фарҳанг
РАҲПАЙМОИ «РАҲИ АШК». ДАР БОРАИ КИТОБИ НАВИ ШОИР АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ
Абдулқодири Раҳим чун шоир ва инсони соҳибдил наметавонист, ки ба рӯзҳои вазнини ба сари халқи азизи мо омада бефарқ бошад. Бавижа, марги даҳҳо соҳибдилон, ки ба соли 2020 иттифоқ афтод, шоири дилсӯзро водошт, то «Раҳи ашк» паймояд:
Ҳар касе, ки бигзарад аз даҳр
Ғам ҳамегирад фаро дилро.
Навбати мо ҳам расад рӯзе
Тарк бояд гуфт манзилро.
«Раҳи ашк» номи китоби нави ашъори Абдулқодири Раҳим аст, ки тавассути нашриёти «Русская литература» рӯи чоп омад. Дар муаррифии китоб гуфта шуда, ки шеърҳо барои «шинохти беҳтари зиндагӣ мусоидат карда метавонанд». Дар ҳақиқат, шеъри хуб оинаи зиндагист. Он рангу ҷилоҳои мармузи зиндагӣ ва фаротар аз онро, ки бо чашми муқаррарӣ дида наметавонем, дар худ инъикос мекунад:
Ғаме дар синаам маъво гирифта,
Ки бо як ҳасраташ дунё гирифта.
Боназокат дили ғампарасту ғамшиносашро ба чароғ шабеҳ медонад:
Ин чароғест, ки бар аҳду
вафо месӯзад,
Аз Сурайёи фалак то ба
саро месӯзад.
Китоб оҳангҳои ҳузнангез дошта бошад ҳам, аммо бо саволу хитоб ва ҳамдардиву ҳамрозӣ кӯшиш мекунад, ки асрори зиндагиро ифшо намояд. Ба мухотаби худ, ки гоҳо худи шоир аст, кӯтоҳ ва зудгузар будани рӯзгорро фаҳмонда, талқин мекунад, ки қадри ҳамдигарро дар зиндагӣ дарёбем.
«Дар сӯгвории дӯст» мегӯяд:
Куҷо шуд хандаи чун себ ширинат,
кӣ медонад?
Куҷо шуд олами зебову рангинат,
кӣ медонад?
Ибораи «хандаи чун себ ширин» дили хонандаро ба риққат оварда, водор мекунад, ки чунин хандаи ширинро аз рухсори коҳидаи модар, ҳамсар ва азизони дигар биҷӯяд, то замоне, нагӯяд, ки «кӣ медонад?»
Дар баробари ин, шоир ба ҳассостарин масоил ва ҳиссу ҳаяҷони одамӣ кор гирифта, бо навохтани оҳангҳои дилангези шеърӣ моро ба дӯст доштани зиндагӣ ва зебоиҳои он даъват мекунад. Шеъри «Гиря»-ро кас мехонаду гумон намекунад, ки як манзараи муқаррарии иҷтимоӣ чунин вусъати маъноро дошта бошад:
«Мард бояд, ки нагиряд!»
Ин суханро зани пире
Сари хоне мегуфт,
Ба ҷавоне мегуфт…
Ин шеъри тӯлонӣ ин тавр ҷамъбаст мешавад:
Оҳ, мо аз пайи ноне гирйем?
Бо ҷаҳоне гирйем?
Пас чӣ мардем?
Камтарак аз гардем.
Дар талоши нон будан, дар талоши ризқи азизони худ будан, кори савобест, аммо барои нон гиристан, хоси мардон набудааст. Аҷибии ин шеър дар он аст, ки зан-модар насиҳати нагиристанро дар сари хон, вақти пухтани нон ба ҷавоне медиҳаду таъкид мекунад, ки «Мард бояд, ки нагиряд». Таносуб ва гирудори фикр бисёр мувофиқ афтодааст.
Шеъри «Ҷавонмардӣ» чунин фиғон дорад:
На хон дориву не ҳам як
шакар лутф,
Магасҳоро вале бо ҷон биронӣ?
Дар ин байт лутфи намакине нуҳуфта. Шеър касеро маломати шоирона мекунад, ки на танҳо хони боз, балки шакари лутф ҳам надорад, яъне сухани хуш ӯро нест, вале магасе, ки бо як қатра ширинӣ ва камтар аз он сер шавад, ба ҷон меронад. Ҷамъбасти ин чакида низ бисёр зарифона сомон ёфта:
Чи ҷои он ки бо кас ҳам бимонӣ,
Ҳаметарсам, ки бо худ ҳам намонӣ.
Яъне, гумон аст, ки ту бо дӯст ё ошное бимонӣ, ҳатто бовар надорам, ки бо худ ҳам бимонӣ. Ин вуҷуди хокӣ ва рӯҳи афлокии мо барои марҳами дигарон будан, дӯсту ёреро шод кардан офарида шуда, на барои танҳоиву танҳохӯрӣ.
Хушбахтона, фазилати дӯстиву меҳмоннавозӣ ва хайру сахоро муаллифи ин шеърҳо дар сиришти худ батамом камол бахшидааст ва дар баробари дастархони нон, хони лутфу суҳбатҳои омӯзандааш боз аст.
Чанд намунаи дигар:
Ба рағми Офтоб ӯ метавонад,
Бигирёнад яке шамъи шикаста.
***
Хуршед маст буду ба мастӣ
шинохтам.
***
Оташ афрӯхтаӣ, дег надорад чизе,
Оҳ, як ришта чӣ миқдор
ҳаво месӯзад.
***
Ҷаҳоне пур зи андуҳ асту ман дар хобҳои кӯдакӣ бо ноз мегирям,
Намедонам, ки имшаб модарам дар гӯри тору танг хуфта бе хаёли ман.
***
Шукри он дидор аз мо хостанд,
Лутф бин, бисёр аз мо хостанд.
Бузургон гуфтаанд: мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд. Бо ин умед хонандаро ба «Раҳи ашк» мехонем зеро «ашк дар ҳангомаҳои мардуми доно баҳор овард».
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.12.2020 №: 249 Мутолиа карданд: 625