фарҳанг
САДА - МЕРОСИ ГАРОНБАҲОИ АҶДОДӢ
Аз қадимулайём аҷдодони мо бо оростани дастархони идона, афрӯхтани оташ ва базму тарона Ҷашни Садаро таҷлил менамоянд. Мутафаккири бузург Абурайҳони Берунӣ дар асари «Китоб-ут-тафҳим»-и хеш чунин мегӯяд: «Обон-рӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миё-ни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лавҳу шодӣ кунанд... Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб». Форсиёни қадим шабу рӯзро дар алоҳидагӣ ҳисоб мекарданд, ки, дар умум, панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ба сад ба-робар мешавад.
Муҳаммад Ғиёсуддин дар китоби хеш «Ғиёс-ул-луғот» оид ба пай-доиши Сада чунин тавсиф овардааст: «Сада (ба фитҳатайн) даҳум рӯзи баҳман; чун дар ин рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда».
Албатта, дар робита ба номгузории Сада ақидаҳои мухталиф ҷой доранд. Дар «Шоҳнома»-и хеш Ҳаким Фирдавсӣ таърихи пайдоиши Сада ба дувумин шоҳи Пешдодиён - Ҳушанг нисбат дода, шарҳ до-дааст: «Рӯзе Ҳушанг бо ҳамроҳонаш ба шикор меравад. Машғули шикор буданд, ки аз пешашон мори калони сиёҳ мебарояд. Ҳушанг морро ба нишон гирифта, сангеро сӯйи он ҳаво медиҳад. Вале санг ба мор нарасида, ба санге бармехӯрад ва шарора ҳосил гардида, оташ меафрӯзад. Дар аввал, ҳама ба ҳайрат меафтанд. Ҳушанг дарк мекунад, ки ин фурӯғи яздонисту онро бояд табаррук донист ва ҳар сол маросими оташ гузаронида мешавад. Бо гузашти солҳо ин рӯзро чун Иди Сада ҷашн гирифтанд».
Султонмуроди Одина дар китоби хеш «Идҳои ориёӣ (аз силсилаи «Идҳои Тоҷикистон»)» оид ба Сада чунин шарҳ медиҳад: «Имрӯз, ки Ҷашни Сада қонунан аз нав зинда карда шудааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ ҷашн гирем ва ба ягон дин, махсусан ба дини Зардуштӣ алоқаманд донистани он мутлақо хатост. Ин иди аҷдодии мост, ки ҳатто шояд пеш аз зуҳури Зардушт пайдо гашта бошад».
Баъди аз тарафи арабҳо забт намудани Мовароуннаҳр, ҳам мар-думи ориёнажод ба Ҷашни Сада эҳтироми хос доштанд ва чун анъана гулханҳо афрӯхта, шаби оташафрӯзии шоҳи пешдодӣ Ҳушангро идома медоданд. Дар замони салтанати Ғазнавиён адибон дар ситоиши Сада шеъру қасидаҳо навиштаанд, ки далели гуфтаҳои боло шоири давраи Ғазнавиён Унсурӣ таҷлили ин рӯзро ба Фариду-ну Ҷамшед нисбат дода, гуфтааст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст...
Ҷашни Сада аз наздик омадани баҳору Наврӯзи хуҷаста, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва нигоҳубини хуби чорво барои гузарондани зимистон пайк медиҳад. Дар гузашта, сокинони шаҳр ва рустоҳо ба-рои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон ме-рақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид. Дар гузарондани маросими оташафрӯзӣ, муоширати хубу самимӣ, равуо байни хешу ақрабо, ҳамсояву дӯстон, гармиву сафо бахшидан ба қалби инсонҳо ва аз тарафи ин-сон эҳтирому гиромидошти неъмати табиат (оташ) мунъакис ме-ёбад.
Солҳо паси сар мешаванд, асрҳо мегузаранд, наслҳо ҷойгузини наслҳои нав мегарданд. Дар қалби инсонҳо он нуре, ки аз аҷдодон мерос мондааст: урфу одат, анъанаву оини мардум идома меёбад. Шояд дар дигар шакл бошад, муҳим ин ки эҳтироми суннати аҷдо-диамон давом дорад. Анъанаи оташафрӯзӣ ҳанӯз аз байн нарафта, вобаста ба шароиту муҳит дар баъзе аз деҳаву ноҳияҳои Суғд, Ба-дахшон, Хатлон ва водии Ҳисор идома дорад. Мисоли ин гуфтаҳо: дар шаби тӯй, маросими гулхан афрӯхтану дар гирди оташ суру-дхонон рақс карда, давр гаштани арӯсу домод аст, ки байни мар-думи кишвар то ҳол роиҷ аст.
Баъди ба даст овардани истиқлолият бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Сада аз нав эҳё гардида, ҳамасола 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад.
Имрӯзҳо мо дар арафаи ин рӯзи некем ва бовар дорем, ки қалби ҳар як сокини кишвар аз шодиву сурур ҷӯш мезанад, зеро ки Сада меҳру муҳаббат, якдилӣ, сарҷамъиву хушҳолӣ ва некиву равшаниро дар худ таҷассум намудааст. Ва моро водор месозад, ки иди аҷдоди-амонро мутобиқ ба замони хеш ҷашн гирифта, оини гузаштагонро давом диҳем, то наслҳои оянда аз фарҳанги бою пурғановати гуза-штаи худ огоҳ шаванд ва қадр намоянд ва онро эҳтиром намоянд.
Эҳсон МУРОД,
коромӯзи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.01.2021 №: 17 Мутолиа карданд: 667