сиёсат
АЗ РӮЗИ АВВАЛ БА Ӯ БОВАР ДОШТАМ...
Аз рӯзҳои аввали фаъолият ба ҳайси Президенти кишвар пиндор, гуфтор ва рафтори Сарвари давлат маро ба ваҷду шодӣ меоваранд. Ростӣ, аз рӯзҳои аввал мушоҳида кардаам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якрӯву якқавланд. Тамоми ваъда ва гуфторҳояшонро дар амал пиёда месозанд.
«Ман ба шумо сулҳ меоварам»,- гуфтанд ва оварданд. Туфайли аз худ гузаштанҳои Сарвари давлат дар Тоҷикистон сулҳ пойдор гардид. «Агар лозим шавад бо нохун нақби Анзобро месозем» - гуфтанд ва сохтанд. Солҳост, ки нақби «Истиқлол» дар хизмати мардум аст ва баъдтар нақбҳои Шаҳристону Шар – шар, Ҷормағзак низ сохта шуданд.
«Тоҷикистон ба пеш!». Бо ин нидо роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок, Панҷакент - Айнӣ, Душанбе – Турсунзода, Кӯлоб – Кулма ва садҳо пулу роҳҳову пайроҳаҳои дигарро сохтем. Оре, Тоҷикистон пешрафт дорад.
Бузургтарин хислати Ҷаноби Олӣ ин муҳаббат ба пирону маъюбон ва хосса ятимон аст. Ҳатто дар замони шӯравӣ ягон нафар курсинишин ба ятимхонаю парваришгоҳҳо намерафт. Зинда бошед, Сарвари ятимпарвар.
Бадахшон, Суғд, Хатлон ва Рашт обод мешаванд. Касе дар хаёл надошт, ки дар Рашт, Панҷакенти бостону Данғара донишгоҳҳо оғӯши меҳр ба пешвози ҷавонон мекушоянд. Ин хобу хаёле буд. Имрӯз ин ҷо садҳо донишҷӯён илму адаб меомӯзанд.
Баъди ғарибиҳо ба Хуҷанд овардани хоки мазори Камоли Хуҷандӣ шоистатарин иқдоми Пешвои миллат буд, инчунин, обод кардани хокҷойи Мирзо Бедил дар Ҳиндустон. Халқ дуое дорад: рӯҳи пиру пешвоҳо мададгор шавад. Имрӯз рӯҳи Айниву Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров дастгиру мададгори Президенти кишвар аст.
Садҳо китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар байни мардум ройгон тақсим карда мешавад. Метавон бо итминон гуфт, ки номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилҳои мардум маъво гирифт ва оянда бо хатҳои заррин дар саҳифаҳои таърихи тоҷикони ҷаҳон сабт мегардад.
Холмурод САФАРЗОДА,
узви Иттифоқи журналистони
Тоҷикистон, шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.01.2021 №: 2 Мутолиа карданд: 725