logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «БАРФАК»
1. Ҳодисаи табиат. 2. Парандаи соли 2020. 3. Маҳсулоти полизӣ. 
4. «Муҳаббатро зи … бояд омӯхт». 5. Шаҳр дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон. 6. Фанни хониш. 
7. Воҳиди қувваи ҷараён. 8. Донаи шоҳмот. 9. Қаҳрамони асари Ф. Муҳаммадиев. 10. Шаҳр дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 11. Мева. 12. Навъи санъат. 13. «…, бори дигар хонаро пурнур кун». 14. Ҷузъи либос. 15. Романи П. Лукнитский. 16. Истилоҳи илми мусиқӣ. 
17. «Ки ёбӣ зи ҳар донише …е». 
18. Воситаи ороиши  мӯй. 19. Моеи хушбӯй. 20. Асбоби физикӣ. 
21. Моддаи кимиёвӣ. 22. Ҳарфи алифбои ниёгон. 23. Муродифи  мактуб. 24. Шакли ҷамъи мулк. 
25. Ҳашарот. 26. Шаҳр дар Ҷумҳурии Туркия. 27. Исми маъмулии мардонаи тоҷикӣ. 
28. Шахси якуми шумораи танҳо. 29. Насрнавис. 30. Истилоҳи мусиқӣ. 31. Шайхурраис. 
32. Унсури кимиёвӣ. 33. Камёфт. 34. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 35. Мева. 36. Воҳиди хурди  асъори  Ҳиндустон. 37. Конструктори тайёраи «Як – 40». 
38. Дарё дар Россия. 39. Сад сол. 40. Жанри адабӣ. 41. Лашкаркаши шинохтаи Фаронса. 
42. Калонтарин шаршараи олам. 43. Қаҳрамони халқии афсонаҳои тоҷикӣ. 44. Ҳарфи алифбои ниёгон. 45. Ҷинси адабӣ. 46. Навое аз  «Шашмақом».  47. Зодгоҳи Б. Ғафуров. 48. Синоними ташаккур. 49. Асъори хурди тоҷикии замони шӯравӣ. 50. Дарае, ки тасвираш дар романи «Дохунда» - и С. Айнӣ инъикос ёфтааст. 51. Қаҳрамони филми «Қисмати шоир». 
52. Қитъаи олам. 53. Кабир, бузург. 
54. Номи аспи Рустам. 55. Шоири адабиёти классики форсу тоҷик. 56. Он кӣ шеър эҷод мекунад. 
57. Аз гузаштагон баёдгормонда. 58. «Сар медиҳаму намедиҳам …». 59. Асбоби мусиқии тории миллӣ.
 
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД
 
ҶАВОБ БА АНАВОРДИ «ОЛИМОНИ БИОЛОГИЯ», АЗ 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2021
1. Вавилон, 2. Леруа, 3. Ситсин, 4. Мичурин, 5. Ҳипократ, 6. Аноҳи, 7. Кёликер, 
8. Бернал, 9. Дарвин, 10. Грегор, 11. Ҳолдейн, 12. Аристотел, 13. Голдфус, 
14. Биш, 15. Лукяненко.
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ШАМЪИ ДАВЛАТРО НАМЕСӮЗАМ…
Вазири донову ҳушманде дар хона бо корҳои давлатӣ саргарм буд. Яке аз дӯстони қадимаш ба дидани ӯ омад. 
Вазир рафиқи шафиқро ба хушӣ пазируфт ва зуд шамъи фурӯзонро хомӯш ва шамъи навро фурӯзон кард. Дӯсташ бо ҳайрат пурсид, ки сабаби ин амал чӣ буда?
Вазир ҷавоб дод:
- Шамъе, ки то ташрифи ту месӯхт, моли давлат буд ва барои корҳои идорӣ месӯхт, чун ту меҳмони хонаи ман шудиву ба дидори ман шитофтаӣ, аз рӯи адолат нест,  ки аз моли давлат истифода барам.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
5000 ЗУРЁТИ КАРЛИ КАБИР
Император Карли Кабир (742–814) дар таърих на танҳо чун созандаи кишварҳои Аврупо машҳур аст, балки ӯро ҳамчун марде мешиносанду арҷ мегузоранд, ки дар бунёди оила ва насли худ бепарво набуд. Вай 18 фарзанд дошт. Аз насли ин ҳукмрони франкҳо, ки 13 пушташ маълум аст, бештар аз 5000 зурёт чашм ба дунё кушод. Авлоди минбаъдаи ӯ низ мисли бобокалонашон ба насли ояндаи худ ҳусни таваҷҷуҳ доштанд. Имрӯз ҳисоб кардаанд, ки қариб ҳамаи немисҳо ва кулли асилзодагон аз аҷдоди Карли Кабиранд. 
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Ин меҳрубониро марде ба ҷо овард, ки ӯ аз куҷое номаълум пешамон пайдо шуда буд. Мард, ки ҳангоми гап задану муомила карданаш гӯё тамоми рӯяш механдид, дасти ба салом дарозкардаамро кӯрқап карда, маро фурсати даҳон кушодан надода, бо ҳамон хушлафзӣ «хуш омадан, хуш омадан», - гӯён бурду болои кати қолинпечу кӯрпачапеч бароварду шинонд ва боз ҳам фурсати нафас гирифтан надода, даст ба омин бардошт.
* * *
Гар ба майхона ҳарифи маю шоҳид бошам,
Беҳ, ки дар савмаа биншинаму обид бошам.
Вақти он шуд, ки иқомат ба харобот кунам,
То ба кай муътакифи гӯшаи масҷид бошам?
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», 
АЗ 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2020:
Кароматуллои Мирзо, Муҳаммад Ғоиб.
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
СЕ ҲАЗОР РӮЗ ДАР МИРРИХ
Миррихгарди маъруф бештар аз се ҳазор рӯз аст, ки дар сайёраи Сурх фаъолият дорад. Дар ин муддат Curiosite аз сайёраи Миррих аксҳои зиёде бардоштааст.
Фаъолияти он дар фазо аз 6 ноябри соли 2011 шурӯъ шуд. Пас аз нуҳ моҳ миррихгард бо хеле душворӣ ба он ҷо фуруд омада, ба таҳқиқоти сайёра шурӯъ намуд.
Ба Curiosite муяссар гардид, ки дар Миррих мавҷуд будани бактерияро собит намояд. Вай намунаҳои ҷинсҳои кӯҳиро озмуда, дар онҳо сулфур, нитроген, гидроген, оксиген, фосфор ва карбонро дарёфт, ки ин маҷмӯъ барои нигоҳ доштани ҳаёти сафеда заруранд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ 
 
 
Лев Николаевич ТОЛСТОЙ: "Инсони оқил аз худ бештар талаб мекунад, одами нодон аз дигарон".  
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
МАВОДИ ТАБИӢ БА ҶОИ ҒИЗОИ МАЪНАВӢ
Карантине, ки вобаста ба пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омад, бисёр касонро маҷбур сохт, ба машғулиятҳои худ таҷдиди назар намоянд. 
Соли 2020 адиби 45 – солаи беларус Алгерд Бахаревич пешомадҳои хушеро пешгӯӣ карда буд: ширкат дар ярмаркаҳои китоби Лейпсиг ва Эдинбург, нахустнамоиши асари саҳнавиаш дар Лондон, рӯнамои тарҷумаи англисии романи «Фарзандони Алиндарк»-аш, сафари деринтизор ба Ҳотланд… Вале, ба ҷои ҳамаи ин ӯ ва ҳамсараш - шоира Юля Тимофеева аз 13 март дар хона «зиндонӣ» шуданд.  
Чун вақти холии зиёде доштанд, ба хотираш орзуи овони кӯдакиаш расид. Ӯ он замон мехост, ки нонпаз шавад. Ҳангоми аз назди коргоҳи нонпазӣ гузаштан бӯи хуши нонҳои навпухта масташ мекард. 
Пас аз шиносоӣ бо тартиби кор ба пухтани аввалин нон дар зиндагиаш шурӯъ кард. Ҳамин тавр, навъҳои мухталифи онро пухта тариқи Фейсбук ба мухлисонаш пешкаш менамояд. Чунон бо ҳавас ва ҳавсалаи том ба ин кор машғул аст, ки тамоми дигар машғулиятҳояш фаромӯш шудаанд. Ҳамсари Алгерд мегӯяд, ки акнун ӯ ба ҷои сужаҳои нав ба нав дар сар хаёли боз намудани нонвойро дорад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
ЧАРЛИ ЧАПЛИН
Таври маълум, устоди ҳаҷв Чарли Чаплинро матбуоти ИМА ниҳоят сахт таҳқир мекард. Бо вуҷуди ин, оромии ӯро дида, худи қаламбадастони иғвоангез дар ҳайрат мемонданд. Ниҳоят косаи сабрашон лабрез мешавад, ки аз худи актёр мепурсанд:
- Шумо чӣ гуна метавонед баъди тамоми бадгӯию бадномкуниҳои мо то ин андоза бепарво бошед?
- Вақте бо суханҳои бӯйгину дурӯғ туҳмат мезанед, ман ҳамеша фикр мекунам, ки занбӯри асал ҳеҷ гоҳ дар меваи пӯсида намешинад. 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
МЕҲРИ САГ
Оилаи Майк ва Келли сагеро аз бошгоҳи муваққатӣ гирифтанд. Саг Ҷекки ном дошт ва хеле ором буд. 
Ҷекки  Майку Келлиро дӯст дошт ва ба оилаи наваш зуд унс гирифт. Майк ва Келли аз рафтори дӯсти навашон пай бурданд, ки тарбиядидааст. Аммо як рафтори ғайриодии Ҷекки Майк Келлиро ба ташвиш овард. Ҷекки шабона намехуфт. Тамоми шаб пушти дари соҳибони наваш бедор меистод, ки ин соҳибхонаҳоро нороҳат мекард. Охир, бехобии тӯлонӣ метавонад сабаби бемории Ҷекки шавад. Духтури ҳайвоноте, ки Ҷеккиро аз назорат гузаронд, гуфт, ки сиҳатиаш комилан хуб аст ва он шояд замони бо соҳибони қаблиаш зиндагӣ кардан пайдо шудааст. Майк ва Келли ба ин хотир соҳибони қаблии Ҷеккиро баъди ҷустуҷӯи зиёд пайдо намуданд. Чизе, ки аз хӯҷаини қаблии саг шуниданд,  онҳоро водор намуд, ки ба Ҷекки ба чашми дигар бингаранд.  
Маълум шуд, ки соҳиби қаблиаш ҳомиладор мешаваду бо шавҳараш ба хулосае меоянд, ки  вақте кӯдакдор шуданд аз уҳдаи нигоҳубини саг баромада наметавонанд. Вақте Ҷекки хоб буд, ӯро ба мошин бор карда, ба паноҳгоҳи сагҳо бурданд. Вақте Ҷекки аз хоб хест дигар соҳибони қаблиашро надид. 
Акнун саг, ки соҳибони нав пайдо кардааст, метарсад,  агар мабодо хобаш барад,  шояд дигар ҳеҷ гоҳ ин соҳибонашро низ набинад.
Майк ва Келли  ин ҳақиқатро фаҳмида, бо сагашон аз пештара дида хубтару меҳрубонтар муносибат мекарданд.   
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ ДОИР БА ШОҲМОТ
Шоҳмот яке аз бозиҳои машҳуру қадимии ниёгони мост. Дар бораи он адабиёти илмиву бадеии мо маълумоти фаровон дорад. Педагоги машҳури рус А. Г. Сухомлинский дар ин бора китоби «Шоҳмот - мактаби беҳтарини  фикрронии  мантиқии пайдарпай» - ро иншо карда. Имрӯз ҳам китоб хонандаи худро дорад. 
Бино ба нигоштаи ӯ, шоҳмот фикррониро муназзам намуда, диққатро тарбия мекунад, хотираро мустаҳкам ва онро инкишоф медиҳад.
Шоҳмот 2000 сол пеш аз милод аз ҷониби ҳиндустониҳо ихтироъ шудааст.
Тахтаи он ба 64 квадрати якхела тақсим шудааст. Ҳар катак (чоркунҷа) дар тахта аз тарафи чап ба тарафи рост, яъне ба таври уфуқӣ, бо ҳарфҳои англисӣ, немисӣ, хитоӣ ва лотинӣ қайд мешаванд. Ҳарфҳои мазкур дар омӯзиши фанҳои геометрия, технологияи иттилоотӣ ва забони русӣ истифода мешаванд.
Дар ҳар кишвар тахтаи он бо рангҳои мухталиф, масалан, сабз, сурх, кабуд, сафед ва сиёҳ оро дода мешаванд.
Мавлон ТЕМИРОВ,
омӯзгори МТМУ № 45 
ноҳияи Фирдавсӣ
 
 
МУАЙЯН КАРДАНИ СУРУД БИДУНИ ШУНИДАН
Пажӯҳишгари амрикоӣ Артур Линтген қобилияти фавқулодаи ба санад асоснок кардани мусиқиро дорад. Вай метавонад асари мусиқии оркестриро дар рӯи пластинаи винилӣ гӯш карда, бидуни шунидани садо сурудро муайян кунад. Дар аввал ҷойҳои пасту баланд шудани мусиқӣ ва давомнокии ҳар бахши асарро дақиқ намуда, натиҷаро бо дониши мусиқии классикии аврупоӣ муқоиса менамояд. 
Тибқи гуфтаи ӯ, мусиқии то замони Бетховенро хуб муайян намекунад, зеро он аз рӯи сохти худ якхела аст.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
243 РӮЗ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС
Николас Синнотти 59-солаи британӣ  моҳи марти соли гузашта, ҳангоми парвоз ба Хюстони ИМА гирифтори бемории коронавирус шуд. Ӯро дар ҳолати вазнин ба госпитал оварда, зери дасгоҳи нафасдиҳӣ гузоштанд. Командири ҳавопаймо зиёда аз 8 моҳ дар беморхонаи Амрико табобат гирифт. Дар ин муддат ҳамсараш Никола ӯро ҳамроҳӣ мекард. Ба гуфтаи духтурон қариб ҳамаи узви Синнотт аз коронавирус сироят ёфт. Аммо бадани пурқувваташ ба ӯ ёрӣ расонд, то аз марг наҷот ёбад. Ба гуфтаи Синнотт танҳо кумаки ҳамсару табибон ва фикри фарзандон  ӯро аз марг наҷот дод. Айни замон, 243 рӯз натиҷаи рекордӣ барои раҳоӣ ёфтан аз коронавирус маҳсуб мешавад. Ин мард гуфтааст, ки ба Амрико омада, табибонеро, ки ӯро муолиҷа карданд, изҳори миннатдорӣ менамояд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ГЕНДЕЛ
Як сарватманди зирак операи Гендел «Риналдо»-ро нашр карда, пули хеле калон даромад мегирад. Ба муаллиф бошад,  маблағи ночиз дода, таъна мезанад, ки, агар дастгирии ӯ намебуд, опера ҳеҷ, имкони машҳур шудан надошт. Гендели ноилоҷ, операи бозоргир ва даромади рӯзафзуни ноширро дида, ниҳоят дилашро холӣ мекунад:
- Гӯш кун, бародар, ин хел намешавад. Агар хоҳем, ки дигар байни мо нофаҳмӣ рух надиҳад, минбаъд шумо опера менависеду ман чоп мекунам. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ХОНАВОДАЕ, КИ 80 СОЛ БОЗ СОКИНИ КӮҲ АСТ
Гурӯҳи кӯҳнавардони турк ҳангоми фатҳи қуллаи навбатӣ бо хонаводае ошноӣ пайдо карданд, ки 80 сол боз гӯшанишиниро ихтиёр карда, аз пешрафти бемайлони ҷаҳон, умуман, огоҳ нестанд.
Ҳусейн ва Эмин Тешар дар хонаи сангине зиндагӣ мекунанд, ки қариб 300 сол дорад. Онҳо давоми 80 соли охир бо олами беруна иртиботе надошта, соҳиби 10 фарзанданд. Панҷ фарзанди бузургсолашон сӣ сол боз ба ҳаёти муқаррарӣ баргашта, падару модар то ҳол аз сарнавишти онҳо маълумот надоранд.
Онҳо обро аз рӯди кӯҳии чанд километр дур ҷойдошта меоранд. Зимистон барфро об карда, истифода мебаранд.
Замоне, ки хонаводаи Тешарро ба ҷомеаи васеъ муаррифӣ карданд, фарзандони аз волидон дуршуда ба дидори онҳо расиданд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
АНДЕШАҲОИ БУЗУРГОН
Илм – ин донишҳои банизомдаровардашуда, хирад бошад, зиндагии бонизом аст. 
Иммануил Кант
* * *
Ғолибият – ин ҳоло ҳама чиз нест, ҳама чиз – ин хоҳиши ҳамешагии ғолиб омадан мебошад.
Винс Ломбарди
* * *
Зиндагӣ – ҳамонест, ки рӯ медиҳад, дар ҳоле ки ту нақша месозӣ. 
Ҷон Леннон
* * *
Зиндагиро бояд бештар аз маънии  зиндагӣ дӯст дошт.
Фёдор Достоевский
* * *
Инсон ҳамон чизро ба даст оварда метавонад, ки ақли ӯ дарк мекунад ва худи ӯ ба он бовар  дорад. 
Наполеон Хилл
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
ИМА
МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ЗЕРИ ЗАМИН
Дар миёнаи солҳои 70 – уми асри гузашта, вақте ки дар ИМА буҳрони энергетикӣ сар зад, дар шаҳраки Рестони иёлати Вирҷинияи Шимолӣ муассисаи ибтидоии зеризаминии «Terraset» бунёд шуд. Ин амал ба хотири сарфаи энергия ба анҷом расид, зеро дар он солҳо гармкунии муассисаҳои таълимӣ як мушкилоти хеле ҷиддӣ буд. Дар Рестон ба тарзи хеле одӣ муассисаи таълимӣ сохта шуд. Онҳо теппаи хурдеро дар ҷангал ҳамвор карда, таълимгоҳ месозанд ва, сипас, онро бо хок мепӯшонанд, то ки қабати замин гармиро хуб нигоҳ дорад.  
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
ЧАНД ФАКТИ АҶИБ
1. Венера ягона сайёраи системаи офтобӣ мебошад, ки муқобили тири соат давр мезанад.
2. Оташзо (зажигалка) пеш аз гӯгирд ихтироъ шуда буд.
3. Ба ҳисоби миёна ду ҳафтаи умри сокинони шаҳр дар интизори иваз шудани ранги чароғак мегузарад.
4. Агар рақамҳои 111 111 111 – ро бо 111 111 111 зарб занед, он гоҳ 12345678987654321 ҳосил мешавад.
5. Ба ҳисоби миёна одамон давоми зиндагиашон 60 560 литр об менӯшанд.
6. Дукорда (қайчӣ) ихтирои Леонардо Да Винче мебошад.
Таҳияи Маҳинбонуи ХАТЛОНӢ
 
 
ЭПИДЕМИЯ ВА ТАҲҚИҚИ БАДЕӢ
Маълум мешавад, ки инсоният чандин маротиба вобаста ба паҳн гардидани вирусҳои мухталиф бо пандемия рӯ ба рӯ шудааст. Карантини саросарии бамиёновардаи COVID-19 номи чунин асарҳоро боз пешорӯи хонандагон ҷилвагар намуд. 
Маълум гашт, ки машҳуртарин асари дар ин боб офаридашуда ҳамоно «Декамерон»-и Ҷованни Боккаччо мебошад. Қаҳрамонҳои дар «карантин» қарордоштаи асар аз ҳодисаҳои вобаста ба вабои соли 1348 дар Итолиё бавуҷудомада ҳикоят мекунанд. Асари дигар аз ин силсила «Рӯзномаи соли вабо»-и Даниэл Дефо мебошад. Воқеаҳои он дар солҳои 1665-66 мегузаранд, ки Лондонро вабо фаро гирифта буд.  
Воқеаҳои дар асари «Вабо»-и Албер Камю овардашуда, аз ҳодисоти китобҳои номбаршуда камӣ надоранд. Дар он ҳодисаҳое ривоят мешаванд, ки дар шаҳри Орани Алҷазоир ҳангоми гирифториаш ба вабо рух додаанд. 
Таҳияи Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2021    №: 15    Мутолиа карданд: 702
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед