сиёсат
2020. БАРДОШТҲО АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ
Соли 2020 Тоҷикистон яке аз давраҳои муҳими сиёсиву таърихиро паси сар карда, ба марҳалаи рушд ворид шуд. Дар ин давраи басо муҳими таърихӣ ҷиҳати пешрафти назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ заминаҳои мусоид фароҳам гардида, обруву нуфузи кишвари азизи мо дар арсаи ҷаҳонӣ дучанд афзуд, ки дар ин замина, ҳаёти мардум куллан беҳбудӣ ёфт.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар сатҳи баланд баргузор гардида, бори дигар эътимоду бовари мардуми шарафманди кишварро ба ояндаи дурахшони Ватан ва Пешвои муаззами миллат собит кард.
Тазаккур бояд дод, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии сиёсатмадори дурбину дурандеш Эмомалӣ Раҳмон рӯзгори душворро паси сар карда, имрӯз ба марҳалаи сифатан нав ворид гашта дар ҳоли тараққиёт аст. Дар зарфи ин солҳо дар натиҷаи татбиқи бомарому босамари ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар, ки ҳар яке дар самтҳои муайяну мушаххас инкишофи иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам карданд, ҳаёти мардум ба таври мусбат куллан дигаргун шуд. Тамоми дастоварду комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ном ва кори пурбаракати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст. Бинобар ин, мардуми қадршиносу заршиноси тоҷик дар интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон боз як бурди таърихиро соҳиб гардид.
Дар баробари соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи илму маориф ба таври рӯзафзун эҳсос шуда, ҳамасола иқдому ташаббусҳои нав ба нав ҷиҳати дастгириву рушди соҳа рӯи кор меоянд. Таъмини таҳкими сифатноки таълим аз таъкидҳои доимии Пешвои муаззами миллат аст. Дар ин раванд, ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияи муосир ва таҷҳизондани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир мешавад. Воқеан, пешрафти босуръати илму техника ва маҷрои рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ тақозо мекунад, ки ба раванди таълим диду назари нав андӯзем.
Дар партави сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори муосири меҳнат нақши муассир дорад.
Натиҷаҳои фаъолияти муассиса давоми соли 2020 бозгӯи онанд, ки раванди таълиму тарбия мувофиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат сурат гирифта, дар ҳама самт дастоварду муваффақият ба мушоҳида мерасанд.
Магистрант ва донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳӣ дар самти илм ва инноватсия фаъолона иштирок доранд. Аз ҷумла, дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба дарёфти 3 ҷои якум, 2 ҷои дуюм ва 3 ҷои сеюм ноил гардиданд, дар даври ниҳоӣ 6 нафар мақоми ифтихорӣ гирифт. Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 7 ҷои намоёнро ба даст оварданд. Ҳамчунин, дар Озмуни байналмилалии “Беҳтарин олими ҷавон-2020”, ки дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, Шодмон Нурматов, докторанти факултети геоэкология ва Анисахон Ёқубова, омӯзгори факултети филологияи рус бо медал ва дипломи дараҷаи 1 сарфароз гаштанд.
Муассисаи давлатии таълимии “Дониш-гоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон саъй карда, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ неруи ақлониву ҷисмонии худро равона намуда, бо ин роҳ баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи худро мегузорад.
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2021 №: 9 Мутолиа карданд: 532