logo

иқтисод

 РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: «ПОЙТАХТ РӮ БА РУШДИ УСТУВОР ДОРАД»


Шаҳри Душанбе - пойтахти кишвари азизамон рӯз ба рӯз зеботар мегардад. Хусусан, пас аз тағйироти кадрӣ дар мақомоти шаҳр ва ҷалби кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавонон ин раванд вусъати тоза гирифт. Мо дар тарзи меъмории биноҳои баландошёна, сохтмони майдончаҳои варзиш ва ободиву гулгулшукуфоӣ дигаргуниҳои азимро мушоҳида менамоем. Вобаста ба ин ва дигар самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии як соли охири пойтахт, ки ба нигини пурҷилои кишвар мубаддал гаштааст, хабарнигори рӯзнома бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи он манзур мегардад.
 
- Муҳтарам раис, эътирофи умум аст, ки шаҳри Душанбе дар чанд соли охир бо тарҳу симои нав ободу зеботар мешавад. Ба назар мерасад, ки вусъати корҳои ободонӣ ва иқдомҳои навоварона аз ҷониби сокинону меҳмонони пойтахт истиқболи гарм пайдо намудааст. Баҳои Шумо ба ҷараёни татбиқи маҷмӯи барномаҳои созандагӣ ва натиҷаҳои ҳосилгардида чӣ гуна аст?
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави кор, инчунин, дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо, рушди фарҳангу иҷтимоъ, чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд.
Бо вуҷуди таъсири бемории сироятии COVID - 19 дар  тамоми соҳаҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин давра тамоюли мусбати соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин гашт.
Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар ин давра ба 15,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 19 дарсадро ташкил дод. Рушди МММ, асосан, аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, гардиши савдо, хизматрасонии пулакӣ ва боркашонӣ таъмин шудааст.
Дар соҳаи саноат ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда заминаи мусоид фароҳам омад. Ҳамин аст, ки соли сипаришуда аз ҷониби 483 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи коркард, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, тавлиди неруи барқ ва тақсими он, коғаз, фаъолияти табъу нашр ва коркарди чӯбу тахта афзудааст.
Содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр дар ин давра ба 6 миллион доллари ИМА баробар шуд. 33 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси 1600 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуданд.
Истеҳсоли неруи гармӣ соли гузашта ба 1,2 миллион Гкал баробар гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 38 дарсад зиёд буда, ба муштариёни он ба маблағи 57,4 миллион сомонӣ (ба аҳолӣ 14,6 ва ташкилоту идораҳо 36,7 миллион сомонӣ) неруи гармӣ интиқол гардидааст.
Имрӯзҳо қисми зиёди сокинони шаҳр бо гармӣ таъминанд. Дар доираи  иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати кишвар «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021» барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 2511 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, ба 2562 иншоот неруи гармӣ интиқол мегардад.
 
- Вазъи таъмиру сохтмон ва навсозии иншооти шаҳрро дар самти сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Ҳоло дар соҳаи манзил 1, коммуналӣ 5, маориф 1, фарҳанг 3 ва дигар соҳаҳо 3 иншоот, инчунин, дар 9 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ иҷро гардидаанд. Дар 8 иншоот корҳои сохтмонию васлкунӣ ва дар 2 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ бо маром идома доранд.   
Дар соҳаи маориф корҳои сохтмон, таъмир ва навсозӣ дар 13 иншоот барои 13860 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, бо фармоиши Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6140 ҷой, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6520 ҷой идома доранд. Инчунин, аз ҳисоби соҳибкорону эҳсонкорон корҳои лоиҳакашии 7 муассисаи таълимӣ барои 5792 ҷойи нишаст дар як баст оғоз гардидаанд.
Дар ин давра сохтмони 13 муассисаи томактабӣ барои беш аз 2000 ҷой ва корҳои лоиҳакашии 9 муассисаи томактабӣ барои 1900 ҷой идома доранд.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қасри теннис ва маҷмааи обии шаҳри Душанбе, коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва корхонаи дӯзандагии «Тоҷтекс» ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Айни замон ҷиҳати бунёди майдони «Истиқлол» дар марҳилаи якум корҳои сохтмонӣ, ки арзиши он 4,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ба анҷом расида, корҳо дар марҳилаи 2 - юм тибқи лоиҳа идома дошта, то ҳозир ба маблағи 30,4 миллион сомонӣ ба анҷом расидаанд. Ҳамзамон, таҷдиду таъмири пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар хиёбони Б. Ғафуров ва кӯчаи А. Ғуломов ба анҷом расида, иншооти мазкур ба истифода дода шуд.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019 - 2021 тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4145 чорабинии гуногун, бахусус дар самти бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23 ҳазор ҷойи нави кор, дар назар аст.
Дар доираи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани нақша - чорабиниҳои мазкур то ҳол 3516 иншоот таъмиру навсозӣ гардид, ки 85 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди 7 меҳмонхонаи замонавӣ санги асос гузоштанд.
Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани тамоми инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Соли гузашта дар 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19 километр корҳо пешбинӣ шуданд, ки иҷрои он ба 259,4 миллион сомонӣ баробар гардид. Аз ин, 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр, 1 иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр ва сохтмони 27 истгоҳи нақлиётии замонавӣ мебошад. Дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда сохтмони 47 истгоҳи нави замонавӣ, аз ҷумла аз ҷониби раёсати сохтмони асосӣ бунёди 25 истгоҳ ба маблағи 7 миллион сомонӣ ва аз ҷониби раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу пулҳои шаҳри Душанбе 22 истгоҳ ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Ҳамзамон, роҳи автомобилгард аз муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (маъмул ба эстакадаи Қарияи Боло) бо дарозии 4,2 километр мавриди истифода қарор гирифт. Сохтмони роҳи автомобилгарди назди бозори «Корвон» низ бо дарозии 1,85 километр анҷом ёфт.
Чанде қабл дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон сохтмони роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортути пойтахт, ки тарҳи муштараки ду кишвари дӯст маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардиданд.
 
- Дар пойтахти кишвар дар самти ҳамлу нақли бору амвол ва мусофиркашонӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба мушоҳида мерасанд. Барои ба эътидол овардани вазъи нақлиёти мусофиркашонӣ чӣ тадбирҳо андешида шуда, фаъолияти масъулони соҳаро дар ин самт чӣ тавр баҳогузорӣ менамоед?
- Бо мақсади беҳбуд бахшидани кор дар самти маҷмӯи нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор доранд. Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 17 ҷамъияти хусусии нақлиётӣ ва 11 ширкати такси амалӣ мегарданд.
Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 83 хатсайри мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 26 автобус, 8 троллейбус, ва 49 микроавтобус мебошанд, ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ, 4940 воситаи нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз он 633 мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 микроавтобуси бахши хусусӣ ва 2750 воситаи нақлиёти сабукрави такси дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд. Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 340 автобус, 60 троллейбус, 1180 микроавтобуси бахши хусусӣ ва 1550 воситаи нақлиёти сабукрави такси сафарбар мешаванд.
Дар ин давра аз ҳисоби ворид ва ба истифода додани автобусҳои нав ва вобаста намудани онҳо ба баъзе аз хатсайрҳои амалкунандаи микроавтобусӣ ба хатсайрҳои автобусии корхонаҳои коммуналӣ, ҳиссаи бахши коммуналӣ нисбат ба ҷамъиятҳои нақлиёти хусусӣ зиёд гардидааст. Ҳамчунин, бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави такси намои зоҳирии онҳо ягона гардид.  
Тибқи шартномаи дуҷониба, аз Ҷумҳурии Беларус хариди 100 троллейбуси муосир (то 15 километр бе ноқил ҳаракаткунанда) ба нақша гирифта, аллакай, 91 - тои он ба ҷумҳурӣ ворид гардид. Ҳамчунин,  тибқи нақша, хариди 50 автобуси тамғаи «AKIA» аз ширкати муштараки «АКИА Авесто Автоматив Индастри» дар назар буд, ки айни замон 36 - тои он ба тавозуни ККВД «Автобус - 3» - и шаҳри Душанбе супурда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе дар заминаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ ва амалӣ мегардад. Дар ин давра дар хатсайри автобусу троллейбус пардохти роҳкиро пурра тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуд, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусҳо оғоз гардидаанд. Аз оғози татбиқи низоми мазкур барои истифодаи хизматрасониҳои мусофиркашонӣ зиёда аз 500 ҳазор корти пластикӣ ба сокинону меҳмонон дастрас шуд.
 
- Иқтисоди бозорӣ афзалияти сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад. Шаҳрдорӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармоя чӣ тадбирҳоро амалӣ менамояд?
- Дар шаҳри Душанбе 42506 субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 7312 шахси ҳуқуқӣ ва 34903 соҳибкори инфиродӣ (аз ҷумла, бо патент 23756 ва бо шаҳодатнома 11147 нафар) - ро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ҷоннок намудани кор дар самти таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ин давра як қатор корҳо мавриди амал қарор дода шуданд. Ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 155 миллион доллари ИМА - ро ташкил дод.
Дар ин давра, дар пойтахт 45 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 29 корхона ба маблағи 52,7 миллион доллари ИМА сармояи мустақим ва 16 корхона ба маблағи 101,9 миллион доллари ИМА дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд. То ҳол 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешавад.
Ин оморҳоро ифтитоҳи якчанд корхонаҳои саноатӣ, ки охири сол Сарвари давлат дар онҳо ширкат доштанд, шаҳодат медиҳанд. Бо дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар имрӯзҳо саҳми сармоягузорони дохиливу хориҷӣ бештар шудааст. Аз ин рӯ, дар шаҳр, аллакай, шаҳраки саноатӣ мавҷуд буда, барои таъсиси корхонаҳои нав имтиёзҳои андозиву гумрукӣ фароҳаманд, то соҳибкорону сармоягузорон ҳавасманд гарданд.
Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт дар арафаи идҳои миллию давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмӯъ, дар ин давра зиёда аз 13,6 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалияро пешкаши сокинони пойтахт гардонданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии болоравии нарх ва ғанӣ гардондани бозорҳои истеъмолии шаҳр бо маҳсулоти гӯштӣ дар ин давра ба миқдори 228,6 тонна гӯшти гов ва 112,1 тонна гӯшти гӯсфанд бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон гардид. Дар баробари ин, аз ҷониби корхонаи мазкур дар доираи шартномаҳои басташуда бо ширкатҳои тиҷоратии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Беларус ва Ҷумҳурии Исломии Покистон харид ва воридоти маҳсулот, аз ҷумла шакар, равғани рустанӣ, орд, гандум, биринҷ ва гӯшти гов, ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таъмини талаботи истеъмолкунандагон тавассути бозорҳои пойтахт ба фурӯш гузошта шудаанд.
 
- Дар бораи ободонию сабзазоркунонии кӯчаю гулгаштҳои шаҳр дар ВАО ҳамарӯза матолиби зиёде нашр мешаванд. Аз ин ҷост, ки Душанбеи азизамонро боғшаҳр мегӯянд. Дар ин самт боз чӣ корҳои дигаре анҷом дода хоҳанд шуд?
- Соли ҷорӣ як қатор корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва сабзгардонии шаҳри Душанбе ба анҷом расиданд. Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилот ба миқдори 122,9 ҳазор бех дарахту бутта, 13,3 миллион бех гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонда, дар майдони 271,8 ҳазор метри мураббаъ майса кошта шуд. Бо мақсади обпошии минтақаҳои дахлдори шаҳр дар 79 кӯчаю хиёбон 59 мошини обкашон сафарбар гардидааст.
Баҳри таъмини кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои зимистона ва баҳорӣ дар гармхонаҳо 2,1 миллион дона тухми гулҳои мавсимӣ коштем. Дар ин самт корҳо идома доранд. Ҳамчунин, бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонии пойтахт ва сабзазоркунии он дар ноҳияҳои шаҳр шанбегиҳо баргузор мегарданд. Алҳол мавсими ниҳолшинонӣ аз ҷониби сокинону идораву муассисаҳои пойтахт ҳамовозӣ ёфта, корҳо дар ин самт бо маром ҷараён доранд.
 
- Таъсиси ҷойҳои нави кор ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Шаҳри Душанбе дар ин масъала, чуноне ки маълум аст, мушкил надорад. Зеро аз минтақаҳо низ ба пойтахт барои дарёфти кору шуғл меоянд. Таҷрибаи шаҳрдорӣ дар самти шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва рушди иҷтимоӣ, бешак, барои дигар минтақаҳои мамлакат намунаи пайравӣ аст. Оё вазъ дар пойтахт аз нигоҳи Шумо қонеъкунанда аст?
- Тибқи маълумот, давоми як соли охир аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр 31810 ҷойи нави корӣ таъсис ва барқарор шуд. Дар ин давра тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9387 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид.
Ҳамзамон, ҷиҳати паст намудани сатҳи бекорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 36 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуда, ба 233 бекор ба маблағи 717 ҳазор сомонӣ ёрии молиявӣ расондем.
 
- Доир ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ суҳбати хеле муфиду ҳадафманд намудед. Бовар дорам, ки хонандагони рӯзнома доир ба ин соҳаҳо маълумоти муфиде дарёфтанд. Акнун, мегуфтед, ки фаъолияти шаҳрдорӣ дар самти тарғиби хештаншиносию ватандӯстӣ дар кадом вазъ мебошад?
- Мақомоти шаҳр дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстию хештаншиносии сокинони шаҳр, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ фаъолияти худро ба таври ҳамешагӣ равона намуда, ҷиҳати иҷрои барномаву нақшаҳои марбутаи соҳа чораҳои мушаххас меандешад. Бо мақсади иштироки аҳли ҷомеа дар корҳои созандагӣ ва ҳамбастагии онҳо ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди маънавиёти аҳолӣ 79 вохӯрию мулоқоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо масъулони соҳаҳои гуногун, фаъолон ва сокинони пойтахт доир гардид. Бешубҳа, ин тадбирҳо манфиатбахш хоҳанд буд.
 
- Барои ҷалби сайёҳон ва рушди гардишгарӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ чӣ корҳо анҷом ёфтанд ва кадом нақшаҳо дар пешанд?
- Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ, мусоидат менамояд.
Тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат» - и Федератсияи Россия, Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ ва даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона дар ҷашни Соли нави милодии 2020 арзёбӣ гардид. Барои истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, мавзеъҳои таърихиву фарҳангии он дар харитаи сайёҳии шаҳр дар сомонаи расмии сайёҳии мақомот www.dushanbe-travel.tj инъикос гардидаанд.
Дар шаҳри Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, марказҳои дилхушӣ, ошхонаҳою чой-хонаҳои миллӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, гулгаштҳо, ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ бо тарҳу намои миллӣ ҳамарӯза талаботи меҳмонони дохиливу хориҷиро қонеъ мегардонанд.
 
Мусоҳиб Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2021    №: 20    Мутолиа карданд: 1609
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед