фарҳанг
ДРАМАТУРГИЯ ВА ТЕАТР:
АЗ МУҚОВИМАТ ТО ҲАМКОРӢ
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»
Драматургия ва театри миллии мо дар ҳоли талош ва ҷустуҷӯи дарёфти за-бони муосири муошират бо мухлисони хеш ҳастанд. Мо шоҳиди кӯшишҳое ҳастем, ки ба рушди ин ду навъи муҳими ҳунарӣ мусоидат менамоянд. Яке аз ин тадбирҳои муваффақ ва самарабахш дар рушди драматургияи миллӣ Оз-муни ҷумҳуриявии драматургон мебошад, ки қариб ҳамасола бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар амалӣ ва тибқи одат ба санаҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар бахшида мешаванд. Озмуни имсола ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисос ёфт. Ин маънии онро дорад, ки Вазорати фарҳанг ғами барномаи ҷашнии те-атрҳои кишварро аз ҳоло мехӯрад. Роҳбарони бадеии театрҳо ва дастаҳои ҳунарии кишвар имкон доранд, ки аз байни намоишномаҳои ба озмун пеш-ниҳодшуда, дилхоҳашонро интихоб карда, ҷиҳати саҳнавӣ намудани онҳо саҳм бигиранд.
Озмуни охирин якчанд махсусияти ба худ хос дошт. Чун шумораи адибони бо ин навъи мушкили адабӣ сарукордошта хеле кам аст, қариб ҳамеша иштирокчиён ва ғолибони озмун чанд тани маъмулӣ буданд. Имсол дар рӯйхати иштирокдорон номи муаллифони навро чун падидаи хеле умедбахш дидем. Ба драматургия гаравидани адиби баркамоли мо Гулчеҳра Муҳаммадиева моро хеле хушнуд ва умедвор месозад. Ӯ ҷустуҷӯҳояшро дар самти таҳқиқи равони занону духтарони мо боз ҳам инкишоф дода, дар таҷассуми симои занони муосир дар театри миллӣ саҳми арзанда мегузорад.
Чун синни драматургони мо аз 50 ва 60 боло аст, мушкилоти ҷа-вонону наврасон дар ин жанри адабӣ хеле кам инъикос меёбанд. Дар озмун ширкат варзидани донишҷӯён чун фоли нек моро умед мебахшад, ки шавқу рағбати ҷавонон ба драматургия ва театр ҳоло пурра аз байн нарафтааст. Айни замон дар асарҳои ба озмун пеш-ниҳоднамудаашон риояи қонуниятҳои жанрӣ ва табиати театру мантиқи инкишофи воқеа ва характерҳо камтар ба назар расад ҳам, агар коргардонҳои соҳибтаҷрибаи мо бо онҳо ҳамкорӣ намоянд, бо-вар дорем драматургони хубе шуда ба воя бирасанд. Дар гузашта театри тоҷик маҳз бо ҳамин усул сафи муаллифони худро афзуда, дар ҳамкорӣ бо онҳо асарҳои мондагор офаридааст.
Яке аз талаботи асосии озмун пешниҳоди асарҳои нав – намоиш-номаҳое, ки ақаллан ду соли охир офарида шудаанд, мебошад. Ам-мо, ҳоло ҳам, чун солҳои қаблӣ бархе аз муаллифон намоишно-маҳои 10-15 сол қабл навиштаи худро ба ҳайати ҳакамон пешкаш месозанд. Баъзе асарҳо пас аз саҳнавӣ шуданашон низ ба озмун ман-зур шудаанд, ки ба мантиқи сабқати дарёфти асарҳои нави саҳнавӣ рост намеояд. Ҳамчунин, ба озмун асарҳои зиёде роҳ ёфтанд, ки аз рӯи асарҳои дигарон офарида шудаанд, яъне инсенировка мебо-шанд. Дар ҳеҷ озмуни драматургӣ чунин асарҳо ба рӯйихати асарҳои ба озмун роҳёфта ворид намешаванд.
Чун вобаста ба таваҷҷуҳи ками адибон ба драматургия, имкони аз миқдори зиёди асарҳо интихоби ҷудо намуданро надорем, ҳамаи дастхатҳои ба нишонии вазорат воридгардида ба озмун роҳ ёфтанд. Дар натиҷа, ҳайати ҳакамон ҳайрон буд, ки ба асарҳо вобаста ба ар-зиши бадеияшон баҳо бидиҳанд ё барои ғояҳои ҳоло то охир кор-карднашудаи асарҳо. Пйесаҳои ба ин сабқати адабӣ пешниҳодшуда аз лиҳози мавзӯъ ва мазмуну мундариҷа хеле аз ҳамдигар фарқ до-шта бошанд ҳам, аз лиҳози ҳунари драманигорӣ қариб, ки дар як сатҳ қарор гирифтаанд. Биноан, ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро ба ка-се муносиб надонист. Ҷойҳои дувуму сеюм ва ҳавасмандиро низ асарҳое гирифтанд, ки ҳоло аз лиҳози бадеият ва касбият дар сатҳи баланд қарор надоранд. Вале, чун мо то ҳол на дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи ходимони театрӣ ҷоизаи махсусеро доир ба драматургия таъсис надодаем, ғолибият беҳтарин будани муаллифонро дар ин жанри адабӣ муайян месозад.
Бояд гуфт, ки бархе аз муаллифон аз натиҷаҳои озмун норизо монданд. Ин ҳам як амри табиӣ буда, дар сабқатҳои ҳунарӣ зиёд ба назар мерасад. Оне, ки аз ҷиҳати адабӣ дида, бештар имкониятҳои саҳнавӣ шудани асарҳо ба назар гирифта шуд, ин талаботи асосии худи озмун буд.
Ҳамзамон, дар маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии драма-тургон ин нукта низ баён гардид, ки Вазорати фарҳанги кишвар бо ин амали хеш иктифо нахоҳад кард, аз ҷумла ин ниҳод барои офа-ридани асарҳои хуби саҳнавӣ дар мавзӯъҳои муҳими сиёсӣ ва иқти-содии кишвар, бо драматургон шартномаи алоҳида ба имзо расонд. Ҷиҳати ҳавасмандии онҳо ҳаққи қалами хуб пешбинӣ гардидааст. Барои саҳнавӣ шудани ин асарҳо низ маблағҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд. Ин падидаи нек моро умедвор месозад, ки раванди офа-ридани асарҳои саҳнавӣ дар кишварамон аз характери муваққатӣ, яъне аз озмун то озмундоштаи хешро тағйир дода, ба раванди мут-тасил инкишофёбанда мубаддал мегардад.
Ин ҷо, ҳамчунин, мехостем чанд сухан аз боби асарҳои пешниҳод-гардида гуфта бошем. Бо мазмуну муҳтавои драмаҳо шинос шуда, бори дигар бар он муътақид мегардед, ки мақсади асосии хешро драматургияи миллии мо дар кӯшиши инъикоси воқеии зиндагии муосир ва тағйироти куллии равоние, ки ҳамзамонони мо аз сар мегузаронанд, мебинад. Драматургияи муосир бо ташхиси ҳолати маънавии ҷомеа машғул буда, дар баробари нишон додани сабабу натиҷаҳои он раванди суръатгирии тағйиротро ҳам, муайян мена-мояд. Ҳамин тавр, бо истифода аз минбари барояшон пешниҳод-шуда, кӯшиши таҳқиқро наслҳои гуногуни адибону ҳунармандон ба зиммаи худ гирифтаанд. Вале, натиҷаҳои озмун нишон доданд, ки насли калонсол бо истифода аз таҷрибаи хеш дар ин самт пешгом-таранд.
Озмуни навбатӣ низ ба баҳси чандин сол боз идомадоштаи театру драматургия оид ба талаботи аввалӣ ҷавобгӯ набудани дувумӣ нук-та гузошта натавонист. Дар рафти муҳокимаҳо аён гардид, ки театри миллии мо дар мисоли коргардонҳои он ҳамоно дастовардҳои дра-матургиамонро нодида гирифта, ба офаридаҳои он ҳамчун моли бадарднахӯре назар мекунад. Сарфи назар аз он, ки дар барномаи театрии мо асарҳои миллӣ зиёд ба чашм расанд ҳам, диди нави ҳунарӣ, эстетикаи театриамонро муайян карда наметавонанд. Дар навбати худ, драматургон аз муносибати ҳавобаландонаи аҳли театр ба асарҳояшон ба фарёд омадаанд. Зеро аҳли ҳунар бо асарҳои дра-мавӣ мисли усулҳои театрӣ озмоишҳои аҷибе мегузаронанд. Онҳо на ба мазмуни асар аҳамият медиҳанду на ба сохту забони он. Тағйиротеро, ки аксаран бар зарари асарҳост, худи коргардону ҳу-нармандон ворид месозанд. Дар натиҷа, драматург ба театр омада, асари худро намешиносаду дилсард шуда меравад. Дар театр низ ба ӯ мушаххасан гуфта наметавонанд, ки бо ин асар чи гуфтан ме-хоҳанду онро чӣ тавр бояд баён намуд. Ҳамин тавр, як ҳолати аҷибе ба миён омадааст: ба ҷои робита бо театр ва дар робита бо театр асар офаридан, драматургони мо дар дунёи махсуси барои худ офа-рида мезиҳанд.
Дар чунин ҳолат қазоват кардан корест мушкил. Баъзан, ба чунин хулоса меоед, ки ҳақиқат миёни ин ҳар ду мавқеъ ҷой гирифтааст. Он дерест чун чеварони хонагӣ бо хоҳиши мизоҷон осори камарзиш «истеҳсол» кардан намехоҳад. Вақти он расидааст, ки дарк намоем - асари кӯтоҳи иштирокчиёнаш каму бемасрафи саҳнавӣ офаридан ба дили драматургони мо задааст. Драматургияи миллӣ ва муалли-фони маҳаллӣ драмаи худро аз сар гузаронда истодаанд. Драмаи шахсии муаллифони саҳнавиро бошад, танҳо театр тақвият дода, онро сайқал медиҳаду то ба сатҳи осори адабӣ ва бадеӣ мерасонад. Театр бояд на танҳо забони ифодаи вазъи кунуниро дарёфт намояд, балки лаҳни бо драматургия ба муколама даромаданро низ биомӯзад. Мушкил он аст, ки драматургия ба як навъи тафаккури бадеии мо табдил наёфтааст. Дар ҳоле ки дастаҳои ҳунарии нав ба наве дар гӯшаву канори кишвар рӯ ба ҳастӣ овардаву синамои мил-лӣ эҳё мегардад, мо ба драматург ва сенаристони худӣ эҳтиёҷи зиёд дорем.
Ҳаёти театрӣ дар музофоти кишварамон низ якранг сурат намеги-рад. Агар дар вилояти Суғд он бо як мароми махсус сурат бигирад, дар минтақаҳои Кӯлоб, Бохтар ва Данғараи вилояти Хатлон ному-раттаб иҷро мегардад.
Ҳар минтақаи театрӣ муаллифи хешро дорад. Вале, чунин ба назар мерасад, ки ба ғайр аз муаллифони дар пойтахт қарордошта, асарҳои каси дигареро дар театрҳои минтақавӣ саҳнавӣ намесозанд. Дар натиҷа, муаллифони маҳаллии мо аз як асари саҳнавӣ то дига-раш пеш намераванд. Ба дастаҳои ҳунарӣ муаллифоне заруранд, ки дар робита бо равандҳои умумии театрӣ асар офарида тавонанду бо мавзӯоти маҳаллӣ маҳдуд нашаванд.
Чун дар ҷумҳурӣ фаслномаҳои драмавӣ ва ҷаридаҳои театрӣ вуҷуд надоранд, озмун ва ҳамчун натиҷаи он - нашри маҷмӯаи асарҳои ба он пешниҳодшударо метавон кӯшиши нахустин ва муваффақонае дар роҳи созмон додани ганҷинаи миллии драма-тургӣ номид. Ба зудӣ ҳам набошад, вале умед аст, ки асарҳои дар доираи он муаррифигардида дар рушди театри миллӣ саҳми боса-зое мегузоранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.01.2021 №: 17 Мутолиа карданд: 606