фарҳанг
СОЗҲОИ МИЛЛӢ БА ОМӮЗИШУ ТАРҒИБ НИЁЗ ДОРАНД
Имрӯз мо дар бораи созҳои миллиамон, устоҳои чирадастамон чӣ медонем ва ё чӣ маълумоте дорем? Бешак, ҳатто мутахассисон дар посухи дурусту пурраи ин пурсишҳо оҷизанд. Ва шояд посухҳои номукаммаламон дар доираи як маҳаллу шиносҳоямон маҳдуд бигардад. Сабаб ё худ иллати он маълум аст. Ба ин масъала ва мавзӯъ аз оғоз диққати ҷиддӣ надодем.
Дар ин ҳолат, албатта, набояд даъвои масъулиятшиносӣ ва ё донистани таърих, хосса таърихи фарҳанги миллат, бикунем.
Магар ҷойи тааҷҷуб ва ибрат нест, ки аврупоиён таърихи ҳар сози мусиқиашонро медонанд? Инчунин, дар бораи онҳо навиштаанду пайваста тарғибашон мекунанд. Аз ин навиштаҳо мо на танҳо соли ихтирову такмили созҳоро дармеёбем, балки рӯзашонро ҳам муайян намуда метавонем. Сурати ихтироъгарону такмилдиҳандагонро бо маълумоти мухтасари зиндагиву корашон дар китобҳои соҳавӣ ҷой додаанд. Албатта, ба ҳангоми омӯзиши ин созҳо ба хонандагон, донишҷӯён маълумоти заруриро медиҳанд.
Шояд ин гуна як шубҳа ба дилу зеҳн роҳ биёбад, ки таърихи ихтирову такмили созҳои миллии мо қадимӣ ҳастанд, аз ин рӯ натавонистанд дар хусуси онҳо бинависанд. Дуруст аст, ки созҳои мо таърихи қадима доранд ва ҳам дар дарозои таърих аҷаб нест, ки борҳо такмил ёфтаанд. Навиштан агар дар ин хусус он замонҳо роиҷ набуд, барои чӣ мо ин корро ақаллан ба тақлиду пайравии аврупоиён шурӯъ накунем. Бо иҷрои ин кор мо метавонистем, ки дар асри рафта ва бист соли асри навин рӯ биёрем. Мутаассифона, иҷрои дурусту пурраи ин амалро чандумдараҷа ва ҳатто нозарур ҳисобидем. Ин дар ҳоле аст, ки минбаъд, дар раванди ҷаҳонишавӣ соҳибӣ кардани созҳои миллиамон, ҳатто ба даъвӣ, моро баъдҳо даст намедиҳад.
Дар хонаҳои баъзе аз шаҳрвандони кишвар ҳолиё ҳам созҳои миллӣ вуҷуд доранд, аммо аксари соҳибонашон намедоданд, ки онҳоро аз кӣ, аз куҷо, бо чӣ қимат дастрас намудаанд. Бисёр аз ин созҳо, ки бе нигоҳубини махсус мондаанд, зоҳиран хароб шудаанд, овозҳои пештараашон аз байн рафтаанд. Кӣ ин ҳамаро бояд ҷамъ биёрад? Дар куҷо? Ва, албатта, ба чӣ хотир? Дар кишвар мо чунин ташхисгоҳ ва муҳаққиқони варзидаи соҳаро надорем. Муаллифи ин сатрҳо ба василаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ин хусус ва оқибатҳои ногувори соҳа бо ин фориғболӣ чанд сол пештар бонги изтироб зада буд, аммо натиҷа надод. Пас чӣ бояд кард? Ин пурсиши одӣ посухи ҷиддиро хоҳон аст, албатта, бо иҷрои амал, амали созанда. Дар ин аср, асри навин ҳам устоҳои чирадасту варзидаи созҳои миллӣ вуҷуд доранд. Дар ин кор ном бароварданду шуҳрати зиёд касб кардаанд. Созҳои миллии қадимаро такмил додаанд, ки шоёни таҳсину дастгирии махсусанд. Омӯзишу таҳқиқу кору рӯзгори ҳар кадоми онҳо метавонад, ки як рисолаи илмӣ бошад. Барои мисол метавон зикри номи Абдураҳмон Муродовро, намуд, ки дар ноҳияи Восеъ зиндагӣ ба сар мебурду дар коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов дарс медод. Бисёр созҳои миллиро ӯ дар сатҳи баланд такмил дод. Баъзе аз онҳо, воқеан, ихтироанд. Мутахассисони соҳаи мусиқӣ дар кишвар бештар созҳои тарошидаи ин усторо тавсиф мекарданд ва мехариданд. Шодравон барои пеш бурдани рӯзгори вазнинаш онҳоро мефурӯхт, новобаста аз он ки харидораш кӣ буд ва қимати фарҳангии онро медонист ва ё не.
Ҳолиё ҷойи хӯрдани бас афсӯс аст, бо даргузашташ аз ин дунё бисёр сирри ҳунарашро бо худ бурд. Намебурд, агар онро касе ҷиддан талабгор мешуд ва дар пайи омӯзишаш меафтод. Зарур аст, ки ин мавзӯъ аз ҷониби мутахассисону муҳаққиқон мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор бигирад. Фарзандон, дӯстон, ҳамкорон, ҳунарпешагон, ки алҳол дар қайди ҳаётанд, дар иҷрои ин кор ёрӣ дода метавонанд.
Чунин устоҳо агар ҳам, ба андешаи ин ҷониб, на дар пояи ӯ қарор дошта бошанд, дар баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар вуҷуд доштанду доранд.
Агар аз ҳозир ба омӯзишу кору рӯзгори онҳо, ҷамъоварии намунаи созҳои тарошидаву сохтаашон шурӯъ накунем, баъдҳо дигар ангушти пушаймонӣ газидан суд намебахшад. Хосса, дар ин рӯзгор, ки пешрафти техникаву технологияи муосир моро бештар саргарми худ месозад ва ба омӯзишу сохтан, такмил додани созҳои миллӣ монеаҳои зиёд эҷод мекунад.
Лозим аст, ки масъули тарғиб ва фурӯши онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ниҳоде бояд бошаду ҳамзамон, миллати мутамаддинамонро дар арсаи олам бо ин гуна дастовардҳо муаррифӣ бинамояд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.12.2020 №: 248 Мутолиа карданд: 678