иқтисод
ВОДИИ РАШТ. ДАСТГИРИИ ТЕХНИКИИ КИШОВАРЗОН САМАРОВАР ХОҲАД БУД
Дар арафаи Соли нави милодӣ кишоварзони навоҳии Рашту Тоҷикобод дар партави «Лоиҳаи дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» бо маблағгузории Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ тавассути Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соҳиби трактору таҷҳизотҳои муосири техникӣ гардиданд. Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ барои истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ниёзманди деҳот мебошад. Дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», марказҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ таъсис ёфтанд, ки барои ҳалли мушкилоти деҳаҳо мусоидат менамоянд.
Дар доираи лоиҳа, 16 трактори МТЗ-82.1, 36 сихмола, 15 испор, 2 ядак, алафтойбандӣ, картошкашинонак, ғаллакӯбак, алафдаравак, дорупошаки роторӣ дастраси кишоварзони ноҳияи Рашт шуданд. Дар асоси дархости марказҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ оид ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ як қатор лоиҳаҳо амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рашт 9 марказ бо дафтари кории мобилӣ ва бастаи таҷҳизоти корӣ: компютер, принтер, ҷевони китобмонӣ ва мизу курсиҳо таъмин шуд. Инчунин, 16 инкубатори чӯҷабарорӣ, 260 оилаи занбӯри асал бо таҷҳизоташ ва 640 сар мурғи марҷон бо 23 ҳазор кило хӯрока ба 8 гурӯҳи занон тақсим шуданд.
Ба ноҳияи Тоҷикобод 7 трактори МТЗ 82.1, 1 комбайни ғалладарав, 7 испор, 4 сихмола, алафтойбандӣ, култиватор, картошкашинонак, картошкаканак, алафдараваки роторӣ дастрас гаштанд. Дар асоси лоиҳа, ба 7 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дафтарҳои кории мобилӣ ва бастаи таҷҳизоти корӣ: компютер, принтер, мизу курсӣ ва ҷевонҳои китобмонӣ тақдим гардида, 120 оилаи занбӯри асал бо тамоми таҷҳизот ба гурӯҳи муштараки манфиатбар, ба 5 гурӯҳи ташаккули даромадовар барои занон (ГТДЗ) 400 сар мурғи марҷон ва 14 ҳазору 400 кило хӯрока тақдим шуданд.
Дар маросими дастрас гардондани трактору мошинолоти кишоварзӣ ба механизаторон, ки дар Рашту Тоҷикобод доир гардид, вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, директори Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода, роҳбарони навоҳӣ, масъулони лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар самти афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дошта, аъзои хоҷагиҳои дастгириёфта истеҳсоли маҳсулоти босифатро афзун намуда, сатҳи зиндагии худро беҳтар мегардонанд.
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.12.2020 №: 250 - 251 Мутолиа карданд: 875