боландагии онро бо далелҳои муътамад собит месозад. «Намунаҳои барҷастаи забони назму насри аҳди сомонӣ», «Устод Рӯдакӣ – падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён», «Ҳаким Фирдавсӣ ва шукӯҳи ҳамосасароии миллӣ», «Абуалии Сино ва Абурайҳони Берунӣ - устодони бузурги забони илм» номи қисматҳои дигари китоби мазкур мебошанд.
Тавре аз ин номгузорӣ бармеояд, мавзӯи таҳқиқ, пажӯҳиш, баррасӣ васеъ ва ҳамзамон фарогир мебошаду бисёр муҳим. Муҳаққиқ номҳои ҳар як амири Сомониро бо таърихи валодат, замони ҳукмронӣ ва хидматҳои онҳо дар рушду нумӯи забони тоҷикӣ зикр мекунад. Инчунин, ду байти шоиреро, ки номҳои онҳоро ёдовар мешавад, меорад, ки бисёр ҷолиб аст:
Нуҳ тан буданд з-Оли Сомон машҳур,
Ҳар яке ба аморати Хуросон маъмур.
Исмоилею Аҳмадею Насре,
Ду Нӯҳу ду Абдулмалику ду Мансур.
Ин китоб дар нашриёти «Дониш» бо се забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба табъ расидааст.
Дар баробари он ки асар барои истифодаи доираи васеи хонандагон пешниҳод гаштааст, бо камоли итминон метавон гуфт, ки барои мутахассисону муҳаққиқону донишандӯзони кишварҳои хориҷӣ низ туҳфаи арзишманд мебошад. Барҳақ, таълифу нашру мутолиаи ин гуна китобҳои муфиду муҳим барои боло бурдани сатҳи худшиносӣ, дӯстдории Ватан ва забони ноби тоҷикӣ мусоидат мекунад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2020 №: 245 Мутолиа карданд: 577