иқтисод
САРМОЯГУЗОРӢ. ВАҚТЕ СОҲИБКОР ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ МЕЁБАД...
Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар соҳаи сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ имкон фароҳам овард, ки фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар гардида, фаъолияти соҳибкорӣ дар самтҳои гуногун, хусусан дар истеҳсолот, вусъат гирифт. Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат самараи дилхоҳ дода, ба раванди ташкили ҷойҳои нави кор, фаъол намудани корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бахусус, солҳои охир баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин, ҷалби сармоя дар ҷумҳурӣ механизмҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатӣ роҳандозӣ гардиданд.
Яке аз чунин механизмҳо бастани созишномаҳои сармоягузорӣ бо сармоягузор ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ мебошад. Бо бастани созишномаи сармоягузорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузор уҳдадор мегардад, ки лоиҳаи сармоягузориро дар соҳаҳои афзалиятнок барои иқтисодиёт бо назардошти сохтан ва ба истифода супурдани корхона, ташкили ҷойҳои нави кор, бунёди инфрасохтор ва ғайра амалӣ намояд. Ҳукумат дар навбати худ, ба сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ имтиёзҳои муайяни андозию гумрукӣ ва кафолатҳои гуногун пешниҳод месозад.
Мавриди зикр аст, ки гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои азими саноатӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт фаъолияти пурсамар дошта, давра ба давра вобастагии бозори ҷумҳуриро аз маҳсулоти сохтмонӣ ва нассоҷии хориҷӣ коҳиш дода истодааст. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки нақши гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бозомӯзии мутахассисон, вориди технологияҳои муосири инноватсионӣ, ғанӣ намудани буҷет бо андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, беҳтар кардани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ назаррас аст.
Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар соҳаи истеҳсоли семент, варақаҳои гаҷкартон, оҳаки сохтмонӣ, ранг ва дигар маҳсулоти сохтмонии ороишӣ, халтаҳои полипропиленӣ, фурӯзонакҳои диодӣ ва нассоҷӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардидааст. Иқтидори истеҳсолии корхонаҳо зиёда аз 2,5 миллион тонна семент, 5 миллион дона гаҷкартон, 10 ҳазор тонна ранг, 70 миллион дона халтаҳои полипропиленӣ, 1,2 миллион дона фурӯзонакҳои диодӣ, 55 миллион дона маҳсулоти нассоҷӣ (ҷӯроб ва дастпӯшак), 60 ҳазор тонна оҳақи пухтаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти корхонаҳои “Ғаюр” талаботи аҳолии Тоҷикистонро пурра қонеъ месозад, қисми барзиёд ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Федератсияи Россия содирот мешавад.
Саҳми корхонаҳои “Ғаюр” дар самти амалҳои созандагӣ ва хайру эҳсон низ назаррас аст. Сохтан ва ба истифода супурдани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 нафар хонанда ба маблағи 15 миллион сомонӣ, коллеҷи технологию фармасевтии Тоҷикистон ба маблағи 23 миллион сомонӣ, муассисаи томактабӣ ба маблағи 15 миллион сомонӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, таъмир ва азнавсозии муассисаи томактабӣ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ба маблағи 5 миллион сомонӣ аз ҷумлаи чунин эҳсонкориҳост. Бояд тазаккур дод, ки дар сохтори гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” фонди хайриявии “Ман Тоҷикистонро дӯст медорам” ташкил ёфтааст, ки фаъолияти асосии он амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни хайру эҳсон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, варзиш ва ғайра мебошад. Аз замони таъсис то ҳол фонди мазкур лоиҳаҳои хайриявиро ба маблағи зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағгузорӣ намудааст.
Инчунин, гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” ҷиҳати иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни муаррифии лоиҳаи биноҳои баландошёна дар кӯчаи С. Айнӣ ва гузоштани санги асоси муассисаҳои таълимии пойтахт 9 ноябри соли 2018 дода буданд, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонандаро ба маблағи зиёда аз 45 миллион сомонӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе идома медиҳад.
Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” бо мақсади истифода аз имтиёзҳои андозӣ, ҳуқуқ ва кафолатҳо нисбат ба сармоягузор тибқи тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ” бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонд. Мувофиқи муқаррароти он ба ширкати лоиҳавӣ, яъне ширкате, ки лоиҳаи мазкурро амалӣ менамояд, имтиёзи андозӣ дар намуди озод будан аз пардохти андоз аз фоида ба муддати 5 сол пешбинӣ гардидааст.
Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа ширкати лоиҳавӣ - ҶДММ “Ғаюр Пак”-ро таъсис дода, аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои “Ғаюр” бо мақсади рушди технологияҳои инноватсионӣ таъсис ёфтааст, бо истифода аз технологияи “AD*STAR” сохтмони корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро ба маблағи зиёда аз 10,5 миллион доллари ИМА оғоз намуд.
Таҷҳизот ва технологияи наву инноватсионӣ барои сохтмони корхонаи мазкур аз Ҷумҳурии Австрия, аз ширкати бузурги “Starlinger & Co GmbH” (Старлингер анд Ко ҷиэмбиэйч) харид гардид, ки фаъолияти он пурра автоматист.
Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ аз хатҳои истеҳсол ва бофтани ришта, ламинатсия, рангуборкунӣ ва буриши матоъ ва конверткунонии халтаҳо, бандубаст ва лаборатория иборат мебошад. Иқтидори истеҳсолиаш 50 миллион дона халтаи полипропилении насли нави шакли конвертидошта ва дорои клапани автоматӣ (бе истифода аз ширеш ва дигар маҳсулоти химиявӣ) мебошад, ки рақобатпазирии маҳсулоти моро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бозорҳои давлатҳои ҳамсоя низ таъмин хоҳад кард.
Ба гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” се корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии 2,5 миллион тонна шомил мебошад, ки тақрибан 70% маҳсулоти онҳо дар халтаҳои полипропиленӣ борпеч шуда, зиёда аз 80% халтаҳои мазкур барои эҳтиёҷоти корхонаҳои “Ғаюр” аз хориҷа ворид мешуд. Ҳолати мазкур, яъне вобаста будани корхона аз халтаҳои воридотӣ хатар ва таваккалро ба фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои сементи мо зиёд ва рақобатпазирии маҳсулотро паст менамуд. Инчунин, сифати халтаҳои воридотӣ паст буду маҳсулот зиёд талаф меёфт.
Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки талаботи бозори кишвар пурра бо халтаҳои полипропиленӣ барои эҳтиёҷоти соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва ғайра қонеъ гардида, вобастагӣ аз маҳсулоти хориҷӣ давра ба давра аз байн равад.
Бунёди корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, сарчашмаи нави ғанӣ намудани буҷет бо андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пайдо гардад.
Аз рӯи ҳисоби пешакии мутахассисони корхона, маблағи имтиёзи пешниҳодгардида аз ҳисоби андоз аз фоида дар давоми 5 сол зиёда аз 25 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки барои рушди корхонаи навбунёд дастгирии давлатии хеле ҷиддӣ мебошад.
Юсуф САФАРОВ, директори иҷроияи гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.01.2021 №: 5 Мутолиа карданд: 1142