иқтисод
“ХУҶАНДАГРО”.
СОДИРОТ ОМИЛИ РУШД
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ироашудаи хеш таъкид месозанд, имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, акнун даврае фароҳам омадааст, ки дар самти истеҳсоли маҳсулот ҳарчи бештар рӯ ба содирот оварему ба ин васила иқтисодиёти мамлакатро такони ҷиддӣ бахшем.
Ҷиҳати татбиқи ин дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар вилояти Суғд, бавижа шаҳри Хуҷанд, ки аз минтақаҳои рушдёфтаи саноатии кишвар маҳсуб меёбад, дар ин самт тадобири муассиру мушаххасро роҳандозӣ доранд, ки самари хуб меоварад. Масалан, кормандони соҳа танҳо дар даҳ моҳи соли равон сарфи назар аз мушкилиҳои пешомада, минҷумла паҳншавии бемории коронавирус, ҳаҷми маҳсулоти содиротиро бо зиёда аз 15 номгӯ ба маблағи 248 миллиону 677,8 ҳазор сомонӣ расонданд, ки дар шароити кунунии иқтисодӣ натиҷаи мусбат арзёбӣ мешавад. Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти шаҳр сол ба сол ба бозори кишварҳои дури хориҷӣ бештар роҳ меёбад. Агар дар ин фосилаи вақти соли равон ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба маблағи 56 миллиону 957,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот содирот шуда бошад, пас содироти мол ба хориҷи дур зиёда аз 191 миллиону 720 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин радиф ба фаъолияти муътадили истеҳсолӣ ба кор даромадани ҶДММ “ХуҷандАгро” дар шаҳри Хуҷанд имкониятҳои содиротии маркази вилоятро боз ҳам афзун кард. "ХуҷандАгро" феълан 17-умин корхона дар шаҳр аст, ки содироти маҳсулотро ба хориҷи мамлакат ба роҳ мондааст. Муштариёни хориҷӣ, хусусан ба молу маҳсулоти тайёри пахтагин, аз қабили либосҳои мактабию варзишӣ, абрешим, рангҳои баландсифат, дару тирезаҳо ва, албатта, маҳсулоти сабзавоту меваҷот мароқи ҷиддӣ зоҳир мекунанд.
ҶДММ “ХуҷандАгро” ба таври расмӣ моҳи марти соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, бо иқтидори коркарди 30 тонна пиёз дар як шабонарӯз фаъолият дорад, ки дар он наздик ба 50 ҷавони шаҳр бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
-Хатҳои технологӣ, асосан, аз кишварҳои пешрафтаи Нидерландия, Олмон ва Россия ворид гашта, сифати баланди маҳсулотро кафолат медиҳанд,- мегӯяд Шуҳрат Сангинов, директори корхона,- мо тасмим гирифтаем ояндаи наздик, ҳамчунин, коркарди сабзӣ ва баъдан лаблабу ва сирпиёзро низ ба роҳ монем, ки дар бозорҳои қитъаи Аврупо, аз ҷумла Россия, муштариёни зиёд доранд. Ҳоло корхонаи мо бо яке аз ширкатҳои бузурги савдои “Аркон”-и Москав ҳамкории дуҷонибаи судманд дорад ва дар ин самт ният дорем бозорҳои дигар низ пайдо кунем. Шароити истеҳсолии маҳсулоти кишоварзии вилоят имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик иқтидори корхона боз ҳам афзоиш ёфта, дар баробари сабзавот ба коркарди мева низ, сару кор дошта бошем.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2020 №: 245 Мутолиа карданд: 613