туризм
САЙЁҲӢ ВА COVID – 19. СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ
Бо кам гардидани шумораи сироятёфтагони коронавирус дар фасли тобистон, аксари кишварҳо умед бар он доштанд, ки сайёҳӣ дубора барқарор мегардад. Вале умеди онҳоро мавҷи дуюми коронавирус барбод дод. Аз оғози фасли тирамоҳ ва сард гардидани ҳаво дубора беморӣ авҷ гирифт. Имрӯз бештари кишварҳои аврупоӣ дар каратин қарор доранду соҳа дигарбора дучори буҳрон шудааст. Пас, туризмро дар оянда чӣ интизор асту чӣ гуна рушд мекунад?
Ба андешаи коршиносон, бо қатъ гардидани туризми байналмилалӣ ва аз 910 миллиард то 1,2 триллион доллари ИМА коҳиш ёфтани даромад, соҳа метавонад 100 миллион ҷои корро аз даст диҳад. Илова бар ин, саноати сайёҳӣ аз бисёр ҷиҳат бо соҳаҳои дигар, аз ҷумла сохтмон, кишоварзӣ, маркетинг ва нақлиёт, алоқаманд аст ва табиист, ки буҳрони он ба рушди ин соҳаҳо низ таъсири манфӣ мерасонад.
«ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС ТАСАВВУРОТИ ОДАМОНРО БА САЙЁҲӢ ДИГАРГУН МЕКУНАД»
Чунин гуфта мешавад дар таҳқиқоти ширкати «Inmarsat Aviation». Бар пояи маълумоти ин ширкат, аз 9500 нафар пурсишшудагони 12 кишвари ҷаҳон 83 дарсадашон изҳор доштаанд, ки пас аз гузаштани пандемияи коронавирус чун пештара тариқи ҳавопаймоҳо сафар нахоҳанд кард. Дар ин робита, Филипп Валаам, президенти ширкати Inmarsat Aviation, иброз доштааст, ки дар ин давра ба даст овардани эътимоди мусофирон барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ зарур мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд ба рақамисозии фаъолияти худ диққати махсус диҳанд. Тибқи натиҷаҳои пурсиш, танҳо аз се як ҳиссаи (34%) мусофирон аз оғози пандемия парвоз кардаанд. Аз даҳ мусофир чор нафар (41%) сафар бо ҳар гуна нақлиётро кам карданианд. Вале пажӯҳишҳо муайян сохтанд, ки баланд бардоштани сифати хидматрасонии ҳавопаймоӣ яке аз роҳҳои баромадан аз буҳрон мебошад.
ИСТИРОҲАТ ДАР «ХОНА» МАЪМУЛ МЕГАРДАД
Мутахассисон ба ин боваранд, ки дар оянда қисми зиёди рухсатии мардум дар хона, яъне дар кишвари худ мегузарад.
-Эҳтимол мардум дар саросари ҷаҳон камтар сайр кунанд. Он чизе, ки пештар "таътил дар хона" меномиданд як амри маъмулӣ гардад, - мегӯяд Энди Рутерфорд, бунёдгузори ширкати сайёҳии бритониёии «Fresh Eyes».
Ба андешаи ӯ, дар пасманзари пандемияи коронавирус саёҳат бо киштӣ, туризми зимистона ва парвозҳо ба маконҳои дурдаст метавонанд ҷаззобияти худро аз даст диҳанд.
Коршиноси дигар Улф Сонтаг бар ин ақида аст, ки пандемияи коронавирус сайёҳии дохилиро рушд медиҳад ва сайёҳон аз ин ба баъд бештар дар кишварҳои худ саёҳат мекунанд.
САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ БЕШТАР РУШД МЕЁБАД
Талабот ба сайёҳии экологӣ пас аз пандемияи коронавирус бештар мегардад. Роҳбари Агентии федералӣ оид ба туризм (Ростуризм) Заррина Догузова иброз медорад, ки пандемияи коронавирус ба рушди туризми экологӣ таъсири манфӣ намерасонад, баръакс ба он такон мебахшад.
