logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХОДИМИ СИЁСӢ ВА АБАРМАРДИ ТАЪРИХӢ

Дар ҷаҳони муосир масъалаи амнияти тамаддун ва кишварҳо проблемаи муҳимтарини ҳаёт шудааст, зеро зиддиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бештар зиддияти фарҳангиро дар худ таҷассум намуда, ҷойгоҳи динҳо дар ин раванд мақоми хосе пайдо кардааст. Мардуми Шарқу Ғарб муносибатҳои тезутундеро, ки ба вуҷуд омадааст, ҳамчун муқовимат ва муқобилияти олами масеҳӣ бо ҷаҳони исломӣ талаққӣ мекунанд. Ин зиддиятҳо, ки имрӯз ба хунрезиҳои бесобиқа ва даҳшатафканиҳои бемонанд овардаанд, инсониятро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ менамоянд.
Воқеаҳое, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта сурат гирифтанд, фарогири тақрибан тамоми ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд, дар баъзе ҷумҳуриҳо сари вақт пеши муқовиматҳо гирифта шуданд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон зиддиятҳо ба ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва харобии иқтисоди миллӣ ва вайронии чандин шаҳрҳову ноҳияҳо боис шуд. Муқовимат шакли мусаллаҳонаро ба худ гирифт. Ин низоъ аз лиҳози мафкуравӣ низои байни ҷаҳонбинии диниву дунявӣ буд. Экстремизми динӣ аз тарафи баъзе кишварҳо ва неруҳои хориҷӣ аз ҷиҳати моддӣ, маънавӣ дастгирӣ меёфтанд ва бо силоҳ низ таъмин мешуданд. Дар оғози Истиқлолияти давлатӣ раванди ҷаҳонишавӣ, «демократия»-и таҳмилӣ ва таҳаммулнопазирии динӣ кишварро ба коми оташу хун кашид.
Халқи тоҷик  дар он солҳо ба роҳбарияте ниёз дошт, ки ба ҷанг хотима бахшида, роҳро ба сулҳу тараққиёт боз намояд. Чунин роҳбар дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад. Дар ҳақиқат, ӯ бо ташаббусҳои худ барои расидан ба ормони мардум, ки ташнаи сулҳу зиндагии ором буданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ гардида, рисолати Пешвои миллат буданро исбот карданд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, воқеан ҳам, санади сарнавиштсози миллӣ гардид. Ин санади муҳим аз тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ башорат дод ва хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар он аст, ки маҳз бо ибтикори бевосита, заҳмати шабонарӯзӣ ва азму талоши пайгирона барои ба даст овардани сулҳ Ватанро аз хатари нобудӣ эмин дошт.
Мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ягона роҳи тағйири сохти давлатдорӣ ва ба сари қудрат омаданро на ба воситаи риояи қонуният ва дарназардошти манфиатҳои миллӣ, балки дар зӯроварӣ ва аз роҳи табаддулоти давлатӣ пеш гирифтанд. Бо вуҷуди таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, созмонҳои оппозитсионӣ ҳаракати тундравонаи худро идома дода, барои ғасби пурраи ҳокимият амалҳои зиддиконститутсиониро анҷом доданд. Яке аз ҷиноятҳои гурӯҳи ифротӣ бо таҳдиду зӯроварӣ дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе аризаи истеъфои Президенти аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ интихобшуда Раҳмон Набиевро гирифтани онҳо буд. Ин амал ва қонуншиканиҳои дигар, аз ҷумла ба фаъолияти иҷлосияҳои Шӯрои Олии ҷумҳурӣ мудохилаи пайдарпай кардан ва имкони амали озодона надодан ба вакилони халқ ва кӯшиши ғасби ҳокимият, норозигии умумихалқиро ба вуҷуд овард ва аксарияти ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки таъсири неруҳои оппозитсионӣ дар он ҷойҳо заиф буд, барои истиқрори қонуният ва ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостанд. Дар ниҳоят, бинобар имконнопазирии фаъолияти бемамонияти Шӯрои Олӣ вакилони халқ ҷамъ омада, кори худро идома доданд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар вазъияти ниҳоят вазнин барои мардуми ҷумҳурӣ ва таҳдиди хатари парокандашавии давлат ва миллат баргузор гардид, дар сарнавишти давлатдории миллии тоҷикон нақши воқеан таърихӣ бозид. Дар ин иҷлосия вазъияти сиёсӣ ва низомии ҷумҳурӣ ба таври ҷиддӣ таҳлил шуда, вакилон раиси нави Шӯрои Олиро интихоб намуданд, ки, ҳамзамон, Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Ба ин вазифаи олӣ интихоб шудани яке аз шахсиятҳои ҷасур ва воқеъбин Эмомалӣ Раҳмон, тавре баъдан собит гардид, қарори хеле муҳим ва аҳамияти таърихӣ дошта буд. Аз рӯзи аввали ба раисии Шӯрои Олӣ интихоб шудан Эмомалӣ Раҳмон барномаи стратегии худро эълон дошт. Пеш аз ҳама, ӯ ваъда дод, ки ба халқ сулҳ меоварад, яъне ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карда, ҳаёти осоиштаи халқро таъмин менамояд. Дигар ин, ки тарафдории худро ба низоми давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуданд. Дар ҳамин вазъияти ниҳоят мураккаб ва хавфнок Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар шаҳри Душанбе оғоз карданд.
Фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон равона шуда буд. Ӯ ба таври хастагинопазир ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ барои тасвири воқеан фалокатбори кишвар кӯшиш мекарданд ва диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба воқеаҳои Тоҷикистон ҷалб менамуданд. Мақсад ва оғози фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар он марҳила ноил шудан ба сулҳу ризояти миллӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар буд. Бинобар ин, ӯ бо шеваҳои ғайриодӣ, ҷасурона, ҷоннисорона ва ватанпарастона роҳи ҳалли қазияи тоҷиконро ҷустуҷӯ мекарданд ва мехостанд ҳарчи зудтар мардум сарҷамъ шавад, зиндагӣ дар кишвар ба маҷрои одӣ ворид гардад.
Бо талошҳо ва ҷасорати Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана кард. Имрӯз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар радифи таҳкими сулҳ дар ҷумҳурӣ ба бунёди нақбҳо ва роҳҳои мошингард, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва бозсозӣ кардани онҳо оғоз намуданд. Соҳаи кишоварзӣ низ рушд ёфт. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардиданд, ки ҳам истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин намуданд ва ҳам ба пешрафти соҳаи саноат мусоидат карданд. Maxсусан, бунёди НБО «Роғун» ва ба истифода додани ду агрегати он, аз муҳимтарин фаъолияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ мешавад.
Пешвои миллат дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ ва беҳтар намудани иқтисодиёти давлат, ҳамчунин, арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷикро эҳё, ҳифз ва системаи инкишофашро таъмин намуданд. Эҳёи ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик, таҷлили солгарди бузургони ниёгон ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра аз ташаббусҳои фарҳангсолории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин муддат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд. Илова бар ин, эҳё ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷик ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии Сарвари давлатро ташкил медиҳанд.
Умуман, фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ фарогири дастовардҳои беназиру бештар аст. Агар ҳамаи он дастовардҳоро огоҳона баҳогузорӣ намоем, дарк мекунем, ки ин шахсияти ҷаҳонӣ худро барои миллату давлати тоҷик фидо намудаанд. Маҳз чунин фидокорӣ боис гардид, ки миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат пазируфтанд.

Қозизода ШУҲРАТҶОН, магистранти Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2021    №: 1    Мутолиа карданд: 969
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед