иқтисод
«БОҒПАРВАРИ СУҒД». 10 ГЕКТАР БОҒИ СУПЕРИНТЕНСИВӢ БУНЁД МЕШАВАД
- Дар ҷамъияти «Боғпарвари Суғд», ки ба парваришу нигоҳубини дарахтони мевадиҳанда машғул аст, таҷдиди боғҳои куҳна оғоз гардид, - гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд.
Бино ба иттилои ӯ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони 10 гектар боғи суперинтенсивӣ бунёд карда, ба ин васила саҳми худро дар пешрафти соҳаи боғу токпарварӣ гузоранд. Барои бунёди боғҳои нави зардолу, гелос ва чормағз ниҳолҳои мевадиҳанда аз кишварҳои Япония, Италия ва Туркия оварда шуда, бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонда мешаванд.
Бо мақсади истифодаи самараноки замин боғпарварон ният доранд, ки дар байни қатори дарахтон парваришу нигоҳубини анвои гуногуни зироати кишоварзиро низ ба роҳ монанд.
Ҳамчунин дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии ваҳдат» ҷараёни бунёди боғи сиёҳолуро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ доданд, дар муассиса дар майдони 5 гектар боғи сиёҳолу бунёд мегардад, ки меваи истеҳсолшаванда ба содирот нигаронда шудааст.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2021 №: 6 Мутолиа карданд: 762