иқтисод
ПАХТА.
ДАХЛ НУЗДАҲУ ХАРҶ БИСТ?
Имсол заркорони ҷумҳурӣ дар масоҳати 185 ҳазору 298 гектар пунбадона кишта, то инҷониб ба хирмани «тиллои сафед» наздики 417 ҳазор тонна пахта супурданд, ки 99 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна ба беш аз 22 сентнер расид, ҳол он ки ду сол қабл беш аз 16 сентнер буд. Яқин, ин қадаме ба пеш аст. Аммо чуноне коршиносон мегӯянд, танҳо дар ҳолати аз ҳар гектар 30 сентнер гирифтани ҳосил, деҳқон метавонад фоида бардорад.
ДАР ҚИЁС ЗИЁД БОШАД ҲАМ...
Имсол ҷамъоварии ҳосил дар ҷумҳурӣ хуб ба роҳ монда шуда, пахтакорон тавонистанд бо вуҷуди сард омадани ҳаво ба иҷрои нақша наздик шаванд. Заркорони хатлонию шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаро барзиёд иҷро карданд ва муждаи зафари пахтакорони Суғд ҳам қариб аст.
Бояд гуфт, ки заркорони хатлонӣ дар мамлакат ҳам бо зиёд кардани майдони кишт ва ҳам нисбат ба заҳматкашони дигар минтақаҳои кишвар бо гирифтани ҳосили баланд пешсафанд. Ҳосилнокии пахтазори вилояти Хатлон ба ҳисоби миёна 22,7 сентнерро ташкил медиҳад. Ин рақам дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутаносибан ба 22 ва 21,2 сентнер мебошад.
Ба таъкиди коршиносон, имсол барои деҳқонон вазнин омад. Боришоти моҳи апрел кишоварзонро ба кишти дубора маҷбур намуд, ки ин ба ҳосилнокӣ бетаъсир намонд.
“ШАРОРА” Ё “КАРМЕН” ?
Тухмии хушсифат асоси фаровон-ҳосилист. Дар баробари ин, қоидаҳои агротехникии парвариши пахта низ риоя гарданд, нуран алонур мешавад. Аммо ин ду самт дар кишвар ба ду по мелангад.
- Айни замон дар ҷумҳурӣ 35 хоҷагии тухмипарвар мебошад ва ҳар кадоми онҳо ду-се навъи тухмӣ парваранд ҳам, на ҳамаашон ба иқлими маҳал мутобиқанд. Аз ин лиҳоз, деҳқонон ба тухмии хориҷӣ, аз ҷумла “Флора”, “Флеш” ва “Кармен”, рӯй меоваранд, - мегӯяд мудири шуъбаи селексия ва технологияи пахтаи миёнанахи Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ Тӯра Яҳёев.
Мавсуф зидди истифодаи навъҳои хориҷӣ нест, лекин намехоҳад, ки онҳо ҷои тухмии ватаниро гиранду маблағи зиёд аз кишвар берун равад. “Моро зарур аст, ки ба пахтаи тезрасу серҳосили худ, ки нахаш ҳам хуб аст, афзалият диҳем”, - таъкид намуд ӯ.
Деҳқонон низ ба ин ҷонибдоранд, лекин куҷоянд ҳамон навъҳои серҳосил, ки селексионерони тоҷик бояд кайҳо меофариданд? Чаро 35 хоҷагӣ наметавонад ниёзи соҳаро бо тухмии хушсифат қонеъ созад?
Ҳоло муждаи умедворкунанда мавриди озмоиш будани навъи “Данғара – 30” мебошад, ки аз ҷониби пажӯҳишгарони пойгоҳи тухмипарварии ноҳияи Данғара коркард шудааст. Ба гуфтаи олимон, ин намуд тезрас буда, аз 35 то 40 сентнер ҳосил медиҳад. Навъи «Қубодиён – 30» ҳам дар санҷиши давлатӣ қарор дошта, ҳосилнокиаш аз 40 сентнер болост. Интизор меравад, ки баъд аз ноҳиябандӣ шудан, истифодаи васеи онҳо мушкили тухмипарвариро то андозае ҳал намуда, ба рушди соҳа такон бахшад.
Вале Зулфиқор Мусулмонқулов, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиёнро, дар баробари минтақабоб набудани тухмӣ, дар як замин пайиҳам (ҳар сол) кишт кардани пунбадона ба ташвиш овардааст. Ба андешаи ӯ, бояд ба киштгардони пахтазор эътибори ҷиддӣ дод, зеро он низ яке аз шартҳои фаровонҳосилист.
АССОТСИАТСИЯҲО АЗ ХОҶАГИҲОИ “КАРЛИК” ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАНД?
Дар ноҳияи Қубодиён чун сухан аз хоҷагиҳои пешқадам равад, аввал кооперативи тиҷоратии “Авесто”-ро ном мебаранд. Хоҷагӣ дар майдони беш аз 900 гектар пунбадона мекораду ҳамасола аз ҳар гектар то 40 сентнер “тиллои сафед” ҷамъ меорад. Сарвари он Хурсандшоҳ Раҳматов сирри комёбиашро дар шудгори хушсифат мебинад.
- Албатта, мо навъи хуби тухмиро интихоб мекунему ба замин ғизои зарурӣ медиҳем. Ба ҷуз ин, бо тавсияи мутахассисон онро ҳатман то 40 сантиметр шудгор мекунем. Яъне, назар ба дигарон камаш 10 сантиметр чуқуртар. Шояд ин дар назари аввал он қадар муҳим натобад, лекин ҳосили баланде, ки мегирем, муфидии ин амалро собит кардааст, - мегӯяд ӯ.
Аммо, чуноне коршиносон таъкид медоранд, дар аксари хоҷагиҳои пахтакор бо сабаби танқисии молиявӣ, кишоварзон ба тракторҳои тасмачарх дастрасӣ надоранд ва бо техникаи пешина ноилоҷ заминро ҳамагӣ то чуқурии 25 – 30 сантиметр шудгор мекунанд, ки боиси пайдо шудани қабати сахти он мегардад. Дар чунин ҳол, яқинан, садҳо хоҷагии деҳқонӣ, ки аксарашон соҳиби 3 – 5 гектар заминанд, тавоноии харидани чунин техникаро надоранд. Пас, илоҷ чист?
Дар як суҳбати хос роҷеъ ба ин масъала коршиноси соҳа Содиқ Исмоилзода чунин изҳор дошт:
- Марҳилаи нави рушди соҳаи кишоварзӣ талаб менамояд, ки аз хоҷагиҳои деҳқонии 3 – 4 - гектараи пахтакор ба ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ гузарем, ки дар ихтиёр на камтар аз 500 – 600 гектар замини пахта доранд. Фоиданокии онҳо аз хоҷагиҳои “карлик” – и имрӯза даҳҳо маротиба бештар аст. Дар онҳо даҳҳою садҳо хоҷагии деҳқонии пароканда ба ҳам меоянд. Ин муттаҳидӣ ба хариди техникаи киштукор, ҳосилғундор, нуриҳои минералӣ ва ғайра, ки хоҷагиҳои имрӯза ҳатто орзу карда наметавонанд, шароит фароҳам меорад. Дар фурӯши пахта ҳам иттиҳодияҳоро мушкиле пеш нахоҳад омад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2020 №: 246 Мутолиа карданд: 745