logo

иқтисод

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ СОЛ ДАР САРРАЁСАТИ МОЛИЯ

Дар толори сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо иштироки Хайрулло Юсуф, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилоят оид ба соҳаи иқтисод, Бахтиёр Назарзода, сардори сарраёсати молияи вилоят ва кормандони он ҷамъбасти натиҷаҳои иҷрои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар соли гузашта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба хабарнигори “Ҷумҳурият” Далер Шарипов, котиби матбуотии сарраёсати молияи вилоят, иттилоъ дод.
 
Бахтиёр Назарзода, сардори сарраёсат, зикр кард, ки соли сипаришуда бо руйдодҳои муҳиму хотирмони худ соли воқеан таърихӣ барои молиячиёни вилоят боқӣ мемонад.
Гуфта шуд, ки дар вилоят соли 2020 ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо 6,1 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта афзоиш ва хизматрасониҳои пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 1,7 дарсад коҳиш ёфтааст. Гардиши савдои хориҷии вилоят 276,4 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 147,5 миллион ва содирот ба 128 миллион доллар, баробар гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли гузашта  ба 15,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2019-ум 1,3 миллиард сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 8,8 дарсадро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ музди миёнаи моҳона ба 1028 сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2019 зиёд мебошад.
Нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ соли гузашта аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102 дарсад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 103 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 1218, 5 миллион сомонӣ 1254,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 36,4 миллион сомонӣ бештар аст.
Бақияпулии андозҳоро шаҳру но-ҳияҳои Бохтар - 4 миллион, Вахш - 4,8 миллион, Хуросон - 3,1 миллион, Абдураҳмони Ҷомӣ - 2,4 миллион, Ҷайҳун - 2,3 миллион, Восеъ - 5,8 миллион, Шаҳритус - 4 миллион, ноҳияи Фархор - 364 ҳазор сомонӣ бақияпулиҳоро нисбат ба аввали сол зиёд намудаанд.
Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон бо мақсади дастгирию ёрӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ ва паҳншавӣ аз бемории коронавирус, муолиҷаи саривақтии беморон ва ёрӣ ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, махсус бақияи озоду даромади шаҳру ноҳияҳо 14,1 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Инчунин, бо ин мақсад, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 7,7 миллион сомонӣ ҷудо гашт, ки ба шаҳру ноҳияҳои вилоят равона шуд.
Хайрулло Юсуф дар суханронии худ кормандони раёсати молияи шаҳру ноҳияҳои вилоятро таъкид кард, ки баҳри иҷрои буҷети маҳаллӣ, дарёфти манбаъҳои иловагии андозҳо чораҳои иловагӣ андешанд, ба мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва дар навбати  аввал, маблағҳои воридгардидаро барои пардохти саривақтии музди меҳнат, фонди нафақа ва ҷубронпулӣ равона созанд.
Дар охир зикр шуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, онро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз гирем. 
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2021    №: 15    Мутолиа карданд: 1010
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед