logo

фарҳанг

НАМАДМОЛӢ

Намадмолӣ, ки онро намадрезӣ низ меноманд, яке аз ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик буда, бештар дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, он мавзеъҳое, ки мардум ба парвариши чорвои хурд машғуланд, маъмул мебошад.
Намад як навъи гилем ё палос, мафраши ғафс, сабук ва гарму мулоим буда, андозаи он одатан  2 х 3 метр ва баъзан каму беш аз ин мебошад. Ғафсиаш 0,5 – 1 см буда, онро аз пашми чорвои хурд (гӯсфанд ва бузи ангорӣ) истеҳсол мекунанд, ки истифодааш дар фасли сармои зимистон хеле мувофиқ аст.
Тақрибан ҳашт ҳазор сол қабл тоҷикон ба ин навъи ҳунар аниқтараш баъд аз хонагӣ кардани гӯсфандони ваҳшӣ шурӯъ кардаанд. Ҷараёни истеҳсоли намад дар байни сокинони вилояту ноҳияҳои кишвар аз ҳамдигар тафовут дорад. Тарзи омода кардани он дар байни мардуми Бадахшон чунин мебошад: аввал як чодари васеъро ба замин паҳн намуда, болои он мувофиқи завқу тахайюлашон пашмҳои рангкардашудаи гуногунро ҳамчун нақшу нигор гулпартоӣ мекунанд. Сипас, аз болои нақши сохтаашон пашмҳои яклухт мепартоянд. Аз болои пашмҳои сиёҳ ҳатман пашмҳои рангашон сафед, зардча ё, умуман, равшантар тунук мекунанд, ки дар натиҷа намад ғафстар мешавад. Баъдан оби гармро бо зарфи тагаш сӯрохмонанд ба ғалбер аз болои пашмҳои чодар мерезанд. Пасон чодарро эҳтиёткорона лӯлапеч карда, аз нугҳо ва танааш бо бандҳо ба шакли уреб мебанданд, то ки он кушода нашавад. Лӯларо ба фарши ҳамвор гузошта ҳунармандон, ки бояд аз панҷ нафар кам набошанд, сари зону нишаста, моҳирона бо банди дастҳояшон ғелон – ғелон мемоланд. Баъди ба муддати муайян ғел додан онро кушода, аз пушти намад собунро нам карда мемоланд, ки часпак шаваду пашмҳояш устувор гарданд. Сипас онро дубора лӯлапеч карда ба молидан идома медиҳанд. Ҳамин тавр, ҷараёни намадмолӣ 3-4 соат идома меёбад. Баъдан лӯларо кушода, дар ҷои офтобӣ мегузоранд ва баъди ба пуррагӣ хушк шудани намад он барои истифода омода мешавад.
Аз рӯи суннати мардуми Бадахшон дар ҳар як хонаи онҳо бояд ҳадди ақал яктогӣ  намад бошад. Дар ноҳияи Ишкошим расми махсусе ҳаст, вақте барои арӯс намад омода мекунанд, барои гулпартоии он зани солхӯрдаеро даъват мекунанд. Зани солор бояд соҳиббахту серфарзанд бошад. Ӯ ба арӯс дуои хайр дода, сипас намади арӯсиро омода менамоянд.

Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2021    №: 4    Мутолиа карданд: 795
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед