фарҳанг
ПЕШВОИ МИЛЛАТ.
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД
Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон нахуст худ аз гузаштаи пурифтихор ва аз зиндагиномаи шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ сабақбардорӣ намуда, сипас, баҳри насли имрӯзу фардои миллат чеҳраҳои мондагорро аз минбарҳои баланд дар ҳамаи кунгураҳову ҳамоишҳои ватаниву хориҷӣ муаррифӣ кардаву ҷашнҳо оростаанд, то ки мақому манзалати онҳо шинохта шавад.
Бобоҷон Ғафуров мазҳари худшиносӣ буда, барои ҳамаи соҳибон ва меросбарони ин тамаддуни бузург боиси ифтихори миллӣ аст. Муҳаққиқи нуктасанҷ Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои ӯро дар арсаи сиёсат, илм, фарҳангу маориф тақдир намуда, унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистонро ба ин фарзанди фарзонаи миллат сазовор донистаанд. Пеш аз ҳама, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба китоби “Тоҷикон” баҳои баланд дода, онро “қувваи заволнопазир дар болоравии худшиносию худогоҳии миллӣ” шумурданд. Сарвари давлат ба ин асари ҷовидонаи Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” пешгуфторе таҳти унвони “Сарчашмаи худшиносии миллӣ” навиштаанд. Дар он, аз ҷумла омадааст: “Қимати илмии «Тоҷикон», алҳақ, бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш на танҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва мардуми ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои ӯзбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт”. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи пешгуфтори худ ба китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки ба ифтихори 100-солагӣ бознашр шуда буд, зарурати онро бори дигар таъкид намуда, навиштаанд: “Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем. Дар ин роҳи пуршараф чопи осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров барои барафрӯхтани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мадад хоҳад расонд”.
Дар мавриди шахсият, хидматҳои бузурги сиёсиву давлатӣ, фаъолияти илмӣ ва фазилатҳои барҷастаи ин аллома боз ду мақолаи Пешвои миллат таҳти унвонҳои “Фарзанди фарзонаи миллат”, “Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ” ба қалам омадааст, ки ҳар ду мақола ба китоби “Чеҳраҳои мондагор” ворид шудааст. Якум, дар мақолаи “Фарзанди фарзонаи миллат” хидматҳои Бобоҷон Ғафуровро, ки аз солҳои 30-юм ибтидо мегиранд ва дар таъсиси нахустин муассисаҳои илмӣ ташаббус ва масъулият доштанд, ҳамчун Сарвари ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гирифтаанд, шарҳу тафсир шудаанд. Дуюм, дар ин мақола дар тамоми самту соҳаҳои фаъолият Бобоҷон Ғафуров, ки ба арзишҳои умумибашарӣ арҷ мегузошт ва нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти миллатгароӣ, ақидаҳои шовинистӣ ва ҷудоиандозӣ оштинопазир буд, таъкид гардидааст. Хосатан, боиси ифтихор ва шарафи тоҷикон мебошад, ки Бобоҷон Ғафуров директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин мешавад, ки дар ин маврид омадааст: “Дар мақоми сарвари Институти шарқ-шиносӣ қобилият ва истеъдоди Бобоҷон Ғафуров чун арбоби мумтози илм баръало зоҳир гардид. Дар баробари он, ки Институти шарқшиносӣ ба яке аз марказҳои бузурги таҳқиқотии таъриху тамаддуни Машриқзамин табдил ёфт, бо дастгирии ӯ дар бисёр ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Институти шарқшиносӣ таъсис дода шуд”. Инчунин, зикр гардидааст, ки ӯ ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халқҳо, пеш аз ҳама, лаҳзаҳое меҷуст, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва қаробати миллатҳову тамаддунҳо мусоидат карда тавонад. Таҳти унвони «Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ» мақолаи дуюми Пешвои миллат оварда шудааст. Муаллифи нуктасанҷ ёдовар мешаванд, ки ин марди тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсӣ «бо ҷасорати сиёсиву илмӣ дар паҳлуи Садриддин Айнӣ истода, барои ҳифзи номи неки миллати тоҷик, аз таҳрифи бадқасдона ҳимоя кардани таъриху фарҳанги пурғановати он қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватани азизаш сарбаландона адо намуд». Ин асар барқе, шуълае ва таконе буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллат равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносиву ифтихори миллиро комилият ва ба фарзандони худогоҳ ва фидоӣ ҷасорат бахшид.
Ҳамин тавр, аз нигоҳи Пешвои миллат шахсият ва мероси илмии алломаро мукаммал омӯхта, тадқиқ карда, тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти илмиро дар асари бунёдии “Чеҳраҳои мондагор” зикр намудаанд. Аз ин лиҳоз, “Чеҳраҳои мондагор” асари камназир буда, дар омӯзиши шахсият ва мероси аллома Бобоҷон Ғафуров арзишманд ва муфид аст.
Кибриёхон АТОЕВА,
устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ - иҷтимоии
Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,
номзади илмҳои филология
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2021 №: 7 Мутолиа карданд: 832