сиёсат
ПЕШВОИ МИЛЛАТ.
ТОБИШИ ХИРАД ВА ПИРӮЗИИ МИЛЛӢ
-Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем. Мардуми тоҷик ҳатто дар замони истиқлол давраҳои аз ин беморӣ чандин баробар вазнинтарро паси сар карданд. Дилпурона иброз медорам, ки ин марҳалаи мушкилро низ бо сари баланд сипарӣ мекунанд.
Ин ҳарфҳо 20 майи соли 2020 дар авҷи пандемияи COVID – 19 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ садо дода буд, ки ба мардум рӯҳияи нек бахшид. Имрӯз, ки мо бо такя ба хиради азалии Пешвои муаззами миллат ба марҳилаи пирӯзии комил бар вируси қотил расидем, қимати ин суханон бештар гардида, ҷасорати бемисл ва иродаи устувори Сарвари давлат дар рафъи ҳар мушкилоте бо тобишҳои наву дурахшон дар зеҳну шуурамон ҷилвагар мешаванд.
Оре, соли 2020 бо ҳама чолишҳои тарснокаш ба ҳукми таърих рафт. Аз тақвими зиндагии мо гузашт, вале бо таҳаввулоте, ки дар пай дошт, ба унвони як давраи хос дар ҳаёти аҳли башар ёд хоҳад шуд. Дар ростои сол COVID – 19 бештар аз ҳар чизи дигар сари за-бонҳо буд. Ҳангомаи ин маризӣ дигар масоили глобалиро аз мазҳари таваҷҷуҳ дур кард, мардуми ҷаҳонро дар фосила қарор дод, мавзӯи терроризму ифротгароиро, ки қаблан ҳарфи аввал дар ҷаҳон буд, барои муддате аз минбари расонаҳо поён зад. Ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди иқтисоди ҷаҳонӣ таъсире гузошт, ки ҷаҳони муосир то кунун назирашро надида буд. Беморӣ дар фо-силаи кӯтоҳе аз марз ба марз рафт ва дар тамоми давлатҳои ҷаҳон доман густурда, унвони «вабои аср» - ро ба худ касб кард. Аҳли оламро ба изтироб оварда, ҳатто пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳонро ба зону нишонд.
Амри воқеъ буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин вазъ наметавонист, чун як узви ҷомеаи ҷаҳон аз сирояти беморӣ ва таҳдиди COVID - 19 эмин бошад. Вале, чораҳои саривақтии пешгирӣ ва тадбирҳои беҳдоштии Ҳукумати ҷумҳурӣ самараи нек доданд ва дар зарфи чор моҳе, ки пандемияи коронавирус, аллакай, ҷаҳонро ба итоати худ даровард, мардуми тоҷик аз ин беморӣ дар канор буд. Воқеан, дар пайи иқдомҳои пешгирикунанда COVID – 19 ба кишвари мо дер расид, аммо ин таъхир хоби ҳаводорони чашмбароҳаш – худбохтаҳое, ки ҳама ҳасби ҳолашонро медонанд, ҳаром кард. Зеро бадхоҳони миллат интизор доштанд, ки коронавирус давлати моро хароб ва ҳоли мардумро табоҳ менамояду онҳо бо истифода аз ин мусибат холи сиёсӣ ба даст меоранд. Вале чи хаёли хоме буд, ки ин ҳам мисли дигар ғаразу ҳадафҳои нопокашон хок хӯрд.
Таърих чунин бешарафиро фаромӯш нахоҳад кард ва мардум низ ҳамоқатеро намебахшад, ки дар вазъияти сангине ба эҳсосаш нохун занӣ. Шеваи бозтоби ҳаводиси вобаста ба COVID - 19 дар расонаҳои таҳти фармони наҳзат ҳамин воқеиятро мемонд, ки бо пахши иттилои дурӯғу тарсафкан мардумро ба таҳлука оварда буданд. Ба чунин раванд чанде аз расонаҳои ҳангомасоз низ ҳамроҳ буданд, ки ҳанӯз қадами шуми коронавирус ба хоки кишвари мо нарасида, нишона-шро дар оромгоҳҳо меҷустанд. Фазои расонаии ин тоифа дар ҳоли сабт шудани аввалин гирифторони маризии ҳамагир дар Тоҷикистон нишон медод, ки гӯё кор ба комашон шудааст. Табли шодӣ мезаданду мардумро мешӯронданд. Зарфиятҳои Ҳукумат дар мубори-за бо ин вируси қотилро ба чолиш кашида, ба эълони карантини сартосарӣ даъват мекарданд. Шояд, ин айёрони «озодихоҳ», ки дар ҳеҷ маврид хостори рифоҳи миллати тоҷик набуданд, хуб медонистанд, ки оқибатҳои карантини сартосарӣ барои мардум пайо-мадҳои сангинтаре аз осори коронавирус дорад. Аз ин рӯ, қасдан ба чунин тарғибот мепардохтанд, то вазъро печида кунанд.
Ҳарчанд сокинони мамлакат дар ин давраи ҳассос то ҷое зери таъсири ҳангомаҳои тарснок қарор гирифтанд, вале дарҳол аз ҷара-ёнҳои иштибоҳӣ рӯй тофта, ба ин даъвати Пешвои муаззами миллат гӯш доданд: «Агар мо ба таҳлукаву воҳима афтем, яъне аз вазъи имрӯза ба тарсу ноумедӣ гирифтор шуда, кор накунем ва маҳсулот истеҳсол накунем, зиёни чунин амали мо аз хатару зарари коронавирус бамаротиб бештар хоҳад шуд». Воқеан, Президенти маҳбуби кишвар дар айни хуруҷи коронавирус ба назди мардум рафтанд. Бо деҳқонону кишоварзони минтақаҳои гуногун, аз ҷумла вилояти Хат-лон, дидору мулоқотҳои рӯ ба рӯ анҷом дода, дар садри вусъат бах-шидани киштукор қарор гирифтанд. Баъдан, дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба мардум итминон доданд: «Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам».
Чунин оини мардумӣ, ки дар вуҷуди Сарвари хирадсолори давлат хосияти азалӣ дорад, дар як давраи сангини таърих миллати куҳанбунёди тоҷикро аз завол наҷот бахшида, мӯҷиби саодату пирӯзиҳо гардид. Оғоз аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ мо дар ёд дорем, ки Пешвои ормонии миллат то чӣ андоза пойбанди қавлу қасами худ буда, дар роҳи эъмори давлати навбунёд, расидан ба қаламрави саодати миллӣ борҳо ҷони хешро ба гарав гузоштанд. Имрӯз низ, аз файзи хирад, ҷасорат, иродаи қавӣ ва иқдомҳои олии Президенти маҳбуби кишвар, давлат ва миллати тоҷик ба рағми пешбиниҳои ваҳмангез алайҳи ин вабо, ки ҷаҳонро ба ларза овард, бо талафоти андак пирӯз шуд.
Акнун мардум бовар ҳосил карданд, ки он ҳама ҳангомаи таф-риқасозон дар мавриди зарфиятҳои давлат ва хадамоти тандурустӣ дар муқобила бо маризии ҳамагир бепояву хаёлпарастона будааст. Зеро, чун дар пайи иғвои гурӯҳҳои тавтеасоз мардум дар айни хуруҷи беморӣ ба бозорҳои кишвар рехтанд, Ҳукумат бо истифода аз захираҳои давлатӣ тамоми ниёзҳои аҳолиро бароварда сохт ва нагузошт, ки вазъ тағйири ҷиддӣ кунад. Гузашта аз ин, баробари зуҳури пандемияи коронавирус бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зидди-эпидемӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 созмон ёфта, фаъолияти он таҳти назорати шахсии Роҳбари давлат қарор гирифт. Дар ҳамин ҳол, табақаҳои озебпазири ҷомеа дастгирӣ ва ба соҳибкорону тоҷирон имтиёзҳои иловагӣ дода шуд. Ҳамчунин, ҷиҳати ёриву дастгирӣ ва таҳкими фаъолият муассисаҳои тандурустӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо гардиданд.
