иқтисод
ХОВАЛИНГ ДАР МАСИРИ РУШД
Дар партави сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар Ховалинг низ симои зоҳирии хешро ба куллӣ тағйир дода, ба як гӯшаи ободу зебо табдил ёфтааст. Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию созандагӣ дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон рӯз ба рӯз вусъати тоза касб мекунанд.
Раиси ноҳияи Ховалинг Маҷиди Муҳтадӣ Хайрулло дар ин хусус ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин иттилоъ дод:
- Тибқи нақша – чорабиниҳо бунёду таъмири 330 иншооти таъйиноташон гуногун дар назар аст. То имрӯз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат тавассути корҳои ободонию созандагӣ садҳо иншооти наву замонавӣ, аз қабили боғи фарҳангӣ -фароғатӣ, бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, толорҳои варзиш, марказҳои савдову хизматрасонӣ, маишӣ, гулгашти ҷавонон, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ, коргоҳҳои дӯзандагию саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, осорхона, терминали мусофиркашонӣ, пулҳои мошингузар, таъмиру мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ба ҳусни шаҳраку деҳоти ноҳия симои наву тоза бахшиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон, 25 сентябри соли 2020 ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, пули нави байни деҳаи Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзо ва деҳаи Синҷии деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин пул дар болои дарёи Ёхсӯ сохта шуда, 80 метр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад. Иқтидори борбардориаш 40 тоннаро ташкил медиҳад. Иншооти нав дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Фатҳулло Қаҳҳоров ва Ҷумъахон Қосимов бо харҷи 1 миллион сомонӣ бунёд гардид. Қобили зикр аст, ки роҳбарияти олии мамлакат аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, масъалаи таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишварро ҳадафи муҳимтарини фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи он пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ месозад. Мавриди истифода қарор гирифтани пули нав аз иқдомҳои муҳим буда, мушкили сокинони ин деҳаҳои ноҳияҳои Ховалингу Муъминободро дар самти рафтуомад рафъ намуда, барои интиқоли молу маҳсулот ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ заминаи устуворро фароҳам овард. Тавре масъулон иброз доштанд, тавассути ин пул сокинону сайёҳон ва меҳмонон метавонанд ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Чилдухтарон дар кӯтоҳтарин муҳлат расанд. Ҳамчунин, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг, Пешвои миллат роҳи мошингарди 5 - километраи Панҷариён – Шугнов ва Шугнов – Ховалингро, ки 15 километр мебошад, ба истифода доданд. Таҷдиду навсозии ин роҳҳо низ дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ амалӣ шуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳия бинои меҳмонхонаи «Манзара» мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг, Пешвои миллат бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 – ро барои 1500 хонанда дар ду баст, корхонаи хурди истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва бандубасти гиёҳҳои шифобахши ҶДММ «Оби Ховалинг», маҷмааи варзиш, бинои қисми мустақили 55 – уми ҳарбикунондашудаи хадамоти давлатии оташнишониро мавриди истифода қарор доданд. Умуман, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 44 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ барои 7700 ҷойи нишаст, сохта ба истифода дода шудаанд. Танҳо дар 3 соли охир 6 муассисаи нави таълимӣ бо 2300 ҷои нишаст роҳандозӣ гардид ва ҳоло бунёди боз 5 муассисаи таълимии муосир идома дорад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.01.2021 №: 4 Мутолиа карданд: 769