иқтисод
ФАРХОР. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Фархор бо рафти сохтмони иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, чойхона, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, толори варзиш дар шаҳраки Фархор, шинос шуд.
Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, зимни суҳбати телефонӣ ба хабарнигори «Ҷумҳурият», гуфт, ки бинои сеошёнаи МТМУ №2, ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) барои 820 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, сохтмони он дар арафаи анҷомёбист. Бинои нав дорои 43 синфхона, синфхонаҳои фаннӣ, толори варзиш ва ошхона мебошад. Фармоишгари иншоот соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов буда, бино бо харҷи беш аз 22 миллион сомонӣ бунёд меёбад.
Чойхона барои 40 ҷойи нишаст зебою замонавӣ буда, бо ташаббуси соҳибкори ноҳия Ҳасан Пиров рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Маблағи харҷномавии иншоот 1 миллиону 456 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Соҳибкор Ибодулло Миров бо харҷи 956 ҳазор сомонӣ маркази савдо бунёд менамояд, ки дар он 12 сокини маҳаллӣ кори доимӣ пайдо мекунад.
Сохтмони маркази хизматрасонӣ бо ташаббуси соҳибкор Фозил Сафаров низ ба анҷом мерасад. Лоиҳаи иншоот аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии КВ КФД «Лоиҳакаш» - и ноҳия бо усули муосири меъморӣ таҳия шудааст. Барои бунёди марказ 895 ҳазор сомонӣ харҷ шуда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, беш аз 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегардад.
Толори варзиш барои 138 ҷойи нишаст ва дорои ошхона барои 50 кас бо ташаббуси соҳибкор Юсуфалӣ Ҷӯраев мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, барои корҳои сохтмонӣ 1,5 миллион сомонӣ харҷ мегардад.
Раиси вилоят дар маркази ноҳия, инчунин, бо рафти корҳои сохтмонии иншооти Парчами давлатӣ, бинои қасри фарҳанг ва МТМУ № 4 шинос шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ ба масъулон дастуру супоришҳо дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.12.2020 №: 231 Мутолиа карданд: 678