Дар ин давраи басо ҳассос «Ҷумҳурият» ҳамчун рӯзномаи миллӣ ва тарғибгари пешдасти сиёсати созандаи давлату Ҳукумат дар ба-робари бозтоби дигар воқеоти рӯз, ба ин масъала тамаркузи бештар дошт. Мавқеи рӯзнома ин буд, ки дар пайравӣ ба сиёсати пешги-рифтаи Ҳукумат оид ба мубориза алайҳи COVID-19, пеш аз ҳама рӯҳияи мардумро қавӣ созад. Аз ҳамин дидгоҳ, бо пешниҳоди итти-лои саҳеҳу таҳлилҳои асоснок сокинонро аз таҳоҷуми иттилои ҳан-гомавӣ нигоҳ медошт ва талош мекард, ки бо матолиби хеш тарсро аз вуҷудашон дур андозад. Зеро ковишҳои мо дар робита ба хулоса-ву назари олимони ҷаҳонӣ ва табибону равоншиносони тоҷик аз рӯзҳои аввали пайдоиши беморӣ чунин натиҷа дод, ки ҳассосияту тарсидан ба иммунитети инсон зарба зада, яке аз омилҳои марговар мегардад. Бо табибони сироятшинос ва равоншиносон суҳбатҳои фарогир анҷом дода, зимнан, мардумро ба иҷрои тадбирҳои беҳдоштиву риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ даъват мекард. Рӯзно-ма дар такя ба таҳқиқотҳои анҷомшуда ва хулосаву ояндабинии табибони саршинос пешбинӣ мекард, ки вируси қотил ба зудӣ моро тарк хоҳад кард. Аз ҷумла, Ниёз Одинаев, доктори илмҳои тиб, ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта дар суҳбате бо «Ҷумҳурият» ин муждаро дода буд: «Беморӣ дар кишвари мо батадриҷ аз байн ме-равад Чун чораҳои пешгирӣ, табобат ва рафъи бемории COVID - 19 зери назорати қатъии Пешвои муаззами миллат қарор дошт ва роҳи карантинӣ пеш гирифта нашуд, нисбат ба беморӣ масунияти ҷамъиятӣ пайдо гардид. Ҳоло таҷриба нишон дод, ки Тоҷикистон ва он кишварҳое, ки ба карантини қатъӣ фаро гирифта нашуданд, манфиати бештаре диданд. Аввалан, мо аз вирус бармаҳал халос хоҳем шуд. Дувум, талафоти мо нисбат ба дигар мамлакатҳо камтар аст».
Акнун ба назар мерасад, ки марҳилаи вазнини беморӣ дар кишва-ри мо аз байн рафт. Зеро омори сироятшавӣ ба сифр баробар гар-дида, тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 14 январи соли ҷорӣ ба ин сӯ ҳеҷ як ҳолати сироятшавӣ дар кишвар сабт нашудааст. Вазорат, ки аз оғози моҳи майи соли 2020 ҳар рӯз омори гирифторону шифоёфтагон ва фавтидаҳо бар асари коронавирусро нашр мекард, ахиран эълон намуд, ки ҳоло касе ба иллати гирифторӣ дар шифохонаҳо бистарӣ нест. Ин амр, далолат ба он дорад, ки воқеан, тадбирҳои андешидашуда судманду корсоз буда, роҳи пешгирифтаи Тоҷикистон дар мубориза бо ин маризии ҳамагир дурусту натиҷабахш будааст. Вале бо ин вуҷуд, набояд чо-раҳои беҳдоштӣ ва риояи талаботи гигиенаи шахсӣ сарфи назар шаванд, зеро ҳанӯз вазъ дар соири дигар кишварҳои олам нигарон-кунанда боқӣ мемонад. Ва бигзор мо то поёни пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон шоҳиди ин хабар бошем, ки дар ҳафтаҳои охир аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нашр мешавад: «Дар шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID - 19 ба қайд гирифта нашуд».
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.01.2021 №: 17 Мутолиа карданд: 851