logo

фарҳанг

ҶОМЕА. ВАҚТЕ АКСАРИЯТИ АҲОЛӢ ҶАВОН АСТ...

Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, дурнамои ҳар қавму миллат аз насли ҷавони дурандешу худогоҳаш вобастагӣ дорад. Маъмулан, дар аксарияти кишварҳои олам масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷавонони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мераванд.
Ҳукумати мамлакат аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ҷавонони кишвар таваҷҷуҳи махсус медиҳад ва баҳри  рушди онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Ҳоло 70 дарсади аҳолии ҷумҳуриро шахсони то 30 - сола ташкил медиҳанд ва онҳо неруи бузурги мутаҳаррики пешрафти кишвар мебошанд. Боиси сарфарозист, ки имрӯз ҷавонони тоҷик бо шоҳкориҳои бузурги худ дар самтҳои мухталифи ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари соҳибистиқлоламонро муаррифӣ намуда, ба ифтихори эшон Парчами давлатии Тоҷикистон боло бардошта мешавад. Хусусан, дар самти варзиш комёбиҳои варзишгарони мо лоиқи эътирофанд. Тавре маълум аст, ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро сазовор мегарданд. 
Мавриди зикр аст, ки дар шароити муосир танҳо доштани неруи ҷисмонӣ барои рушди кишвар кифоя нест. Яъне, бояд ҷавонон донандаи хуби илмҳои муосир ва техникаву технологияи ҳозиразамон бошанд. Аз ин рӯ, неруи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Бо пешрафту тараққиёти рӯзафзуни ҷомеа ва рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат, инчунин, барои дар муқобили таҳаввулот ва пешрафти  ҷаҳони муосир устувор будану мавқеи худро миёни ҷомеа дарёфтан зарур аст, ки  ба сатҳу сифати илму дониш таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.
Айни ҳол дар мамлакат беш аз 636 муассисаи таҳсилоти томактабию кӯдакистон мавриди амал қарор доранд, ки дар он 96 ҳазор наврас ва зиёда аз 1600 маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии  46300 наврас ба таълиму тарбия ва ба омӯзиш машғуланд. Ҳамзамон, дар назди чанде аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат низ муассисаҳои омоданамоӣ ба мактаб таъсис дода шудаанд, ки ин ҳам тадбири хубе дар ин самт маҳсуб меёбад.
Дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон наврасон аз синни хурдсолӣ ба таҳсил ҷалб карда мешаванд. Зеро, ба андешаи равоншиносон давраи ташаккулёбии майнаи наврасон ҳамин давра мебошаду имкони бештару хубтар ва дақиқ қабул кардани донишу маълумот ҳам, хусусан, дар ин муддат беҳтар будааст. Онҳо бар он назаранд, ки дар ин муддат бояд наврасон бештар ба таълиму омӯзиш фаро гирифта шаванд.             
Тавре масъулон иброз медоранд, шумораи наврасоне, ки айни ҳол ба боғчаҳо фаро гирифта мешаванд, 14 дарсадро ташкил медиҳад, ки бо ин шумора наметавон ба мақсаду ҳадафҳои дарпешбуда комёб шуд. Дар асоси дастуру фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 то 30 дарсади кӯдакон бояд ба таҳсили томактабӣ фаро гирифта шаванд. Бо маҳсулоти хӯрокаи хушсифат таъмин намудани кӯдакистон ва додани хурду хӯроки солиму саривақтӣ аз омилҳои дигарест, ки баҳри ҷалби кӯдакон ба ин муассисаҳо замина мегузорад. Ин ҳам барои пешрафти мунтазами соҳаи маориф қадами устуворе буда, ҷиҳати ба камол расондани наврасони пешқадам даст медиҳад. 
Ба хотири беҳтар фаро гирифтани насли наврасу ҷавони кишвар имрӯз давлат, ҷомеа ва волидайнро зарур аст, ки  масъулияти даҳчанд эҳсос намуда, имкониятҳои иқтисодии хешро барои рушди маънавию ҷисмонии ояндасозони ҷомеа сарф намоянд. То онҳо ҳамчун парчамбардори миллат омода буда, обрӯву эътибори Ватани худ - Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд ва мояи ифтихори наслҳои оянда бошанд.                             
Нигина ДАВЛАТЗОДА,
корманди Вазорати тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2021    №: 4    Мутолиа карданд: 518
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед