logo

туризм

САЙРИ ДАРАИ КАМАРОБ

Дидани ҳар гӯшаву канори Тоҷикистони азизамон ба кас рӯҳу илҳоми тоза бахшида, ҳар бинандаро мафтуни табиати дилфиребу чашмаҳои мусаффояш мегардонад. Боиси хушнудист, ки дар шаҳру ноҳияҳо то ба дурдасттарин деҳоташ корҳои созандагию ободкорӣ ба назар мерасанд. Ба ибораи дигар, сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ дорад. Ин ҳама аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз дурдасттарин ноҳияҳои кишвар дар кӯтоҳтарин фурсат симои хешро тағйир додаанд ва водии Рашт низ аз ин истисно нест. 
Воқеан, ҳар гоҳе дар бораи водии Рашт ҳарф мезананд, ҳамагон тавсифи дараи афсонавии Камаробро мекунанд. Борҳо ба худ мегуфтам: “Рӯзе мешуда бошад, ки ман ҳам он ҷойҳоро бубинам”. Акнун имкон даст доду сайри дараи овозадори Камароб намудем. Ҳангоми ба роҳ баромадан аз дидани табиати диёр ба ваҷд меомадем. Тамошои кӯҳҳои сарбафалак, ки ҷо - ҷо барф ба ҳусни табиат зебоии дигар зам кардааст, таваҷҷуҳи ҳар мусофирро ҷалб карда, арчазори қад-қади роҳ шинонда, ба таври хосу шаклҳои гуногун оро додани шоҳроҳ, ба намоиш гузоштани ҳунарҳои мардумӣ, нафаси тоза гирифтан аз боду ҳавои дилкашаш моро ҳаловат мебахшид. Роҳҳои ҳамвору кӯчаҳои серодам, шиору овезаҳо бароям торафт аҷибтар менамуд. Табиати дилфиребу обҳои мусаффояш аз даромадгоҳ бароям дилрабо менамуд. Пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ,  ки назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷой дорад, воқеан ҳам, ба ҳусни ноҳия зебоии дигаре зам кардааст. Мо роҳ сӯи  дараи Камароб гирифтем. Сарфи назар аз пандемияи коронавирус, дар ҳама гӯшаву канори кишвар омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди деҳот бармало мушоҳида мешавад. Ҳангоми ворид шудан ба ин дара мардумро дар фазои орому осуда саргарми корҳои ободонӣ дидем. Сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ошхонаву мағозаҳо, бӯстонсарою дигар иморатҳои хоҷагии халқ аз ояндаи дурахшони ин макон дарак медиҳад. Воқеан ҳам, ин ҳама ободкориҳо аз ваҳдату якдилӣ ва заҳмати аҳлонаи мардуми кишвар дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари маҳбуби давлатамон ба миён омадаанд.    
Камароб аз дараҳои зебоманзару дилфиреби водии Рашт аст, ки дар ҳар фасли сол назару таваҷҷуҳи мусофирону сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Ҳанӯз чанд сол қабл дилрабоии ин дара бо зебосанамони нотакрораш қалби сарояндаи сурудҳои халқӣ Акашариф Ҷӯраеро тасхир карда буд, ки дар ҳар суруд ва таронаҳояш  симои соҳибҷамолонаш тарранум мегардид ва онҳоро бо лаҳни дилангез ва дилошӯб замзама мекард:
Аз дараи Камароб,
Анора овардаме.
Анорҷон, Аноре...
 Дараи Камароб  дар иҳотаи ду силсилакӯҳи бузург ҷой гирифтааст, ки аз миёни он рӯди Сорбоғ бо оби шаффоф  шарфазанон ба дарёи Сурхоб мепайвандад. Аслан, рӯдхонаи Сорбоғ аз даҳҳо чашмаҳои хурди кӯҳӣ сарчашма мегирад, ки аксари он чашмаҳо чун обҳои шифобахши кӯҳистон эътироф гардидаанд. Камароб дараи ҳамешабаҳор аст. То омадани фасли сармо сабзию хуррамии худро ҳифз мекунад, ва ҳар нафаре, ки айёми фасли поиз ҳам аз ин дараи хушманзара дидан кунад, аз чукриву торон, сиёҳалафу рови баҳорӣ метавонад, лаззат барад. Ба андешаи бошандагони ноҳияи Рашт, дараи Камароб баробари зебоиаш дорои олами ғании ҳайвоноту парандагон аст, ки то ба ин дам дар муқоиса ба дигар манотиқи кишвар зиёдтар ҳифз гардидаанд. Дар ин дараи овозадору таърихӣ, тахтасанг - лавҳаи ёдбуд бо номи 26 ҳомии Ватан, ки соли 2010 дар асари суқути чархбол  ҳалок гардидаанд, ҳаккокӣ шудаву макони зиёраткунандагон гаштааст, ба чашм мерасад.  Ин иқдоми хайр аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, ки дар ҳама ҳолат мардумашро фаромӯш намекунанду номи фарзонафарзандони Ватанро ҳамеша зинда медоранд, дарак медиҳад.   
Ба ростӣ, нишастан дар муҳити софу хушбоду ҳаво ва хӯрдани гулмоҳӣ ҳаловате дорад, нотакрор. Аз рӯи гуфтаи бошандагони ин мавзеъ бо гарм шудани ҳаво сайёҳони зиёде аз дохилу хориҷи кишвар ба ин ҷо ташриф меоранд. Чун рӯдхонаҳои Камароб беҳтарин гулмоҳии Тоҷикистонро доранд. Воқеан ҳам, Камароб маконест диданию афсонавӣ. Аз чашидани хӯрокҳои болаззату гулмоҳии нодираш ҳанӯз ҳам дил мехоҳад, ки боз ба онҷо сафар бинамоям. Бо ба назар гирифтани андешаҳои фавқуззикр мехоҳам бигӯям, ки вақти он расидааст, ки ин дараи таърихиву овозадорро чун як минтақаи сайёҳӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, беш аз пеш зеботару дилработар гардонем.  
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2021    №: 11    Мутолиа карданд: 5860
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед