logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи “Оби зулол” , Истаравшан, 9 сентябри соли 2008

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи “Оби зулол” ,  Истаравшан, 9 сентябри соли 2008   

 Падарону модарони арҷманд!  
Бародарону хоҳарон ва фарзандони азиз!
Аввалан ҳамаи шумо ва кулли мардуми ватанпарвар, заҳматкаш ва меҳмоннавози Истаравшани бостонӣ, ин куҳандиёри шӯҳратёрро бори дигар ба муносибати ҳабдаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ самимона табрику таҳният мегӯям.
Тавре ки шаш сол пеш дар маросими таҷлили ҷашни бошукӯҳи 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан зикр карда будам, ин гӯшаи қадимаи сарзамини тоҷикон яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, дар таърихи тӯлонии мавҷудияти худ як пораи сарнавишту саргузашти миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни моро нигаҳдорӣ ва ҳифз кардааст. Истаравшан ҳанӯз дар даврони салтанати Ҳахоманишиён маълум буда, дар давоми асрҳои зиёд борҳо таҳти тасарруф ва ҷабру харобкориҳои лашкари аҷнабиён қарор гирифтааст ва ҳар дафъа бо талошу мубориза ва заҳмати сангини фарзандони бонангу номусаш аз нав эҳё ва обод шудааст. Гузашта аз ин, Истаравшан дар тамоми давраҳои таърих, бо вуҷуди лашкаркашиву истилои бегонагон, симои хешро ҳамчун яке аз марказҳои косибиву тиҷорат ва адабу фарҳанги миллатамон ҳифз кардааст. Нишонаи барҷастаи ин дар байни мардуми ин диёр то имрӯз пойбарҷо мондан ва идома ёфтани ҳунарҳои аҷдодӣ, аз ҷумла оҳангариву мисгарӣ, заргариву бофандагӣ, кулолгариву кандакорӣ, наққошӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ мебошад. Маҳз бо дарназардошти суннатҳои деринаи косибӣ ва ба хотири ҳифз кардану тараққӣ додани онҳо ман дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат супориш додам, ки дар шаҳри Истаравшан коллеҷи ҳунарҳои милливу мардумӣ таъсис дода шавад. Ҳоло корҳо оид ба таҳияи лоиҳа ва интихоби ҷои сохтмони он оғоз шудаанд. Ба идомаи ҳамин асолати фарҳангӣ ва анъанаҳои ҳунармандӣ, ки дар тӯли асрҳо дар замири миллати мо, аз ҷумла сокинони Истаравшани бостонӣ решадор гардидааст, дар ҳудуди шаҳр дар баробари рушди ҳунарҳои дастӣ имрӯз фаъолияти корхонаҳои муосири саноатӣ низ  тадриҷан густариш меёбад. Мисоли равшани ин фаъолияти беш аз 20 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаи «Оби зулол» мебошад, ки мову шумо имрӯз ба муносибати ба истифода додани навбати дуюми он ҷамъ омадаем. Корхонаи мазкур, ки ҳоло дар он хати нави технологияи муосири истеҳсоли шарбати мева бо иқтидори истеҳсоли шаш ҳазор қуттӣ дар як соат васл  карда шудааст, аз рӯи нишондиҳандаҳои истеҳсоли оби тозаи нӯшокӣ ва нӯшобаҳои стандарти ҷаҳонӣ дар кишварамон корхонаи калонтарин ба шумор меравад. Дар он дар як сол ба маблағи беш аз 36 миллион сомонӣ обу нӯшобаҳои хушсифат истеҳсол карда, ба фурӯш бароварда мешаванд, ки ин миқдори маҳсулот қисми зиёди талаботи бозори дохилии кишварамонро қонеъ гардонида метавонад. Ҳаҷми истеҳсол дар корхона сол ба сол меафзояд. Чунончи, дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ корхона қариб 18 миллион литр обҳои хуштамъ истеҳсол кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 миллион литр  зиёд аст. Саҳми корхона дар пардохти андозҳои давлатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ низ қобили таваҷҷӯҳ мебошад: аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз корхонаи «Оби зулол» ба маблағи 167 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ба буҷети давлатӣ беш аз 42 миллион сомонӣ маблағ пардохтааст. Бо иқдоми имрӯзаи худ, яъне ташкили хати технологии истеҳсоли шарбат роҳбарияти корхона дар баробари таъсиси 50 ҷои иловагии корӣ бо маоши аз 400 то 500 сомонӣ, ҳамчунин ба хоҷагиҳо ва сокинони шаҳри Истаравшан, дигар ноҳияҳои вилояти Суғд имконият фароҳам овардааст, ки меваю сабзавоти истеҳсолкардаашонро талаф надода, бо нархҳои муносиб ба корхона фурӯшанд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюм шумораи коргарону мутахассисон ба 355 нафар расида, аз ҳама муҳимаш корхона имконият пайдо мекунад, ки шарбати зардолуву шафтолу, себу гелос ва дигар меваҳои хуштаъми ватаниро бо стандартҳои ҷаҳонӣ ба бозори дохиливу хориҷӣ барорад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди саноат, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъминоти бозори дохилӣ бо молҳои баландсифати истеҳсоли худӣ ва афзун гардонидани ҷойҳои нави корӣ ба соҳибкороне, ки ба мамлакатамон технологияҳои муосири истеҳсолиро ворид мекунанд, имтиёзҳои дахлдор муайян намудааст. Боиси қаноатмандист, ки дар асоси талабот ва имтиёзҳои муқарраргардида дар шаҳри Истаравшан солҳои охир корхонаҳои дорои технологияи ҳозиразамони истеҳсолӣ торафт меафзоянд. Ҷамъиятҳои саҳҳомии  «Оби зулол», «Исмоили Сомонӣ», «Сафеда», «Элита», «Орди Истаравшан», се корхонаи истеҳсоли хишт ва даҳҳо корхонаҳои дигари истеҳсолӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон бунёд шудаанд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Натиҷаи фаъолияти хуби корхонаҳои зикршуда аст, ки дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр ба маблағи умумии 41 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ бароварда шудааст, ки ин баробари нишондиҳандаҳои яксолаи соли 2007 буда, афзоиши он 150 фоизро ташкил медиҳад ва ин кӯшишу талоши онҳо барои дигар корхонаҳои кишварамон намунаи ибрат аст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи онҳое, ки дар ғанӣ гардонидани буҷети маҳалливу давлатӣ, густариши соҳаи саноати шаҳр, ҷорӣ кардани технологияҳои муосири истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳиссаи сазовор доранд ва инчунин барои иштироки фаъолона дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, яъне сохтмони мактабу муассисаҳои тандурустӣ, хизматрасонӣ, мусоидат ба беҳбудии вазъи иншооти инфраструктураи деҳот арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.
Ҳозирини арҷманд!
Тавре ки зикр кардам, Истаравшани бостонӣ ҳанӯз дар замонҳои гузашта ҳамчун маркази тиҷорату савдо шӯҳрат дошт ва ин мақоми таърихии худро ҳоло низ нигоҳ доштааст. Бахусус баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон ва роҳи рушди иқтисоди бозориро пеш гирифтани мо дар ин шаҳр соҳибкорӣ ва тиҷорат боз ҳам бештар густариш ёфт.
Ҳоло дар соҳаҳо ва бахшҳои гуногуни шаҳр сеюним ҳазор соҳибкор фаъолият дорад ва қисме аз онҳо бо тиҷорат машғул ҳастанд. Бо мақсади он, ки дар кишварамон соҳибкорӣ вусъати тоза пайдо намояд ва соҳибкорони мо бештар ба истеҳсолот рӯй оварда, дар паст кардани сатҳи вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ саҳми муносиб гузошта тавонанд, чанде пеш бо Фармони Президенти мамлакат тамоми намудҳои тафтишу санҷишҳои  фаъолияти соҳибкории хурду миёна ба мӯҳлати ду сол боздошта шуд.
Дар айни ҳол соҳибкорону тоҷирон имконияти васеъ доранд, ки бо риояи муқаррароти қонунҳои амалкунанда фаъолияти худро озодона ва бе ягон монеа тақвият ва густариш диҳанд. Аз ҷумла, соҳибкорони Истаравшан, бахусус тоҷирони он, ки имконияташон нисбатан васеътар аст, метавонанд бештар бо истеҳсолот, яъне бо ташкил намудани корхонаҳои хурди дорои технологияҳои навтарин машғул шуда, ҳам дар зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, ҳам таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳам корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми назаррас дошта бошанд. Чанде пештар роҳбарияти корхонаи “Оби зулол” вазифадор шуда буд, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар шаҳри Истаравшан як мактаби нави замонавӣ созад. Ҳоло корҳои омодагӣ дар ин самт оғоз шудаанд ва мактаби мазкур дар арафаи соли хониши 2009-ум ба истифода супурда хоҳад шуд.
Ин ҷо мехоҳам хотирнишон созам, ки дар давоми солҳои 2002-2008 аз ҳисоби буҷети давлат дар ҳудуди шаҳри Истаравшан 12 мактаби нав барои 3 600 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Имрӯз барномаи компютеркунонии мактабҳо дар Истаравшан пурра иҷро шуда, мактабҳои шаҳр дорои 620 компютер ва 60 принтер мебошанд.
Шумо, ҳозирини мӯҳтарам, хуб медонед, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлати соҳибистиқлоли мо таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Ба татбиқи ин ҳадаф мо ҳанӯз аз оғози давлатсозиву давлатдории навинамон шурӯъ карда будем. Дар марҳалаи кунунӣ, ки дар саросари олам арзиши нафту сӯзишворӣ ва маводи асосии ғизоӣ тадриҷан афзуда, ба рушди кишварҳои рӯ ба инкишоф ва қобилияти харидории аҳолии онҳо таъсири манфӣ мерасонад, ҳифзи амнияти озуқавории кишварамон аҳамияти бештар пайдо кардааст. Бо мақсади паст кардани сатҳи вобастагии бозори истеъмолии мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ, пешгирии афзоиши нархи маводи ғизоӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон, ки тамоми пешрафту дастовардҳои мо аз баракати он аст, мо истифодаи оқилона ва самарабахши замин, бахусус аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду ҳосилро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти кишоварзон муайян кардем. Дар доираи иҷрои ин вазифаи ватандӯстона ҳоло дар шаҳри бостонии Истаравшан низ вазъи истифодаи замин беҳтар гардида, кишти такрорӣ вусъат ёфтааст ва майдони он ба беш аз 2400 гектар расонида шудааст. Ҳамчунин  қариб 300 гектар боғ ва токзори нав бунёд гардидааст, ки боиси қаноатмандӣ мебошад.
Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ афзоиши нархи молу маҳсулот бештар аз омилҳои берунӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, бояд ҳар яки мо, яъне ҳар як шахсе, ки дорои як ваҷаб замин ва имконияти истеҳсоли ягон намуди маҳсулот мебошад, ҳарчи бештар барои истифодаи оқилонаву самараноки он, афзун гардонидани маҳсулоти ғизоӣ, таъминоти оилаи худ ва бозори истеъмолӣ, инчунин ба вуҷуд овардани захираи дусолаи маводи озуқаворӣ, бахусус ғалладона кӯшишу талош намоем.
Дӯстони азиз!
Дар айни ҳол дар пешорӯи Тоҷикистони азизамон танҳо як мушкилӣ– дар фасли тирамоҳу зимистон нарасидани қувваи барқ истодааст, ки он ҳам муваққатӣ мебошад. Мо хуб медонем, ки мардуми кишварамон дар фасли сармо аз бебарқӣ танқисӣ ва азият мекашанд. Шумо аз азму талошҳо ва кору пайкори Ҳукумати мамлакат дар самти ҳаллу фасли масъалаи энергетикӣ, аз ҷумла сохтмон ва таъмиру азнавсозии якчанд  иншооти энергетикӣ, инчунин нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда –2» хуб огоҳ ҳастед.
Барои он ки мардуми кишварамон дар фасли сармо азият накашанд, дар тамоми шаҳру деҳоти мамлакат, аз ҷумла Истаравшан низ нуқтаҳои фурӯши ангишту газ ва ҳезум ташкил карда шудаанд. Бори дигар таъкид месозам, ки омодагӣ ба зимистон кори ҷиддист ва роҳбарони ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама мактабу кӯдакистонҳо ва муассисаҳои тандурустӣ бояд ҳаҷми зарурии сӯзишвориро захира намоянд. Инчунин ҳар як оила захираи дусолаи маводи озуқаро дошта бошад.  Тавре ки гуфтам, мушкилоти энергетикии кишварамон муваққатист ва мо ин проблемаро низ солҳои наздиктарин пурра ва ҳатман бартараф менамоем. Дар баробари ин, истиқлолияти воқеии давлатамонро, ки ормони ҳазорсолаи аҷдоди гузаштаамон, дастоварди бузургу бебаҳо ва неъмати муқаддаси миллатамон мебошад, мустаҳкам намуда, бо заҳмати содиқонаву софдилона рушду ободии Ватани азизамон ва сатҳу сифати зиндагии мардумамонро ба сатҳи зарурӣ хоҳем баровард.
Дар амалӣ гардидани ин ҳадафҳои бузург рӯҳи абармардони миллатамон, аз ҷумла султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар ҳамбастагӣ бо солгарди истиқлолияти давлатиамон имрӯзҳо 1150-солагии зодрӯзашро ҷашн гирифта истодаем ва инчунин ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии фарзандони бонангу номуси халқамон ёру мададгори мо мебошанд. Дар охир бори дигар шумо, ҳозирини гиромӣ ва мардуми бонангу номус,  ватандӯсту заҳматкаш ва сарбаланди Истаравшани бостониро ба ифтихори ҷашнҳои истиқлолияти миллӣ, зодрӯзи устод Рӯдакӣ ва Соли забони тоҷикӣ табрик намуда, ба кору зиндагиатон барору баракат орзумандам.
Саломату сарбаланд бошед!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 9554
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед