иқтисод
ШАВКАТ БОБОЗОДА: «ИМКОНИЯТҲОИ СОДИРОТӢ БА БОЗОРИ АВРУПО АФЗУНТАР МЕГАРДАНД»
Чанде қабл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба ворид шудани Тоҷикистон ба низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) ҳамоиши вижа доир гардид. Дар он намояндагон аз Иттиҳоди Аврупо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воридшавии Тоҷикистон ба ин низомро ба Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ супурданд. Вобаста ба аҳамияти воридшавии Тоҷикистон ба ин равзана ва паҳлуҳои дигари ин мавзӯъ бо Шавкат Бобозода суҳбат оростем, ки фишурдаи он чунин аст:
- Воридшавӣ ба ин низом барои тақвияти афзоиши ҳаҷми содирот чӣ медиҳад?
- Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо - ин тартиби сертификати пайдоиши мол буда, мутобиқи принсипи худсертификатсия ба роҳ монда мешавад. Низоми мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои рӯ ба инкишоф ташкил ва аз 1 январи соли 2017 дар заминаи низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) амалӣ мегардад. Содироткунандагони кишварҳои ба он шомилшуда аз имкониятҳои низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла имтиёзҳои гумрукӣ ҳангоми содирот ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, бархӯрдор мешаванд.
Бинобар ин, тибқи талаботи низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо содироткунандагон баҳри гирифтани имтиёзҳо бояд дар низоми мазкур ба қайд гирифта шаванд. Низом мутобиқи технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ ташкил шуда, тибқи шабакаи интернет фаъолият намуда, тадриҷан низоми сертификати пайдоиши мол, ки дар асоси шаҳодатномаи пайдоиши мол «Шакли А» (дар ҳомили коғазӣ)- ро иваз мекунад.
Қоидаҳои гузариш ба он тибқи Кодекси гумруки Иттиҳоди Аврупо, ки аз 1 майи соли 2016 эътибор пайдо кардааст, татбиқ мегарданд. Ҳамчунин, татбиқи бомуваффақияти низом ҷиҳати ташаккули самтҳои зерин мусоидат менамояд: муттаҳидсозӣ ва автоматикунонии равандҳои тиҷоратии мақомоти марбут ба худсертификатсияи ҳуҷҷати пайдоиши мол, тақвияти ҳамкории электронии байниидоравӣ, аз ҷумла ҷиҳати гузариш аз ҳомили коғазӣ ба ҳомили электронии ҳуҷҷатҳо ва таъмини имконияти сабти автоматӣ.
Мавриди зикр аст, ки низоми мазкур аз низоми сертификати пайдоиши мол аз як қатор бартариятҳо бархӯрдор аст, аз ҷумла бархӯрдор шудан аз имкониятҳои низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо, гузариш аз ҳомили коғазии cертификати пайдоиши мол ба ҳомили электронии он, сарфа гардидани вақт ва хароҷоти барасмиятдарории сертификат. Ҳамчунин, дар тамоми фаъолияти содиротӣ, субъекти содироткунанда як маротиба ба қайд гирифта мешавад. Дар маҷмӯъ, воридшавӣ ба содагардонии расмиёти савдо мусоидат намуда, барои гузариш ба низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) замина мегузорад.
- Тоҷикистон, аз кай расман ба низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) ворид гардид?
- Тибқи талаботи низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо муҳлати ниҳоии шомил шудани Тоҷикистон ба он 31 декабри соли ҷорӣ муайян шуда буд. Аммо дар натиҷаи тадбирҳои сари вақт андешидашуда, сертификати гузариш ба низоми мазкур 1 декабр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид.
- Барои бақайдгирӣ соҳибкорону молистеҳсолкунандагон барои содироти маҳсулоти худӣ дар доираи ин низом ба давлатҳои қораи Аврупо чӣ гуна сурат мегирад?
- Айни замон, пешбурди кори низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Агентии содирот ройгон (бе пардохти маблағи барасмиятдарорӣ) ба роҳ монда шуда, бақайдгирии содироткунандагон дар он тариқи электронӣ амалӣ мегардад. Ин кор барои ҳавасмандгардонии содирот бо сарфаи вақт ва хароҷот мусоидат мекунад.
- Қаблан низ, яъне пеш аз воридшавӣ ба ин низом маҳсулоти тоҷикӣ ба кишварҳои Аврупо содирот мешуд. Ин воридшавӣ чӣ бартарӣ дорад?
- Албатта, то воридшавӣ ба ин низом низ аз Тоҷикистон чанд ширкат ба Аврупо маҳсулоти худро содирот мекарданд. Аз ҷумла, корхонаҳои дӯзандагии «Ҷавонӣ» ва «Сатн» 20 сол пеш бо тамғаи «Made in Tajikistan» бозори худро дар Аврупо ёфта буданд. То ҳадде, ки танҳо ин ду ширкат наздики 90 дарсади маҳсулоти дӯзандагии содиротии Тоҷикистон ба Аврупоро ташкил медиҳад. Аммо, пас аз воридшавӣ ба ин низом бо боварӣ метавон гуфт, ки миқёси ширкатҳои истеҳсолии ватании содироткунанда ба Аврупо зиёд шуда, маҳсулоти тоҷикӣ дар Аврупо миқёси бозори худро фаротар мегардонад.
- Агентии содирот ҳамчун як сохтори навтаъсис, барои пеш бурдани сиёсати содиротии кишвар то ҳол дар ин самт чӣ корҳоро анҷом додааст?
- Агентии содирот дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ва шарикони рушд дар самти дарёфти шарикони боэътимоди тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидору муаррифии молу маҳсулоти содиротӣ, ҳамчунин, барои ҷалб намудани харидорони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми стандартҳои байналмилалӣ барои шомил шудани Тоҷикистон ба низоми бақайдгирифташудаи содироткунандагони Иттиҳоди Аврупо- системаи REX (Registered Exporter System) бо намояндагони Комиссияи Иттиҳоди Аврупо якчанд мулоқотҳо баргузор намуда буданд. Мавриди зикр аст, ки шомил шудан ба ин низом қадами навбатӣ ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, агентӣ бо якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, барои содироти маҳсулоти онҳо ба хориҷи кишвар мусоидат намуд. Аз ҷумла, содироти бастабандии пиёз, меваҳои хушк ба кишварҳои Аврупо ва дигар иқдомҳо. Дар кори ҷаласаи дар Китобхонаи миллӣ баргузоршуда, ба хотири воридшавӣ ба ин низом аз ҷониби агентӣ якчанд ширкатҳои фаъол қадрдонӣ гардиданд. Минбаъд низ агентӣ ҷиҳати пешбурди сиёсати содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар талош варзида, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар саҳми худро мегузорад.
- Дар давраи пандемияи коронавирус, ки саросари оламро фаро гирифт, барои молистеҳсолкунандагону соҳибкорон зарбаи сахте буд. Аз ҷумла, содироти баъзе маҳсулот бо сабаби баста шудани марзҳо коҳиш ёфтанд. Оё коронавирус ба иқтисоди кишвар, хусусан содироти маҳсулоти тоҷикӣ таъсири манфӣ расонд?
- Хушбахтона, имсол, сарфи назар аз коҳиш ёфтани гардиши молу маҳсулот бо сабаби вазъи бавуҷудомада барои Тоҷикистон зарари ҷиддӣ расонда натавонист. Бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пандемияи коронавирус барои мо бегона буд. Зеро, агар ба ҳисобҳои оморӣ бингарем, бори охир соли 2016 ҳаҷми содирот ба 1 миллиарду 196 миллион доллар баробар шуда буд, ки баландтарин нишондод дар таърихи кишвар ба шумор мерафт. Аммо ин нишондод дар 11 моҳи соли равон 1 миллиарду 322 миллиону 500 ҳазор долларро ташкил дод. Умедворем, ки ин рақам то охири сол ба 1,5 миллиард доллар баробар хоҳад шуд. Ин, воқеан, як дастоварди бахши иқтисодии Тоҷикистон аст, ки новобаста аз мушкилоту монеаҳои пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба чунин нишондиҳандаҳо даст ёфт.
Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар 11 моҳ беш аз 4 миллиард доллари ИМА (содирот - 1 322,5 ва воридот - 2 806,9 миллион) - ро ташкил додааст, ки содирот 32 дарсад мебошад. Ин рақам соли гузашта 25 дарсадро ташкил дода буд.
Мусоҳиб Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.12.2020 №: 249 Мутолиа карданд: 707