сиёсат
ЯЗГУЛОМ.
МАРДУМРО РӮҲИЯИ МИЛЛӢ БА СОЗАНДАГӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД
(Мусоҳибаи Мирзозода Сафархуҷа, рӯзноманигор, бо Файзиддин Ҳусейнзода, омӯзгори МТМУ № 21-и Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ)
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, қатъи назар аз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб, Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи навини рушду тараққӣ расид. Муҳимтар аз ҳама, маҳз дар ин давра имкониятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ афзун гардида, шароити зисту зиндагии мардум хуб гардид. Дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сахт осеб дида буданд, ноҳияҳои ВМКБ низ рӯ ба рушд ниҳод ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ инкишоф ёфтанд. Дар ин давра авзои сиёсию амниятӣ ва иҷтимоию маданӣ дар ВМКБ, аз ҷумла ноҳияи Ванҷ, ба эътидол омада, зиндагии мардум беҳтар шуд.
Баъзе доираҳои таҳлилию матбуотӣ ва расонаии мустақили хориҷӣ ҳамеша Язгуломро ба сифати минтақаи ҳассос муаррифӣ мекунанд ва дар ин самт ҳангомасозӣ менамоянд. Ҳоло фурсате даст дод, то бо як нафар аз зиёиёни минтақа дар симои Файзиддин Ҳусейнзода суҳбате ороем ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро дар музофоти кишвар - Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайгирӣ кунем. Ва мутмаинем, ки ин суҳбат нофаҳмиҳо дар заминаи ҳангомасозиҳои матбуотию расонаиро дар мавриди Язгулом аз байн мебарад.
- Ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ВМКБ чӣ гуна баҳо медиҳед? Дар ин давра дар минтақа чӣ дастовардҳо ва пешравию тараққиёт ба мушоҳида мерасад?
- Соли 1993. Дар давраи сахттарине, ки кафолати зиндагии ягон нафарро дар Бадахшон ягон кас дода наметавонист, Ҷаноби Олӣ ба Бадахшон сафар карданд. Ба андешаи ман, аввалин дастоварде, ки дар даврони истиқлолият дар ВМКБ ба вуқӯъ пайваст, дар пайи ҳамин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Шумо тасаввур кунед, ки мардуми Бадахшон дар он рӯзҳои сахт бо яъсу ноумедӣ дасту панҷа нарм менамуд, навмедӣ ва бетаваҷҷуҳӣ саросарӣ шуда буд. Баъди ташрифи Сарвари давлат ба минтақа мардум дарк ва бовар ҳосил кард, ки халқ ва давлат роҳбар дорад ва замони ба ҳам омадан ва дар зери роҳбарии як нафар муттаҳид шудани мардум фаро расидааст. Воқеан, ин нахустин дастоварди мардуми Бадахшон буд. Дастоварди дигари муҳиме, ки мардуми Бадахшон ба даст овард, ин кушодашавии роҳҳо ва пайвастшавии мардуми Бадахшон ба пойтахти ҷумҳурӣ аст. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми Бадахшон имконият пайдо накарданд, ки озод аз маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ба пойтахт ворид шаванд. Дар муддати шаш моҳ дар муҳосира мемонданд ва, ҳатто рӯзҳое буданд, ки касонеро, ки хешовандонашон дар Душанбе вафот мекарданд, дар фасли зимистон ба Бадахшон бурдан хеле вазнин буд. Ман ин ҳолатҳоро ба чашми худ дидаам. Хушбахтона, соли 1999 қитъаи мушкилтарини кӯҳистон Кӯлоб - Дарвоз кушода шуд, ки ин бахту саодати мардуми Бадахшон ҳисобида мешавад. Дастоварди дигаре, ки дар ВМКБ дар даврони Истиқлоли давлатӣ иттифоқ афтод, пахши мунтазами барномаҳои телевизионӣ мебошад. Мардуми вилоят махсусан Ҷамоати деҳоти Язгулом аз тамошои барномаҳои телевизионӣ маҳрум буданд. Ҷаноби Олӣ моҳи январи соли 1999 ба яке аз минтақаҳои хурди Ҷамоати деҳоти Язгулом ташриф оварданд ва ин ташрифот боиси ифтитоҳи неругоҳи барқи обӣ гардида, мардуми минтақа бо рӯшноӣ ва барқи худӣ таъмин шуд.
Ҳар замоне ки дар бораи дастовардҳо сухан мегӯем, як фармудаи Ҷаноби Олӣ ба ёд меояд: “Мо ба ин рӯзҳои орому осуда расидем, шукрона бояд кунем ва сулҳу субот ва ваҳдатеро, ки азизтарин дастовард маҳсуб меёбад, чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ дорем”. Бубинед, дар шаҳри Хоруғ сол ба сол биноҳои баландошёна қомат афрохта, ҳусни шаҳрро зеботар менамоянд. Ҳамчунин, дар марҳилаи Истиқлоли давлатӣ иншооти наве сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки ҳамагӣ баёнгари мустақилияти арзию ҳудудӣ ва иқтисодию сиёсӣ мебошанд. Афзун бар ин, 13 ноябри соли равон дар яке аз минтақаҳои дурдасти ВМКБ - Ҷамоати деҳоти Рошорв неругоҳи барқи обӣ сохта ба истифода дода шуд ва дар хидмати мардум қарор гирифт. Ин мардум аз даврони шӯравӣ то имрӯз соҳиби барқ набуданд. Ин бахту саодати мардуми Бадахшон аст. Дар шаҳри Хоруғ Театри ба номи Меҳрубон Назаров бо тарҳу намои зебое қомат афрохт, ки ниёзҳои маънавӣ ва мадании мардуми минтақаро бароварда месозад. Имрӯз мардум тамоми чорабиниҳои худро озодона ба таври замонавӣ дар қасри боҳашамати Театри ба номи Меҳрубон Назаров мегузаронанд. Вақте ки Ҷаноби Олӣ соли 1993 ба Бадахшон сафар карданд, пас аз бозгашт барномаи махсуси рушду нумӯи ВМКБ-ро ба роҳ монданд ва ҳамон ҷо таъкид карданд, ки мо Бадахшонро ба дарвозаи тиллоӣ табдил медиҳем. Ин сухан ҳанӯз соли 1993 аз тарафи Сарвари давлат садо дода буд. Имрӯз мо мебинем, ки воқеан, гуфтаю пешниҳодоти Пешвои миллат дар заминаи рушду тараққии минтақа марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд. Вақте ки ба дарвозаи ВМКБ - ноҳияи Дарвоз дохил мешавӣ, воқеан, бо иншооту биноҳои пурҳашаммате рӯ ба рӯ мешавӣ, ки барои мардуми кӯҳистон дар мисоли афсона буданд. Имрӯз мо шукрона мекунем, ки ба ҳамин ҳаёти шоиста омада расидем. Ҳар як фарди тоҷик, ҳар як фарди бадахшонӣ бояд ин дастовардҳои бузурги миллатро, ки бо ташаббус ва саъю талоши Ҷаноби Олӣ ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм нигоҳ ва ҳифз намояд.
- Соли 2021 мардуми шарафманди Тоҷикистон 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд ва вобаста ба ин дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ободониву созандагӣ дар ҳама гӯшаву канори мамлакат идома доранд. Раванди ободониҳо дар Ҷамоати деҳоти Язгулом чӣ гуна ба роҳ монда шудааст ва чӣ тадбирҳо дар ин самт амалӣ гардида истодаанд?
- Воқеан, Ҷамоати деҳоти Язгулом, ки яке аз ҷамоатҳои дурдасти ВМКБ аст, дар даврони истиқлолият ба дастовардҳои назаррасе ноил гардид, ки мардуми мо интизор надоштанд. Ҳоло ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маркази ҷамоат бинои замонавии мақомоти маҳаллӣ сохта шудааст. Вақте вориди ҳамин бино мешавед, худро дар дигар олам эҳсос мекунед. Тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҳайёст. Дар деҳоти Язгулом биноҳои дуошёна, се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо таҷҳизоти замонавӣ сохта шудаанд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд. Ҳамчунин, пулу, роҳҳо, аз ҷумла се пул байни деҳаҳои Вишҳар - Андарбак ва Андарбак - Жамак сохта шуда истодаанд, ки симои деҳотро тамоман дигар мекунанд. Аз ҳисоби сохтмон даҳҳо нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Маҳз дар ҳамин давра, дар Язгулом беморхонаҳои замонавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо бунёд гардида, сатҳи зиндагии мардум ҳам боло рафт. Мардум шукрона мекунанд, ки Сарвари ғамхоре дар шахси Эмомалӣ Раҳмон доранд ва давлати ободу рӯ ба таррақие мисли Тоҷикистони азиз.
- Ду сол қабл, дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаи таъмини амният ва тартиботи минтақа дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд. Хушбахтона, имрӯз амният ва тартибот дар шаҳри Хоруғ мусбат арзёбӣ мегардад ва то ҷое ҳалли худро ёфтааст. Имрӯз вазъият дар Ҷамоати деҳоти Язгулом чӣ гуна аст ва чӣ тағйироте дар ин замина сурат гирифтааст?
- Дар Ҷамоати деҳоти Язгулом тартиботи ҷамъиятӣ пурра нигоҳ дошта мешавад. Мардум шукрона мекунанд, ки Ҷаноби Олӣ ба ин ҷамоати дурдаст ду маротиба ташриф оварданд. Тамоми мушкилоти мардум дар доираи ин сафарҳо бартараф шуданд. Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Язгулом ягон бетартибӣ мушоҳида намешавад. Мардум бо шукргузорӣ аз истиқлолият дар фазои орому осуда зиндагӣ мекунанд.
- Имрӯз новобаста аз вазъи пандемияи COVID-19 раванди ободкориву созандагӣ дар асоси дастгирӣ аз сиёсати ободкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумат идома дорад ва баҳри беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Вобаста ба ин, сатҳу сифати зиндагии мардум дар ин минтақаи зебоманзари кишвар ҳам, албатта, ки боло рафтааст. Ҳамин тавр не?
- Воқеан, ҳамин тавр аст. Тамоми суханрониҳое, ки Ҷаноби Олӣ анҷом медиҳанд, ба як нукта тамаркуз пайдо мекунанд ва ин фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардуми Тоҷикистони азиз аст. Мардуми Язгулом, дар як гӯшаи дурдасти Тоҷикистон имрӯз дар сатҳи хеле хуб зиндагӣ мекунанд ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зист мақомоти дахлдори минтақа низ аз тамоми имконот истифода мебаранд. Мардум вобаста ба шароите, ки дар кӯҳистон аст, аҳлона меҳнат мекунанд. Нисбат ба заминҳое, ки барои онҳо ҷудо шудаанд, муносибати хуб зоҳир намуда, аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз ҳисоби даромади боғҳо зиндагии худро пеш бурда истодаанд ва дар ин самт ягон танқисӣ надоранд.
- Яке аз масъалаҳои доғи имрӯз, ки бештари кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин масъалаи ифротгароӣ мебошад. Имрӯз ҷиҳати ислоҳи вазъ ва пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон дар Ҷамоати деҳоти Язгулом чӣ чораҳо андешида мешаванд ва дар ин самт чӣ натиҷаҳо ба даст омадаанд?
- Гурӯҳҳои тундрави гуногун бо ҳар роҳу воситаҳо мехоҳанд ҷавононро, ки қишри асосии ҷомеа мебошанд, ба доми худ гирифтор намоянд. Маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 дарсади аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирии онҳоро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додааст. Аз ин рӯ, набояд ҷавонон ба иштибоҳ роҳ диҳанд. Ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастам, ки мо ворисони шахсиятҳои бузурги ҷаҳонӣ, ба монанди Фирдавсӣ, Саъдӣ, Рӯдакӣ, Ҷомӣ ва дигарон ҳастем, бинобар ҳамин, бояд ба иштибоҳ роҳ надиҳем ва иштибоҳоти солҳои навадуми асри гузаштаро такрор нанамоем. Давлат ва Ҳукумат барои ҷавонон тамоми шароитро фароҳам овардааст. Агар мо солҳои 80-уми асри гузаштаро бо имрӯз қиёс кунем, як дигаргунии куллиро ба мушоҳида мегирем. Боғҳову иншооти замонавӣ барои ҷавонон фароҳам оварда шудаанд. Ҷавонон бояд муносибати худро бо ҳаёти имрӯза дигар кунанд. Иқдомоту ташаббусоти Ҳукуматро қадр карда тавонанд ва дар иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва масъулияти миллӣ саҳлангорӣ накунанд. Мақоли халқӣ аст, ки “Нодон рӯшноиро мебинаду мункири офтоб мешавад”. Душманони миллат пешравиҳои Тоҷикистонро мебинанд, лекин нотавонбинона рафтор мекунанд, ки ҷавонон бояд фирефтаи онҳо ва дигар қувваҳои ифротгаро нашаванд.
- Яке аз омилҳои асосӣ дар ин самт боло бурдани маърифату ҷаҳонбинии ҷавонон мебошад. Аз нигоҳи шумо имрӯз вазъи муассисаҳои таълимӣ дар Язгулом чӣ гуна аст? Дар ин самт чӣ мушкилот вуҷуд дорад ва оё нафароне ҳастанд, ки ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд?
- Пешвои миллат дар Паёми соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ оид масъалаи маориф қайд карданд, ки агар омӯзгор маърифати баланди касбӣ надошта бошад, ҳеҷ гоҳ сифати таълиму тарбия беҳтар намешавад. Яъне пешрафти маърифати ҷомеа дар дасти омӯзгор аст. Барои таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақа бо омӯзгорону мутахассисони касбӣ ва боло бурдани сатҳи саводу маърифати насли наврасу ҷавон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Язгулом 40 квота ҷудо намуд. Дар ин замина, тариқи квотаи президентӣ, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино духтарон дохил шуданд ва ин ибтикорот мардумро ба он водор мекунад, ки нисбат ба ғамхориҳои Ҷаноби Олӣ бетараф набошанд. Дар даврони истиқлолият тамоми мактабҳои Ҷамоати деҳоти Язгулом бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд ва бунёду навсозиҳо идома доранд. Падару модар ва ҷомеа бояд муносибати худро бо маориф дигар кунанд. Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, созандагӣ ва ободкорӣ тарбия кунем, ба қадри ин неъматҳо расем.
- Имрӯз мардуми шарафманди ВМКБ ва Ҷамоати Язгулом бо фарҳанги баланди худ машҳур ҳастанд. Ба андешаи шумо, вазъи соҳаи фарҳанг дар Язгулом чӣ гуна аст? Баҳри ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ чӣ чораҳо андешида мешавад?
- Вазъи фарҳанг дар Язгулом дар сатҳи олӣ қарор дорад. Зеро мардуми Язгулом аз қадим мардуми фарҳангӣ буданд. Мардуме, ки аз қадим расму оини хос доштанд ва тавассути ин маросим дар тамоми ҷаҳон маълуму машҳур гардиданд. Ин мардум дар ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла либосдӯзӣ, тоқидӯзӣ аз қадим пешгом буданд ва, хушбахтона, имрӯз намунаҳои баланди ҳунарҳои дастӣ ҳифз шудаанд. Соли гузашта бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ансамбли “Насими Язгулом” ба пойтахт даъват шуд ва барои мардуми Тоҷикистон фарҳанги волои Ҷамоати деҳоти Язгуломро дар сатҳи баланди эҷодӣ ва ҳунарӣ муаррифӣ кард. Албатта, ин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фарҳанги минтақа аст. Беҳуда нест, ки Ҷаноби Олӣ фарҳангро “ҳастии миллат” номидаанд.
- Имрӯз ҷаҳон дар як вазъияти ногувор қарор дорад ва мавҷи нави бемории сироятии COVID-19 ҳамоно таҳдид мекунад. Дар мамлакати мо аз ибтидо ҷиҳати пешгирӣ ва ҳифзи сиҳатии аҳолӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Вазъ дар Язгулом чӣ гуна аст? Умуман, мардум ба ёрии саривақтии тиббӣ ва маводи доруворӣ дастрасӣ доранд ё на?
- Хушбахтона, дар давраи паҳншавии COVID-19 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо раиси ҷамоат ва дигар ташкилотҳои мутасаддӣ ба назди мардум омода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд. Дар баробари ин, шахсиятҳое пайдо шуданд, ки барои мардуми кӯҳистон кумаки худро дареғ надоштанд. Соҳибкорони маҳаллӣ дар ин марҳилаи ҳассос аҳолии Ҷамоати деҳоти Язгуломро бо ниқобу доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ, ки барои пешгирии беморӣ лозиманд, таъмин намуданд. Ҳамеша давлат аз мардум нигаҳбонӣ кард ва хушбахтона, касе аз вабои аср дар Ҷамоати деҳоти Язгулом зарари ҷиддӣ надид.
- Дастрасии мардум ба маводи доруворӣ дар минтақа дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Имрӯз сокинон бо маводи доруворӣ таъмин ҳастанд. Дар бунгоҳҳои тиббӣ ва дар беморхонаи минтақавӣ вазъи омодагӣ хуб аст ва сармутахассисоне, ки ба кори тиббӣ ҷалб шудаанд, бо маводи зарурии соҳавӣ таъмин буда, пайваста дар хидмати мардум қарор доранд.
- Язгулом яке аз минтақаҳои зебоманзари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва таваҷҷуҳи сайёҳон низ ба ин минтақа бештар аст. Солҳои 2019-2021 бо ташаббуси Сарвари давлат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Дар ин самт ва барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва такмили инфрасохтори соҳа чӣ тадбирҳо амалӣ карда мешаванд?
- Дар Ҷамоати деҳоти Язгулом дар заминаи татбиқи сиёсати сайёҳӣ як қатор корҳо ба анҷом расиданд. Мардум дар бобати ба сайёҳони дохилию хориҷӣ пешниҳод намудани либосҳои қадимии анъанавӣ, ҷуробҳои қадимӣ, тоқӣ ва дигар асбоби рӯзгор, ки дар замони гузашта доштанд, тасмимоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифтаанд ва ҳангоми диду боздидҳои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҳатман дастовардҳои мардумӣ ва ҳунари дастии аҳолии минтақа пешкаши меҳмонону сайёҳон мегардад.
- Оид ба фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои давлатӣ дар Язгулом мегуфтед? То кадом андоза онҳо дар ҳалли мушкилоти мардум ва иҷрои вазифаҳои худ муваффақанд?
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия миёни аҳолӣ суҳбатҳои озод ташкил мекунанд ва аз дарду мушкилоти мардум хабардор мешаванд. Моҳе ду ё се маротиба аз мақомоти ноҳия ба Ҷамоати деҳоти Язгулом омада, аз аҳволи мардум хабар мегиранд, барои бартараф кардани мушкилот ҳаракат мекунанд. Имрӯз бо саъйю талоши мақомоти маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти Язгулом ягон мушкилӣ нест. Махсусан, дар ҳамин шабонарӯзе, ки фасли сармо ҳукмфармост, ҳар як хонадон бо ангишти маҳаллӣ таъмин аст. Сохторҳои қудратӣ дар Ҷамоати деҳоти Язгулом фаъолияти хуб доранд, дар расидагӣ ва ҳалли мушкилоти мардум саъйю талош мекунанд.
- Фаъолияти васоити ахбори омма дар Язгулом дар кадом сатҳ аст? Оё мардум ба рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион дастрасӣ доранд?
- Васоити ахбори омма яке аз воситаҳои муҳими нашру пахши ахбор ва иттилооти зарурӣ мебошад. Хушбахтона, имрӯз, сарфи назар он ки Ҷамоати деҳоти Язгулом дар як гӯшаи дурдаст аст, бо рӯзномаву маҷаллаҳо таъмин мешавад. Махсусан, муассисаҳои таълимӣ сари вақт бо рӯзномаву маҷаллаҳо таъмин карда мешаванд. Хабарнигорони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба минтақа омада, аз вазъияти мардум ва дастоварду пешравиҳо хабардор шуда, дар ин замина барномаҳо пахш мекунанд ва тавассути телевизион намоиш медиҳанд.
- Ташаккур барои суҳбати ҷолиб. Бовар дорем, ки мардуми минтақа минбаъд ҳам дар ободии кишвар ва рушди мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2020 №: 246 Мутолиа карданд: 665