иқтисод
РАШТ. БА НАҚШАИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БОЗ 60 АДАД ИЛОВА ГАРДИД
Дар ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва созандагию бунёдкорӣ бомаром идома доранд.
Тибқи иттилои раиси ноҳия Раҳимҷон Муқимӣ, ба нақшаи мазкур, ки 274 иншоотро дар бар мегирифт, боз 60 иншоот илова гардид, ки то ҷашни фархунда пурра ба истифода дода мешаванд.
Давоми солҳои 2018 ва 2019 аз ин шумора 160 иншоот сохта шуд ва соли 2020 дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ 65 иншоот мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифт.
Аз 315 иншоот 52 – тоаш ба соҳаи маориф марбут буда, сохтмони муассисаҳои таълимии нав, синфхонаҳои иловагӣ ва боғчаҳои бачагонаро дар бар мегирад. Аз 41 иншооте, ки ба соҳаи варзиш тааллуқ дорад, бунёди майдончаҳо, толорҳои варзиш ва тамрингоҳҳо дар назар аст. Сохтмони 41 иншоот оид ба таъмир, барқарорсозӣ ва ободонию чароғонкунии роҳу кӯчаҳо, 24 иншоот оид ба бунёди биноҳои маъмурӣ ва фарҳангист. 30 хати оби нӯшоӣ ва чоҳҳои амудӣ, 42 бинои маркази савдо, меҳмонхона, таваққуфгоҳ, нуқтаҳои хизматрасонии техникию фурӯши сӯзишворӣ, 14 корхонаи нави истеҳсолӣ сохта шуда, 19 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 14 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 34 иншоот ба соҳаи иҷтимоӣ ва беҳгардонии шароити зист ва 4 лоиҳа ба соҳаи барқтаъминкунӣ мутааллиқанд.
Тибқи нақша, бунёди 12 иншоот бо ҷалби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, 10 иншоот аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 36 иншоот бо маблағгузории якҷоя аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳмгузории бахши хусусӣ, 21 иншоот аз тарафи шарикони рушд ва 236 - тоаш бо ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ ва соҳибкорон пешбинӣ гаштааст.
Саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, давоми солҳои 2018-2019 аз ҷониби онҳо 71 километр роҳҳои автомобилгарди ноҳия асфалтпӯш шуд. Инчунин, тӯли солҳои 2019-2020 аз ҷониби соҳибкорон ва саҳмгузории бахши хусусӣ 9 бинои нави таълимӣ, 12 синфхонаи иловагӣ, 2 беморхонаи хусусӣ, 4 бунгоҳи тиббӣ, 4 китобхона, 4 толор ва 12 майдончаи варзишии замонавӣ, 14 чоҳи амудӣ ва 8 хати оби нӯшоӣ, 12 лоиҳаи чароғонкунии кӯчаҳо ва кашидани хати барқ, 4 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва 21 маркази савдову хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бо мақсади ба роҳ мондани риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозию сохтмон ва истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ дар таҳияи нақшаи бунёди иншоот дар шаҳраку деҳоти ноҳия, дар ҳамкорӣ бо масъулон ва сохторҳои Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, бо истифода аз фаъолияти Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Рашт лоиҳаи иншоот таҳия ва тасдиқ шуда, тибқи он амалӣ мегарданд.
Вазъи ободонии кӯчаҳои деҳот ва манзилҳои истиқоматии сокинон яке аз масъалаҳои муҳим ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ҷониби 14 комиссияи корӣ, ки тибқи қарори раиси ноҳия дар шаҳрак ва деҳот бо ҷалби мутахассисон ташкил шудаанд, гардишҳои хона ба хона ташкил гардидааст. Дар ин замина, 18255 огоҳномаи комиссияи дахлдор оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва ободонии манзилҳои зист, маҳалла ва деҳаҳо, васеъ ва зебогардонии роҳу кӯчаҳо ба соҳибмулкон ва масъулон ирсол шуда, 10203 огоҳнома иҷро гардид ва рафти иҷрои боқимонда зери назорат қарор дорад.
Соли 2020 аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони хайрхоҳ ба 3911 оилаи камбизоату эҳтиёҷманд, дорои шахсони маъюб ва ба шахсони яккаву танҳо барои амалӣ намудани корҳои ободонии манзили зисташон аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ ва шахсони саховатпеша ба маблағи 2597,5 ҳазор сомонӣ (аз 500 то 1000 сомонӣ ба ҳар оила) ёрӣ расонда шуд. Ба 8 оилаи эҳтиёҷманд манзилҳои зисти дорои тамоми шароитҳои замонавӣ сохтанд.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Рашт бо меҳнати софдилонаи хеш ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар амал намуда, баҳри таъмини рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии ин гӯшаи дурдасти диёр заҳмат мекашанд. Умед аст, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иншоот бо сифати баланд мавриди истифода қарор мегиранд.
Дилшод АМИРОВ, “ Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.01.2021 №: 12 Мутолиа карданд: 775