порлумон
САНОАТИКУНОНӢ. ДАР ДУШАНБЕ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛӢ БУНЁД МЕШАВАД
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар шаҳри Душанберо баъд аз баррасӣ ба тасвиб расонданд.
Вобаста ба масъалаи мазкур Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда, таъкид кард, ки Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, ки 18 марти соли 2020 ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд.
Тибқи созишномаи сармоягузорӣ ҶДММ «Ғаюр» иқдом гирифтааст, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳудуди қитъаи замини ба ҷамъият тааллуқдошта, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ бо технологияи «AD*STAR» бо иқтидори истеҳсолии 50 миллион дона халта дар як сол ба маблағи 10 миллион доллари ИМА сохта, ба истифода диҳад.
Баъд аз бунёди корхонаи мазкур зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва музди меҳнати мувофиқ таъмин мешавад. Иқтидори истеҳолии корхона имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ пурра бо маҳсулоти ватанӣ қонеъ гардида, қисми боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя содирот шавад.
Дар асоси муқаррароти созишномаи мазкур, ки муҳлати амали он 5 солро ташкил медиҳад, ширкати татбиқкунанда аз пардохти андоз аз фоида озод гардида, молу таҷҳизоти барои татбиқи лоиҳа пешбинишуда, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мешавад.
Дар маҷмӯъ, тасдиқи созишномаи мазкур ба воридоти техника ва технологияи муосир, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардондани бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо маҳсулоти саноатӣ, воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, мусоидат хоҳад кард.
Лашкар ШАРИФЗОДА, Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.12.2020 №: 252 Мутолиа карданд: 8756