фарҳанг
“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”.
ОЗМУНЕ, КИ БА ТАНТАНАИ СУХАН ТАБДИЛ ЁФТ
Тайи чанд рӯзи охир Тоҷикистон ид дошт, иди шеъру сухан. Дар пайи иқдоми маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фурӯғи китоб анҷуманҳоро рӯшноӣ бахшиду сухан бар тахт нишаст.
Дар ин рӯзҳо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Мавлонову Саъдӣ, Ҳофизу Иқболи Лоҳурӣ, Ҳеменгуэйю Дюма, Гюгою Есенин, Шопенгауэру Балзак ва дигар нухбагони адабу фарҳанги олам меҳмони хонадони тоҷик буданд. Ба таъбири Мирзо Турсунзодаи ҳамешаёд “оламе дар хонаи тоҷик буд”. Ҳар рӯзи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” кашфи истеъдодҳои нав буд, ки ба ифтихорашон хона – хона, деҳа – деҳа, шаҳр – шаҳр каф мекӯфтанд.
ОЗМУНИ ВАҲДАТОФАР
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба тантанаи миллӣ табдил ёфт. Далели ин ҷамъбасти маросими озмун аст, ки дӯстдорони китоб саҳни Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро чанд соат қабл аз оғози чорабинӣ пур карданд. Чашмонашон аз ифтихор барқ мезад: ифтихори пирӯзии фарзанду ҳамсару ёру рафиқ ва ҳамватане. Китоб ҳамчун қосиди ягонагӣ сокинони Суғду Хатлону Бадахшон ва, дар маҷмӯъ, тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ҳам овард. Ҳама ин озмунро инқилоби мадании кишвар меномиданд, ки дар садри он Пешвои муаззами миллат меистанд. Иштирокдоронро ҳаяҷону изтироби гуворое фаро гирифта буд. Модаре, ки ба шодбошии ҷои дуюм гирифтани фарзандаш аз ноҳияи Айнӣ омадааст, дар толор нишаста, лаҳзаи ҷоизагирӣ ашки шодӣ мерехту дигаре бо ифтихор аз ҷой баланд мешуд.
- Ҳеҷ ҳиссе ширинтар аз ин нест, ки ҳангоми ҷоизасупорӣ аҳли толор ба эҳтиромат аз ҷой бархезанд. Дар баробари шоҳҷоиза эътимоди миллионҳо сокини кишвар бароям ҳадяи бемисл аст. Миннатдории самимии худ ва тамоми иштирокдоронро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки бо ташкили озмун ду сол аст дар тамоми Осиё овозаи инқилоби мадании тоҷику тоҷикистониро паҳн карданд. “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баҳори маънавии мост, ки ин баҳору ин тулӯъ, ин ҳама таҷаллию нусратро ба тамоми мардуми кишвар шодбош мегӯям, - иброз дошт барандаи Шоҳҷоиза Раъно Насриддинова.
- Вақте номи моро низ дар радифи дигар ғолибон ба забон меоварданд, ҳаяҷону шавқе маро фаро гирифт, ки ногуфтанист. Хеле кам имкон даст медиҳад, ки як шоири ҷавон тавонад дар назди устодони бузург ва миллионҳо нафар шеър хонаду сухан гӯяд. Ғолиби даври ниҳоии озмун будан ва дипломро бо соядасти Пешвои миллат гирифтан, бароям ҳам ифтихор асту ҳам масъулият. Ва барои поси меҳрубониҳои Пешвои миллат маро мебояд бо қалам баҳри саодати халқ хизмат намоям,- мегӯяд Мафтуна Назирова, ғолиби номинатсияи шоирӣ.
Ҳамин тариқ, ташкили озмунро аксарият падидаи нав дар ҷомеаи фарҳангӣ арзёбӣ намуданд. Иштироки доираи васеи шаҳрвандон дар ин чорабинии муҳим гувоҳи арҷгузорӣ ба ташаббуси Сарвари давлат аст. Насли ҷавон бори дигар дарк кард, ки маҳз китоб рӯшангари фардояшон мебошад.
АГАР ЧАШМИ ДИЛ РӮШАН АСТ...
Тавре Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси комиссияи озмун Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, иддае бо вуҷуди имконияти маҳдуд доштан, дар озмун ширкат карданд. Осори зиёди адибони ватанию ҷаҳониро аз худ намуданд, ки боиси ифтихор аст.
- Озмун дар сатҳи олӣ ва шаффоф гузашт, - мегӯяд Рӯзигул Боякова, ки бо вуҷуди нобино будан, чашми дилаш биносту рӯшании зиндагиашро дар осори бузургон дарёфтааст. – Ҳар як иштирокчӣ қобилияти баланди сухандонӣ ва шеърхонӣ дошт. Ман низ дар қатори ҳазорон нафар аз шаҳри Душанбе ширкат варзида, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷои дуюм гаштам. Зани хонашинаму соҳиби се фарзанд. Фориғ аз корҳои хона китоб мехонам. Мутолиаам аз рӯи алифбои брайлист.
Рӯзигул Боякова фарзандонашро низ дар ҳамин рӯҳия ба воя мерасонад ва китоб ҷузъи ҷудонопазири зиндагиашон шуда. Ин аст, ки духтараш дар номинатсияи адабиёти муосир низ сазовори ҷои дуюм гашт.
- Сухани мо доим перомуни адабиёт аст. Ман аз осори классикон мегӯяму духтарам аз адабиёти муосир. Ба тамоми бонувон тавсия медиҳам, ки ба адабиёт рӯй оранд. Дунёи пуртахайюли он, ки баргирифта аз воқеияти зиндагист, гиреҳкушои бисёр муаммоҳост, - иброз медорад ӯ.
ТЕЪДОД ҲАНӮЗ ҲАМ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ
Зимни натиҷагирии озмун Абдуҷаббор Раҳмонзода дар баробари муваффақиятҳо, ба камбудиҳо низ дахл намуд:
- Бо вуҷуди дастовардҳо, ҳанӯз бояд хеле заҳмат кашид. Агар дар муқоиса гирем, аз беш аз 1 миллиону 200 ҳазор хонанда, 150 ҳазор донишҷӯ, 2000 – 2500 аспиранту магистрант ҳамагӣ 310 нафар дар даври чорум иштирок кард, ки моро қаноатманд намекунад. Бояд пайи амалисозии ташаббуси Пешвои муаззами миллат, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, қавӣ гардидани ҳофиза, боло бурдани ҷаҳонбинӣ ҳамчун раҳнамо хизмат мекунад, фаъолона ширкат варзем. Боиси таассуф аст, ки аз донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷику руси аксари донишгоҳҳо, ҳамчунин факултетҳои забонҳои хориҷӣ, камфаъол буданд. Мо бовари комил дорем, ки ин масъала ҷиддӣ баррасӣ гашта, масъулон чораҳои зарурӣ меандешанд. Вале қатъи назар аз ин, бояд таъкид кард, ки иштирокдорон бо маҳорату дониши хеш собит сохтанд, ки пайравони Пешвои миллатанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2020 №: 245 Мутолиа карданд: 652