Ба гуфтаи Елена Белоусова, маркетологи саёҳат, бинобар мушкилоти иқтисодӣ, талабот ба хатсайрҳои арзон бештар хоҳад шуд. Мардум ҳангоми сафар сарфа намуда, самтҳои нисбатан дастрасро интихоб мекунанд. Ҳамзамон, аз сабаби хавфи сироятёбӣ маъруфияти хатсайрҳои экологӣ, сайругаштӣ, ҷангал ва дигар намудҳои монанд, меафзояд. Талабот ба риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ зиёд мегардад.
РОССИЯ АЗ ВАЗЪИ ТАШВИШОВАР ТО ЧОРААНДЕШИИ ҲУКУМАТ
Ҳоло барои нишон додани зиёни пандемияи коронавирус ба сайёҳии Россия, ки яке аз кишварҳои пешрафтаи дар соҳа дониста мешавад, назар меафканем. Дар муқоиса ба соли гузашта ширкатҳои сайёҳии Россия ин мавсим (моҳи июл ва нимаи аввали моҳи август) қариб нисфи даромади худро аз даст доданд. На танҳо даромади ширкатҳо коҳиш ёфт, балки нархи будубош дар меҳмонхонаҳо ба таври назаррас паст рафт. Сарфи назар аз вазъи душвори туризм дар кишвар, мутахассисон баъзе омилҳоро барои эҳёи соҳа муҳим медонанд.
Аз ҷумла, аз аввали соли 2021 дар Россия раводиди ягонаи электронӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ мешавад, ки ба ин рӯйхат дар навбати аввал 52 кишвар шомил аст. Ин тасмим ба сайёҳии воридотӣ таъсири мусбат мерасонад ва пас аз лағви маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус сайёҳони бештари хориҷиро ба кишвар ҷалб мекунад. Ғайр аз ин, Ростуризм лоиҳаи Стратегияи миллии "Саноати туризм ва меҳмоннавозӣ"-ро барои давраи то соли 2030 таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумат фиристод. Тавре аз муқаддимаи стратегия бармеояд, он се лоиҳаи федеролиро дар бар мегирад: "Эҷоди маҳсулоти туристии баландсифат ва гуногун дар саросари кишвар", "Баланд бардоштани дастрасии маҳсулоти туристӣ" ва "Такмили идоракунӣ дар соҳаи туризм".
Дар ниҳоят, Ростуризм барои рушди сайёҳии дохилӣ озмун эълон кард. Иштирокчиёни он барои татбиқи лоиҳаи худ дар соҳаи туризм грант мегиранд. Маблағи ниҳоии грант 3 миллион рублро ташкил медиҳад. Ин иқдом соҳибкорони ҷадидро ба бозори сайёҳӣ оварда, боиси таъсиси ҷойҳои нави кор хоҳад шуд.
БА ҶОИ ХУЛОСА
Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари сайёҳӣ аз зарари пандемияи коронавирус эмин нест. Аз ин лиҳоз, омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо барои сари вақт аз буҳрон баровардани соҳа муҳим мебошад. Чӣ тавре дар боло зикр кардем, баъд аз пандемияи коронавирус хатсайрҳои экологӣ маъруфияти бештар пайдо карда, пеш аз ҳама, сайёҳии дохилӣ рушд мекунад. Дар ин замина, ташкили хатсайрҳои нави экологӣ дар мамлакат ба манфиати кор аст. Зеро Тоҷикистон барои рушди туризми экологӣ шароитҳои созгор дорад, ки ширкатҳои сайёҳиро мебояд хурдтарин имкониятро истифода баранд. Ҳамчунин, аз ҷониби масъулони Кумитаи рушди сайёҳӣ бояд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2020 №: 245 Мутолиа карданд: 6284