иқтисод
МУЪМИНОБОД. СОҲИБКОРОН ВАТАНСОЗАНД
Вақте Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорон оид ба ободонию бунёдкориҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват ба миён оварданд, яке аз нахустинҳо шуда Раҷабалӣ Раҷабов, зодаи ноҳияи Муъминобод, ба он пайравӣ кард. Аввалан, ӯ маркази тиҷоратии «Шамс» - ро бунёд намуд. Зиёда аз 150 дукону мағоза, сехҳои дӯзандагӣ, коркарди шир ва қаннодӣ сохт. Айни замон дар ин ҷо 200 нафар соҳиби ҷои кору маоши хубанд.
Сипас, ба навсозии роҳи 1300 - метраи маҳаллаи А. Партоев рӯ овард. Онро ҳамвору сангфарш ва, баъдтар, мумфарш кард. Аз болои сойи маркази ноҳия пуле сохт, ки ду маҳалларо бо ҳам мепайвандад ва дигар мардум аз селомадҳо тарсе надоранд.
Чоҳи кандааш, дар чуқурии 50 метр, имрӯз ба сокинони 250 хона оби ошомиданӣ ва полизӣ медиҳад. Гулгашти сохтааш, ба дарозии 250 метр зеби деҳаи Шаҳринав мебошад. Дар ҳамаи ин ободгариҳо ӯ қариб 5 миллион сомонӣ сарф кард.
Раҷабалӣ нақшаҳои зиёде дорад. Дар фермаи мавзеи Тиргар ва лаби оби Сурхак, бунёдкардааш, парвариши мурғҳои марҷон, хонагӣ ва чорвои калонро ба роҳ монданист. Дар ҳамин ҷо ҳавзи калони моҳигирӣ сохта, мардумро на танҳо бо гӯшти парҳезӣ, балки бо гӯшти арзон таъмин карданист.
Мавзеи фароху дилпазири Тиргар замини хубе дорад. Дар ин заминҳо Раҷабалӣ ангурбоғҳо бунёд менамояд.
То Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ин соҳибкор нақшаҳою ниятҳои созандаашро амалӣ месозад.
Нурулло ҲАСАНОВ,
ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2021 №: 9 Мутолиа карданд: 562