иқтисод
ҲИСОР. РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ КАЛИДИ МАХЗАНИ ИЛМУ ДОНИШ
Дар шаҳри Ҳисор татбиқи барномаҳои давлатӣ, ки ба самти соҳаи маориф, тандурустӣ, пешрафти фаъолияти иҷтимоии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона шудаанд, пурсамар идома дорад. Аз ҷумла, маорифчиёни шаҳр баҳри ба боварии Пешвои миллат сазовор гардидан пайваста талош намуда, ҷиҳати ба камол расондани насли ояндасоз, пешбурди кори таълиму тарбия ва рушду нумӯи ҳамаҷонибаи соҳа фаъолияти самимона доранд. Дар ин раванд вобаста ба сифати таълиму тарбия, таъмини таълимгоҳҳо бо маводи таълимӣ, ёрии методӣ расондан ба мутахассисони ҷавон, фароҳамоварии шароити мусоиди кори таълиму тарбия дар таълимгоҳҳои шаҳр таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад.
Тавре Н. Муқимзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳр, изҳор дошт, алҳол дар шаҳр 90 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 25 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 10 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, як гимназия ва 2 литсей, маркази санъат, эҷоди кӯдакон ва наврасон, муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасон, 2 маркази инкишофи кӯдакон ва 10 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва бунёди муассисаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон соли сипаришуда сохтмони 89 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилотии садамавӣ ва 70 синфхонаи иловагӣ дар назди таълимгоҳҳое, ки ба синфхона эҳтиёҷ доштанд, ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 65 синфхонаи иловагӣ, инчунин, муассисаи томактабии “ Садбарг” барои 120 кӯдак ва муассисаи томактабии хусусии “Кабӯтар” барои 220 кӯдак бо лавозимоти хониш муҷаҳҳаз сохта ба истифода дода шуд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 93 синфхонаи иловагии дигар идома доранд.
Дар 90 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 25 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ, гимназияю литсей ва муассисаҳои томактабӣ 612 иттиҳодияи методии дохилимуассисавӣ фаъолият дорад, ки дар машғулиятҳои он 3368 омӯзгор ва мураббӣ ширкат менамоянд. Инчунин, дар ин давра 453 омӯзгор аз курсҳои такмили ихтисос гузашт. Дар асоси нақша ва фаъолияти бахши хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф 46 муассиса аз аттестатсия ва аккредитатсия гузаронда шуд, ки сифати таҳсилот дар маҷмӯъ, 36,5 ва азхудкунӣ 85,6 дарсадро ташкил дод.
Ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 116 муассисаи таълимӣ бо 1744 компютер, 387 принтер, 111 генератор таъмин гардиданд, ки ба ҳар 16 хонанда як адад компютер рост омада, 93 дарсади иҷроиши барномаи мазкурро ташкил медиҳад. Таълимгоҳҳои шаҳр бо омӯзгорони фанни забони русӣ ва англисӣ таъмин шуданд.
Варзиш нишони саломатӣ, дарозумрӣ ва ҳамоҳангии пурраи ақл, рӯҳ ва бадан мебошад. Ҳангоми машғул будан бо варзиш шахс ба таври солим фароғат намуда, аз он қаноатманд ва болидарӯҳ мегардад. Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарбияи насли солим дар таълимгоҳҳои шаҳр 39 толор ва 90 майдончаи варзишӣ фаъолият дорад, ки барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ пурра муҷаҳҳазанд. Ин аст, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ва Спартакиадаи мактаббачагон дастаҳои варзишии таълимгоҳҳои шаҳр ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ба он мусоидат намуд, ки хонандагон дар озмунҳои шаҳрӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, ҳамасола ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд. Аз ҷумла, дар даври шаҳрии олимпиадаҳои фаннӣ 256 нафар сазовори ҷойҳои намоён, дар даври минтақавӣ 133 хонанда ва дар даври ҷумҳуриявӣ 10 нафар ба гирифтани медал ноил гаштанд, ки нисбат ба соли пешӣ 150 дарсад зиёд мебошад.
- Дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва омӯзгорон чорабиниҳо таҳия гардиданд. Ҳамзамон, беҳтар намудани сифати таҳсилот, ҷалби хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ, самаранок ба роҳ мондани кори китобхонаҳои муассисаи таълимӣ, инчунин, баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “ Китобхони беҳтарин”, вусъат бахшидан ба бунёди иншооти соҳаи маориф, хусусан таъсиси муассисаҳои томактабӣ, тадбирҳои мушаххас марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд, - гуфт Н. Муқимзода.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.01.2021 №: 8 Мутолиа карданд: 727