сиёсат
CУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
29 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Соли нави 2021 самимона табрик гуфтанд.
Дар қаринаи табрикоти худ Роҳбари давлати мо, аз ҷумла ба мардуми дӯсти Россия дар роҳи пешрафт ба сӯи шукуфоиву тараққӣ дар оянда ҳам собитқадамӣ орзу намуданд.
Зикр гардид, ки ҷонибҳо, сарфи назар аз мушкилоти соли равони вобаста ба пандемияи коронавирус, тавонистанд, ки як силсила чорабиниҳои барои кишварҳои худ муҳими сиёсӣ, аз ҷумла раъйпурсии умумироссиягӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосии кишвар ва интихоботи парламентиву президентӣ дар Тоҷикистонро муваффақона анҷом диҳанд. Дар зимн, ҳамчунин, аҳамияти чорабиниҳои бахшида ба Ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ифодагари ҳамдилии халқҳои ду кишвар мебошанд, зикр шуд.
Дар рафти суҳбат президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва дорои аҳамияти байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои ду кишвар ва таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар интиҳои суҳбат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори бовар намуданд, ки саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо дар Соли нав низ натиҷабахш хоҳанд буд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.12.2020 №: 250 - 251 Мутолиа карданд: 605