иқтисод
ШАҲРИ ВАҲДАТ. СОҲИБКОРОН ДАР ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН САҲМ МЕГУЗОРАНД
Имрӯзҳо дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат соҳибкорон низ дар бунёди мактабу дигар иншооти соҳаи маориф ҳиссаи арзанда мегузоранд. Бо ин амал хиште дар бунёди кохи маърифати миллат гузоштаву чароғи маърифат меафрӯзанд. Яке аз чунин нафарон соҳибкор Зулайхо Зокирова аст, ки саҳм гирифтан дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишварро ифтихор медонад.
Бо ибтикори ӯ моҳи октябри соли равон дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат мавриди истифода қарор гирифт, ки бо тамоми технологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Литсейи мазкур дар ду баст 920 хонандаро қабул менамояд ва дар он туроператор-турагент, роҳбалад, мутахассиси системаи компютерӣ ва интернет-технология, ҳисобдор бо донистани компютер, ошпаз, ошпаз-қаннод ва дӯзанда омода мегарданд.
Муассиса дорои 23 синфхона, 4 озмоишгоҳи таълимӣ, майдони варзиш, китобхона, маҷлисгоҳу толор барои гузарондани конфронс буда, бо тахтаҳои электронӣ таъмин аст. Китобхонаи он 1500 китоб (500-то бадеӣ ва 1000-то тахассусӣ) дорад. Бояд гуфт, ки китобҳои тахассусиро литсей аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дастрас менамояд.
Ҳамчунин, дар муассиса аз рӯи ихтисосҳои ошпаз– қаннод, мутахассиси системаи компютерӣ ва интернет-технология, забономӯзӣ (русӣ, англисӣ ва олмонӣ) курсҳои кӯтоҳмуддат ба роҳ монда шудаанд. То ин замон ин курсҳоро наздики 150 нафар, аз ҷумла 112 бонуи хонашин, хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардид.
Мавриди зикр аст, ки аксари толибилмон аз шаҳрҳои Ваҳдату Душанбеанд. Айни замон 90 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 20 нафараш духтар мебошад.
Тавре Музаффар Неъмонов, иҷрокунандаи вазифаи директори литсей, мегӯяд, мақсади бунёди муассиса дар ин минтақа он аст, ки дараи Ромит бо мавзеъҳои диданӣ, обҳои мусаффову ширин, набототу ҳайвоноти нодир ва иқлими муътадил барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои васеъ дорад. Тибқи арзёбии мутахассисон, дар дараи Ромит намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла экологӣ, муолиҷавӣ, рекреатсионӣ, кӯҳӣ, сайругаштӣ ва варзишӣ, дар ҳоли рушданд.
Музаффар Неъмонов таъкид намуд, ки литсей ҷиҳати омода кардани мутахассисон барои маконҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла истироҳатгоҳҳои оммавӣ, лагерҳои мактабӣ, резервати биосферии “Ромит” ва осоишгоҳу меҳмонхонаҳо, нақши бориз хоҳад дошт. Инчунин, рӯзҳои наздик сохтмони хобгоҳ барои донишҷӯён оғоз мегардад.
- Дӯст доштани Ватан гӯшае аз имондорист. Ба ҳамин хотир, мо – оилаи Зокировҳо тасмим гирифтем, саҳми худро дар пешрафти як гӯшаи диёрамон гузорем. Ҳоли ҳозир омода намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ яке аз масъалаҳои мубрам аст, зеро рушди соҳа аз малакаи касбии онҳо вобастагии калон дорад, - иброз медорад Зулайхо Зокирова.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.12.2020 №: 249 Мутолиа карданд: 534