барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОЗАИНТИХОБИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН
12 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Садир Нургожоевич!
Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон табрик мегӯям.
Натиҷаҳои ибрози раъйи мардуми Қирғизистон далели ҷонибдории васеи ҷомеа аз роҳи интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба таҳкими суботу ризоият дар кишвар ва рушди устувору шукуфоии он нигаронда шудааст.
Мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистонро анъанаҳои чандинасраи робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд. Бо таъкиди алоқамандии инҷониб ба нигоҳдориву афзун гардондани мероси таърихии созандаи муносибатҳои мардумони мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъю талошҳои пайгиронаи муштаракамон умед мебандам.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Садир Нургожоевич, сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон комёбиҳо, ба мардуми бародари Қирғизистон сулҳу субот ва пешрафти беш аз пеш орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.01.2021 №: 8 Мутолиа карданд: 4961