logo

иқтисод

ЗОТПАРВАРӢ ВА МУШКИЛОТИ ОН

 
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкорӣ бо нашрия изҳори миннатдорӣ менамояд. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳад, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 11.02.2020, № 31 (23886) мақолаи «Зотпарварӣ ва мушкилоти он» нашр шудааст. Муаллиф вазъи зотпарварӣ, камбудиҳо ва мушкилоти соҳаро возеҳ инъикос намудааст.
Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 71 хоҷагии зотпарварӣ вуҷуд дорад. Вале танҳо 3 хоҷагии давлатии зотпарварӣ дар тобеияти Вазорати кишоварзӣ қарор дошта, хоҷагиҳои боқимонда ғайридавлатӣ ва дар тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибмулкони хоҷагиҳо қарор доранд.
Дар ҳақиқат, Вазорати кишоварзӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд, вале назорати корҳои зотпарварӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои зотпарварӣ сарфи назар аз шакли хоҷагидорӣ ба салоҳияти собиқ хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ мансуб буд, ки айни замон ин ваколатҳо ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидаанд.
Дар мақола муаллиф оид ба фаъолияти ҶСП «Парандапарварии Шаҳринав» ибрози назар намудааст. Қобили зикр аст, ки аз моҳи феврали соли 2018 соҳаи парандапарварӣ аз пардохти ҳама намуди андозҳо озод гардид, ки ин барои беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои парандапарварӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Бояд зикр кард, ки ҳоло мурғхонаҳои ҶСП «Парандапарварии Шаҳринав» ба 17 нафар соҳибкори ватанӣ ба иҷора дода шуда, дар онҳо парвариши мурғони самти гӯштӣ ва тухмӣ ба роҳ монда шудааст. Аз рӯи маълумотҳо дар ин корхонаҳо 339772 сар паранда парвариш шуда, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 25618,5 ҳазор дона тухм ва 1495 тонна гӯшт истеҳсол гардидааст.
Дар самти хушзоткунии чорвои парваришёбанда дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва бахши аҳолӣ тайи солҳои охир аз тарафи мутахассисони вазорат ва олимони соҳа корҳои назаррасе амалӣ мегарданд. Алҳол барои беҳтар намудани зоти чорво дар миқёси ҷумҳурӣ 297 нуқтаи бордоркунии сунъӣ мавҷуд буда, ҳамасола тавассути онҳо зиёда аз 40 ҳазор сар чорвои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва бахши аҳолӣ бо роҳи сунъӣ бордор карда мешаванд.
Дар баробари ин, ҷиҳати беҳтар намудани зоти чорво ва афзун кардани маҳсулнокии он бо роҳи табиӣ тавассути Вазорати кишоварзӣ аз тарафи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар якчанд  ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон корҳои зиёде амалӣ шудаанд. Дар давоми 5 соли охир марҳила ба марҳила ба ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳаи мазкур 77 сар буққаи хушзот дастрас гардида, дар ин давра бо истифодаи онҳо 4720 сар модагови аҳолӣ бо роҳи табиӣ бордор, 3760 сар гӯсолаи хушзот гирифта шудааст.
Ҳамзамон, дар филиалҳои Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ ва хушзоткунии чорвои вазорат ва маркази биотехнологияи Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ ҳамасола 65-70 ҳазор воя ҳосили буққаҳои зотӣ истеҳсол мешавад, ки барои истифодабарӣ ба нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дастрас шуда истодааст.
Дар самти рушди соҳаи бузпарварӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳ тайи солҳои охир аз тарафи вазорат тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ 100 сар бузи зоти тоҷикии серпашм дастрас шуд. Тибқи таҳлилҳо тайи ду соли охир онҳо бо иқлими ин минтақа мутобиқ гардида, ҳоло  146 сарро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, соли 2019 барои беҳтар намудани зоти бузҳои маҳаллӣ ва рушди соҳаи бузпарварӣ дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба истиқоматкунандаи ҳамин водӣ Ҳ. Чоршанбиева 20 сар бузи зоти тоҷикии серпашм ба таври ройгон дода шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мутахассисони соҳаи бордоркунии сунъӣ аз тарафи вазорат, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам курсҳои бозомӯзӣ гузаронда мешаванд.
Дар мақола омадааст, ки барои офаридани зотҳо ва типҳои чорвои кишоварзӣ мутахассисон ва олимон 10 сол заҳмат мекашанд. Дар асл барои офаридани зот ва ҷинсҳои нави чорвои зотӣ солҳои тӯлонӣ олимон ва мутахассисон фаъолият менамоянд. Дар ин самт аз тарафи олимони соҳаи чорводорӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳа солҳои охир корҳои зиёде ба анҷом расонда шуда, зоти аспи тоҷикӣ, ҷинси тоҷикии говҳои сиёҳало ва зоти бузҳои тоҷикии серпашмро офариданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳақиқат бо назардошти вазъи душвори молиявӣ, набудани имтиёзҳо ва дуруст ба роҳ монда нашудани корҳои хоҷагидорӣ фаъолияти як қатор хоҷагиҳои зотпарварӣ ба талабот ҷавобгӯ нест.
Вазорат бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор баҳри рушди соҳаи зотпарварӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
М. МИРЗОЗОДА,
муовини вазир


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2020    №: 246    Мутолиа карданд: 702
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед