иқтисод
АНГУР. МАВОДИ МУҲИМ БАРОИ ҒИЗО, ТАБОБАТ ВА КОРКАРДИ САНОАТӢ
Токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таърихи ҳазорсоларо дар бар мегирад. Навъҳои гуногуни хушсифати он кайҳо шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Халқи тоҷик аз қадимулайём навъҳои хушсифату хушмаззаи ангурро офарида, аз насл ба насл боқӣ гузоштааст. Ҳоло дар боғоти шаҳру ноҳияҳои кишвар бештар аз 190 навъу намуди гуногуни маҳаллӣ ва зиёда аз 30 навъи интродутсионӣ (воридотӣ) парвариш мешаванд.
Токпарварӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон барои ғанӣ гардондани буҷети давлат мавқеи устувор дорад. Ангур (ва маҳсулоти коркарди саноатии он) дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши калон мебозад. Токпарварони таҷрибадор аз ҳар гектар бо усули чойлоб 35 – 40 тонна ва аз ин ҳам зиёд ҳосил ҷамъоварӣ мекунанд.
Ангур рустании бисёрсола буда, меваи он на танҳо дар намуди тару тоза, балки дар намуди хушкондашуда ва маҳсулоти коркарди саноатӣ истифода бурда мешавад, ки барои саломатии инсон хеле муфид мебошад. Хусусияти дигари ангур дар он аст, ки як қатор навъҳои онро дар сардхонаҳо ва ҷойҳои махсус муддати 6 -7 моҳ (октябр – май) нигоҳдорӣ кардан мумкин аст ва ин барои бо ғизои сервитамин таъмин намудани аҳолӣ мусоидат мекунад.
Таркиби ангур гурӯҳи калони витаминҳо, ба монанди А, В, С, Д ва қандҳо, ба монанди глюкоза, фруктоза то 35%, кислотаҳои органикии ангурӣ, себӣ, сафедаҳо, пектинҳо, моддаҳои минералӣ – калий, калсий, фосфор, оҳан ва монанди инҳоро дорад. 1 кг ангур дорои 18 – 27% қанд ва 700 - 900 килокалория қувватнокӣ мебошад. Қувватнокии як литр шарбате, ки дар он 1,5 кг ангур истифода мешавад, ба 650 грамм гӯшти гов баробар аст. Бо меваи хушку тари ангур диққи нафас, гурда, дил, меъда, рӯда, камхунӣ, сили шуш, харобии системаи асаб, сусту лоғар шудани организм ва дигар намуди бемориҳоро табобат мекунанд.
Мева ва барги токро дар тайёр кардани зиёда аз 100 номгӯи таом ва маҳсулоти саноатӣ истифода мебаранд. Дар саноати хӯрокворӣ меваи ангур ҳамчун ашёи хом барои тайёр кардани афшура, нӯшокиҳои беалкогол ва шаробҳои гуногун истифода мешавад.
Олимону селексионерони халқӣ зиёда аз 80 навъи ангурро офаридаанд, ки имрӯз қисми зиёди он, ба монанди «Тойфии гулобӣ», «Тойфии сафед», «Кишмиши сиёҳ», «Кишмиши сафед», «Нимранг», «Миёна», «Ҳусайнии сиёҳ», «Ҳусайнии сафед», «Султонӣ» («Ҷавз»), «Муғчалонӣ», «Шоҳона» ва «Ғалаба» дар минтақаҳои кишвар парвариш карда мешаванд ва дар муҳлатҳои гуногун пухта мерасанд (пешпаз, миёнапаз, миёнаи дерпаз ва дерпаз). Навъҳои ангур аз рӯи самти таъйиноташон ба навъҳои хӯрданибоб, мавизию кишмишӣ ва техникӣ ҷудо мешаванд.
Маҳсулоти содиротӣ будани ҳосили ангурро ба назар гирифта, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд доранд.
То аввали соли равон дар ҷумҳурӣ майдони токзор дар ҳамаи намудҳои хоҷагидорӣ 38570,4 гектарро ташкил дод, ки аз он 33750,1 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Ҳосилнокӣ бошад, ба 73,2 сентнер аз ҳар гектар баробар аст. Соли 2019 дар ҷумҳурӣ 247167,18 тонна ангур истеҳсол гардид.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ олимони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Бо пешниҳоди олимони институт навъи ангури «Миёна» минтақабоб гардида, ба истеҳсолоти кишоварзӣ пешниҳод карда шуд. Баробари ин навъҳои ангури «Сарвар», «Суғдиён», «Нимранг», «Ҷавз», «Зариф», «Муғчалонӣ», «Ёқути сурх», «Ватан» ба истеҳсолот пешниҳод гардиданд.
Шароити хоку иқлими минтақаҳои водигию наздикӯҳии кишвар барои парвариши ток хеле мусоид мебошад, хусусан шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Деваштич, Б. Ғафурови вилояти Суғд, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Хуросон, Ёвон, Данғара, Восеъ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминободи вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Варзоб.
Рушди минбаъдаи токпарварӣ дар ҷумҳурӣ ба васеъ кардани майдон ва истифодаи навъҳои серҳосилу баландсифати ангур алоқамандии калон дорад.
Ҳикматулло НАЗИРОВ,
директори Институти боғу токпарварӣ
ва сабзавоткории АИКТ,
доктори илмҳои кишоварзӣ,
Рустамхӯҷа ҚАЛАНДАРОВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ,
Ҷалолиддин ФОЗИЛОВ,
котиби илмии институт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.01.2021 №: 1 Мутолиа карданд: 979