logo

сиёсат

СИЁСИКУНОНИИ ДИН ВА ХАТАРҲОИ ОН

Дар таърихи инкишофи инсоният дин ҳамчун талаботи маънавии инсон ҳамсафари доимии ӯ буда, дар рушди арзишҳои инсонӣ ва танзими муносибатҳои иҷтимоӣ таъсири бевосита дошт ва дорад. Махсусан, нақши дин дар ташаккулёбии ҳиссиёти ахлоқии одамон хеле барҷаста мебошад ва ин аст, ки аксари мутафаккирон ахлоқро пояи дин медонанд. Бархе аз мутафаккирони Ғарбу Шарқ ахлоқро дар баробари сиёсат ҳамчун пояи давлатдорӣ низ муаррифӣ намудаанд. Маҳз ин алоқамандии меҳварӣ боиси он гардидааст, ки дар ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ борҳо кӯшиши «диникунонии сиёсат» ва «сиёсикунонии дин» ба мушоҳида мерасад.
Аз тарафи дигар, қабул кардани арзишҳои динӣ хусусияти махсуси психологӣ дорад, зеро шинохти арзишҳои динӣ дар заминаи эътиқод сурат мегирад, маърифати дигар арзишҳо бошад, дар асоси талаботи маънавӣ ё эҳтиёҷот. Пайравие, ки дар заминаи эътиқод сурат мегирад, ниёзи махсус ба иштироки ақл ва шуур дар раванди маърифати ин арзишҳоро талаб накарда, метавонад хусусияти зершуурӣ дошта бошад ва дар асоси тақлид, талқин ё пайравӣ сурат гирад, зеро барои эътиқод на дониш дар бораи чизе, балки муносибати эмотсионалӣ ба он хос аст. Дар ин радиф механизми сирояткунии психикӣ низ нақши пешбарандаро бозӣ мекунад, зеро ба инсон, ки мавҷудоти иҷтимоӣ аст, муносибати атрофиён ба арзишҳо сироят ва ӯ огоҳу ноогоҳ ин арзишҳоро қабул менамояд.
Мусаллам аст, ки дар байни ҳамаи динҳои ҷаҳон ислом дини сулҳпарвартару иҷтимоитар мебошад, зеро дар он тафриқаандозӣ ба динию дунявӣ дида намешавад ва, умуман, тафриқаандозӣ, ки сабаби бисёре аз ҷангу ҷидолҳост, маҳкум карда мешавад. Қонунҳои шариат тамоми муносибатҳои иҷтимоиро танзим мекунанд ва ҳаёти инсон аз рӯзи тавлид то марг регламент кунонда мешавад. Шояд маҳз ҳамин хусусияташ бошад, ки истифодабарии эътиқоди динии пайравони ислом барои расидан ба мақсаду манфиатҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои гуногун фаъолона истифода мешавад.
Дар тӯли таърихи мавҷудияти дини ислом борҳо кӯшиши сиёсикунонии ислом мушоҳида мешавад. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз ҳамин падида, яъне ба сиёсикунонӣ бештар гаравиш доштани пайравони ислом зери таъсири идеологияҳои таҳмилӣ чанд маротиба миллати тоҷик ва давлатдории миллиро дар пешорӯи нобудшавӣ қарор дод. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри ХХ мебошанд, ки давлати навтаъсиси Тоҷикистонро пешорӯи нобудшавӣ қарор доданд.
Дар ин ҷо саволи дигаре ба вуҷуд меояд, ки зери таъсири кадом омил гаравиши мардум, махсусан ҷавонон, ба ташкилотҳои ғайрианъанавии динӣ сурат мегирад. Мавриди қайд аст, ки дар ҷавонон ҳоло системаи арзишҳо пурра шакл нагирифтаанд ва ё дар марҳилаи бозсозӣ қарор доранд.  Маҳз системаи арзишҳои ташаккулнаёфта ва ё дар ҳолати бозсозӣ қарордошта барои ҷалб кардани одамон ба ташкилотҳои ғайрианъанавии динӣ заминаи мусоиди психологӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки механизми асосии ҷалби одамон ба чунин ташкилотҳо вайронкунии шакли шуур аст, ки ба тағйир додани системаи тамоюлҳои арзишӣ равона шудаанд.
Ин ташкилотҳои динӣ, ки, асосан, хусусияти экстремистӣ доранд, барои зиёд кардани шумораи пайравони худ ва таъсир ба одамони эътиқодманд аз усулҳои психологии таъсиррасонӣ ба монанди сирояткунии психикӣ, талқин, тақлид ва пайравӣ истифода мебаранд.
Хусусияти дигар синни ҷавонист, ки ин давра давраи дигаргуншавӣ ё худ ислоҳоти ҷаҳонбинӣ аст. Ҷавонон мехоҳанд ҷаҳонбинии худро ҳамаҷиҳата инкишоф диҳанд, аз ҷумла дар доираи эътиқоди динӣ низ. Аз ин лиҳоз, ба баъзе саволҳо аз нигоҳи дин ҷавоб меҷӯянд. Мутаассифона, фаъолияти имрӯзаи намояндагони дин дар кишвар на дар доираи масҷид ва на дар доираи чорабиниҳои маърифатӣ ин талаботи ҷавононро қонеъ карда наметавонанд. Аз тарафи дигар, то ҳанӯз мафкураи рӯҳониёни мардумӣ (муллоҳо) аз хурофоту таассуб ба қадри зарурӣ поксозӣ карда нашудааст, ки баҳогузории ҷавононро ба ин намояндагони дин ба тарафи манфӣ тағйир медиҳад. Ин ҳолатро тарроҳони ташкилотҳои ғайрианъанавии динӣ хеле хуб дарк карда, моҳирона истифода мебаранд.
Тарафдорони исломи сиёсӣ пешниҳод менамоянд, ки гӯё сохти давлатдории динӣ ба арзишҳои демократӣ мухолифат намекунад ва омили таҳкими арзишҳои миллӣ мегардад. Масалан, саркардагони гурӯҳи террористии Ҳизби назҳати ислом, ки феълан идеяи Паймони миллии Тоҷикистонро пешниҳод менамоянд, дар ин идеология худро ҳомии манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ нишон доданӣ мешаванд.
Бешубҳа, ислом ҳамчун дин ба ҷомеа ва ҷаҳон ягон таҳдид надорад. Таҳдид он вақте ба вуҷуд меояд, ки арзишҳои сирф динӣ коста мегарданд ва ислом ба сифати идеологияи сиёсӣ барои ба даст овардани ҳокимият дар кишварҳои алоҳида мавриди истифода қарор дода мешавад.
 
С. РАСУЛОВ,
номзади илмҳои сиёсӣ,
дотсенти кафедраи психологияи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2021    №: 1    Мутолиа карданд: 751
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед