logo

фарҳанг

МУИНҶОН ХОЛИҚОВ: «ИСТЕЪДОДИ МАРО «ҶУМҲУРИЯТ» КАШФ КАРД»

Дар синфи 7-ум мехондам. Бобоям ҳар рӯз баъди кор бо дастаи рӯзномаҳо ба хона меомад. Ман ҳам кунҷковона рӯзномаҳоро ба даст гирифта мехондам. Диққатамро, бештар аз ҳама, саҳифаи «Шоми шанбе» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба худ ҷалб мекард. Зеро дар он бисёр маълумоти аҷибу шавқовар ҷой дода мешаванд. Ҳангоми мутолиаи матолиби саҳифаи мазкур рубрикаи «Интеллект» маро ба худ ҷалб намуд. Аз рӯи шартҳои рубрика иштирокчиён бояд ба суолҳои он ҷавоб ёфта, ба воситаи почтаи электронии рӯзнома ва ё ба масъули рубрика фиристанд. Раванди омода намудани  ҷавобҳо ба рубрикаи «Интеллект» хело ба ман писанд омад. Борҳо ба суолҳои он ҷавоб ёфта, ба рӯзнома фиристодам. Ба телефони бобоям паём омад: «Беҳтарин, ҷавоби Шумо комилан дуруст аст».  Он рӯз, ба қавле дар куртаам намеғунҷидам. Ба худ шарт гузоштам, ки ба ҳамаи суолҳои рубрика ҷавоб пешниҳод намоям. Интизори суолҳои навбатӣ будам.
Боре суол мушкилӣ пеш оварду рӯзномаро ба муассисаи таълимиамон бурдам, то бо ёрии омӯзгорон ба он посух ёбем. Бори дувум ҷавоби суолҳоро ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» фиристодам. Дар ҷавоб боз ҳам паёми «Ҷавобатон дуруст, чунин идома додан гиред» - ро шунидам. Он рӯзҳо хушҳол будам ва ифтихор мекардам, ки бо рӯзномаи  бонуфуз – «Ҷумҳурият» ҳамкорӣ дорам. 
Аммо, ногуфта намонад, ки комёбиҳои зиёди дигаре ҳам насибам шуданд.  Ҳамон моҳ тавонистам ба се суоли рубрикаи «Интеллект» ҷавобҳои дуруст пешниҳод намоям ва дар охири моҳ чун иштирокчии фаъол бори нахуст номам ҳамчун ғолиб дар саҳифаи рӯзнома дарҷ шуд. Ин хушхабарро ба ман бобоям расонд. Ба матлаб менигаристаму  ҳеҷ боварам намеомад, ки номи ман дарҷ шудааст. Ин хабар зуд дар муассисаи таълимиамон паҳн шуд. Устодон ва шарикдарсонам маро таҳсин мегуфтанд ва хоҳиш мекарданд, ки ҳамкориро бо рӯзнома идома диҳам. Ман ҳам бо идора ҳамеша дар тамос будам. 
Моҳҳо мегузаштанд. Акнун зуд – зуд дар қатори ғолибон «Муинҷон Холиқов аз ноҳияи Айнӣ» - ро мехондам.  Ҳамин минвол, як  сол гузашт. Дар арафаи Соли нави милодии 2020 «Интеллект» ба «Интеллект+» табдили ном кард. Вақте дидам, ки бисёре аз иштирокчиён худ мисолу муаммоҳо таҳия менамоянд, хостам дар ин самт худро имтиҳон кунам. Баъди андешаи зиёд дар мавзӯи «Ист, коронавирус!» анаворде  тартиб дода, ба идораи рӯзнома пешниҳод намудам.  Интизориам тӯл накашид. Масъули рубрика, корманди рӯзнома Зулола Бобораҷабова, ба ман чунин паёмак фиристод: «Беҳтарин, Муинҷон, маводи Шумо ҳатман чоп мешавад. Кӯшиш кунед, муаммову саволҳои боз ҳам ҷолибтарро пешниҳод намоед». Дар ҳақиқат ҳам, анаворди «Ист, коронавирус!» нашр шуд. Ман аз ин хеле хушҳол шудам. На танҳо ман, балки тамоми омӯзгорон ва ҳамсинфонам хушҳолӣ мекарданд. Бештар аз ҳама бобоям хушнуд шуда буд, зеро бовар надошт, ки муаммои омоданамудаи ман нашр мешавад. Баъди ин анаворд боз кроссвордҳои «Рӯзи дониш», «Олимони биология» ва филвордҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Дар мавзӯи шохаҳои ҳуқуқӣ» - ам ба нашр расиданд.
Ҳарчанд, буданд муаммоҳое, ки чоп нашуданд, аммо масъулони саҳифа ба ман мегуфтанд, ки  рӯҳафтода нашавам. Боз ҳам ҷолибтар ва хубтарашро таҳия намоям. Аз ин дилгир нашуда, дар андешаи пешниҳоди мисолу муаммоҳои нав ба нав шудам. Талошҳоямро ба назар гирифта, кормандони «Ҷумҳурият» маро аз рӯйи пешниҳоди мавод ғолиб эълон намуданд. Табрик карда, пурсиданд, ки маблағро чӣ тавр метавонам бигирам? 
Бародарам дар Душанбе таҳсил мекард, суроғаи рӯзномаро додам, то рафта ҷоизаро гирад. Ба ӯ маблағро дода, масъулон мегӯянд: «Ин маблағ ҳаққи ҳалолест, ки Муинҷон бо фаъолияташ ба даст овардааст. Додаратон хонандаи хуби рӯзномаи мост ва  мо ба муваффақиятҳои минбаъдаи ӯ бовар дорем». Бародарам бо ҳисси фараҳмандӣ ин суханҳоро ба мо расонд. Бо шунидани ин суханҳо маро ҳисси аҷибе фаро гирифт, дар дил орзу мепарвардам, ки ба Душанбе рафта, ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» дароям. Симои масъули рубрика - апаи Зулоларо дар зеҳнам тасаввур мекардам. Ба худ меандешидам, ки масъули рубрика каси дигар мебуд, оё ман комёб мешудам?  
Ҳоло дар синфи 10-ум мехонам. Давоми се соли ҳамкорӣ бо рӯзнома дар ҳаёти ман дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Пас аз нашри муаммоҳои аввалинам маро на танҳо дар  деҳа мешинохтанд, балки дар ноҳия ҳам қадрдонӣ карданд. Исми маро чун хонандаи фаъол дар қатори довталабон ба стипендияи раиси ноҳия ҷой доданд. Дар натиҷа ба гирифтани стипендияи раиси ноҳия мушарраф шуда, волонтёри бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҳам гаштам. Ба ғайр аз ин, дар олимпиадаҳои фаннӣ  иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудам. 
Ман ин ҳама муваффақиятҳоямро ба рӯзномаи дӯстдоштании «Ҷумҳурият» алоқаманд медонам. Истеъдоди маро кормандони ин рӯзнома кашф намуда, ба сӯи қуллаҳои бузург раҳнамунам сохтанд.
 
Муинҷон ХОЛИҚОВ, 
хонандаи синфи 10-уми МТМУ № 4 ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2021    №: 15    Мутолиа карданд: 875
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед