logo

фарҳанг

ФАРРУХИ САНЪАТИ РАССОМӢ

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии яке аз рассомони шинохтаи тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон шодравон Фаррух Хоҷаев ва рӯнамоии китоб – каталоги ӯ бо номи «Муҳаббат ба ҳаёт» баргузор гардид. «Муҳаббат ба ҳаёт» - ро «Бунёди адабии Айнӣ» нашр кардааст, ки дар он  маҳсули эҷоди рассом гирд оварда шудааст. 
Ӯ дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ, ба дунё омада. Завқи санъати тасвирӣ ӯро ба коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов овард. Баъди хатми коллеҷ дар нашриёти «Ирфон» ҳамчун рассом фаъолият бурд.
Номбурда дар соҳаҳои графика, кулолӣ ва ҳайкалтарошӣ қувва озмуда, саҳмаш дар тарбияи шогирдон низ шоистаи офарин аст. Офаридаҳои ӯ  фалсафаву мазмунҳои бикри худро доранд.
- Асарҳои ин рассом дар осорхона ва нигористонҳои Тоҷикистон, Россия, Хитой, Аврупо ва давлатҳои Осиёи Миёна ба намоиш гузошта шудаанд. Ӯ соли 1997 дар биенналеи (фестивал, намоиш ва озмуни асарҳои рассомӣ) мамлакатҳои Осиёи Марказии шаҳри Тошканд ва соли 1999 дар озмуни ороиши китоб, ки аз тарафи Оғохон гузаронда шуд, ширкат варзида, сазовори ҷоизаҳо гардид. 
Ф. Хоҷаев дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ низ аз ҳунари хеш ва рассомон дифоъ карда, нагузошт, ки оташи ин навъи санъати нафиса дар Меҳани мо хомӯш бошад, - гуфт Ҷамшед Ғанизода, ректори донишкада.
Ӯ солҳо дар коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ аз фанни графика дарс гуфт. Аз соли 2012 то соли 2017 раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ҳам буд.
Тавре Наргис Ҳамидова, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, иброз дошт: «Фаъолияти Фаррух Хоҷаев ҳамчун раиси ин созмони ҳунарӣ ба даврае рост омад, ки он аслан аз фаъолият бозмонда, мутахассисони соҳа пароканда буданд. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти Иттифоқи рассомонро ҷон бахшид. Исми ӯ дар кишвари мо ҳамчун поягузори графика маълуму машҳур аст».
Соли 2018 мусаввараҳои ӯ дар Қатар ба намоиш гузошта шуда, баҳои баланд гирифтанд. Бори охир моҳи марти соли 2020 намунаи осораш дар намоиши “TOUR PORTRET” - и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба намоиш гузошта шуда, баҳои баланди мухлисону мутахассисонро сазовор гардид.
Намоиши «Муҳаббат ба ҳаёт» дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн то 25 январ ва, баъдан, то 1 феврал дар меҳмонхонаи «Душанбе – Серена» идома меёбад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
 «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2021    №: 12    Мутолиа карданд: 616
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед