logo

туризм

САЙЁҲИИ ФАРҲАНГӢ ВА ПАНДЕМИЯ

Вақтҳои охир сайёҳии фарҳангӣ рушди бештареро касб карда, зуҳуроти оммавии иҷтимоӣ-иқтисодии миқёси ҷаҳонӣ гардид. Ба рушди босуръати он густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии давлатҳо мусоидат намуд. Ҳатто дар давраи барои тамоми инсоният ҳассос – пандемияи коронавирус сайёҳии фарҳангӣ маъруфияти худро аз даст надода, баръакс ивазнашаванда будани худро исбот сохт. 
 
САЙЁҲИИ ФАРҲАНГӢ ДАР ШАРОИТИ ПАНДЕМИЯ
Соли 2020 ҷомеаи ҷаҳонӣ бо озмоишҳои муҳими вобаста ба газанди ногаҳон дучоромада - COVID -19 рӯ ба рӯ шуд. Парвозҳои ҳавоӣ ба кишварҳои дуру наздик қатъ гардиданд. Дар ин давра ҳудуди 80 дарсади объектҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳо мебошанд, бинобар фаҳмишҳои бехатарӣ ва кам будани мизоҷон дарҳои худро бастанд. Баргузории даҳҳо фестивалу чорабиниҳои фарҳангӣ мавқуф гузошта шуданд. Даҳҳо ва ҳатто садҳо идораҳои фарҳангии хурд муфлис шуданд. Вале, бо вуҷуди монеаҳои зиёд, фарҳанг дар ин давра ивазнашаванда будани худро бори дигар собит сохт. Зеро талабгорони тамошои осорхонаҳо, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, толорҳои намоишӣ, нигористонҳо, консертҳо ҳамоно зиёданд. Дар ҳамин ҳол, аксари осорхонаҳо ва нигористонҳои маъруфи ҷаҳон рӯ ба сайри виртуалӣ оварданд. Гарчанд сайрҳои маҷозӣ наметавонанд ҷойи сайёҳии фарҳангиро гиранд, вале метавонанд ба васеъгардонии доираи аудиторияи муассисаҳои фарҳангӣ, ҷалби аҳолӣ ба намоишгоҳҳо, маъракаву чорабиниҳо ва, албатта, манбаи иловагии даромад хизмат намоянд. 
 
ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ВА ТАШКИЛИ САЙРҲОИ МАҶОЗӢ
Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз объектҳои намоёни сайёҳии кишвар маҳсуб ёфта, дар самти муаррифии фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик саҳми бориз дорад. Ҳамасола аз толорҳои барҳавои он беш аз 100 ҳазор тамошобин дидан мекунад. Ҳатто дар давраи бисёр ҳассос, ки бузургтарин осорхонаҳои кишварҳои ҷаҳон, назири Эрмитажи Россия, Луври Франсия, Метрополитени Ню-Йорк, дарҳои худро бастанд, Осорхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияташро давом дод.
Фаридун Кенҷаев, сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, гуфт, ки соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус шумораи тамошобинони Осорхонаи миллӣ коҳиш ёфт, вале фаъолият қатъ нагардид. Дар натиҷа соли гузашта ба осорхона 30 ҳазор тамошобин омад, ки 70 дарсад нисбат ба соли 2019 кам мебошад. Аз ин миқдор ба 5 ҳазору 786 тамошобин 1177 сайри осорхонавӣ гузаронда шуд. 
- Ба хотири аз даст надодани тамошобинон, дар давраи буҳрон Осорхонаи миллӣ сайрҳои маҷозӣ роҳандозӣ намуд, - гуфт Фаридун Кенҷаев. - Дар он таърихи халқи тоҷик аз давраи ибтидоӣ то замони истиқлолият тавассути фейсбук, инстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ бо се забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ муаррифӣ гардид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки танҳо аз саҳифаи фейсбукии осорхона сад ҳазор тамошобин дидан намуд. Соли 2021 осорхона нақша дорад, ки нигораҳои шуъбаҳои табиат, санъати тасвирӣ ва амалиро низ ба тамошобинони виртуалӣ пешкаш намояд. 
 
САЙЁҲИИ ФАРҲАНГӢ НАВЪИ МАЪРУФИ САЙЁҲИИ ВАТАНӢ 
Муқоисаи иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори ҳаммонанди кишварҳои пешрави ҷаҳон нишон медиҳад, ки мамлакат амалан бо ҳар як ҷанбаи сайёҳии фарҳангӣ дорои объектҳои мувофиқ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мебошад. Тоҷикистон, бешубҳа, дорои иқтидори бузург барои рушди сайёҳии фарҳангӣ ва қабули ҷаҳонгардони хориҷист. Барои ин тамоми имкониятҳо мавҷуданд: мероси ғании таърихӣ ва фарҳангӣ, табиати афсонавӣ. Калонтарин ва қадимтарин осори меъморӣ дар Осиёи Марказӣ -  ёдгории ҳазорсолаи IV-III пеш аз милод Саразми 5500-сола дар 15 километрии шаҳри Панҷакент; Панҷакенти Қадим; Тахти Сангин - маъбади бузурги Омӯ (асрҳои IV пеш аз милод ва III милод), дар қисмати шарқии ноҳияи Қубодиён, соҳили рос-ти саргаҳи рӯди Ому; дайри буддоии Аҷинатеппа дар водии Вахш; қалъаҳои Ямчуну Қаҳқаҳа ва шаҳри қадимаи Бозор Дара дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; ёдгориҳои табиии Ширкент, Чилдухтарон, Чилучорчашма ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.  
То пандемияи COVID-19 сайёҳии фарҳангӣ яке аз навъҳои маъруф ва фаъолона рушдёбандаи сайёҳии ватанӣ буд. Аммо вазъи феълӣ онро ба вартаи нестшавӣ дучор овард. Ин ҳолат водор месозад, ки бахшҳои фарҳанг ва сайёҳӣ барои ояндаи устувори сайёҳӣ корро дар самти таҳияи нақшаҳои ҷадиди ҳамкорӣ, ташаккули малакаҳои нав ва гузариш ба шароитҳои нав равона созанд. Итминони комил ҳаст, ки Тоҷикистон бо таъриху тамаддун ва урфу анъанаҳои дар тӯли қарнҳо ҳифзкардаи худ баъди барқарор гардидани соҳа дар сархати сайёҳии фарҳангии кишварҳои ҷаҳон қарор мегирад. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2021    №: 12    Мутолиа карданд: 6252
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед