logo

иқтисод

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: “КӮШОНИЁН ДАР ФАРОВОНИИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ НАҚШИ МОНДАГОР ДОРАД”

Бо мақсади дар маҳалҳо сари вақт татбиқ кардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, аз ноҳияи Кӯшониён боздид ба амал оварда, бо дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуд.
Дар ноҳия ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби доираҳои соҳибкорон иншооти зиёд қад мекашанд. Аз ҷумла, дар шафати майдони Парчами давлатӣ ва Исмоили Сомонӣ лавҳаи ифтихории «Қаҳрамонони миллат» дар эъмор аст. Раиси вилоят баъди дидани ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти мазкур зикр кард, ки он ба хотири гиромидошт ва бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии наврасону ҷавонон ва арҷгузорӣ ба корномаи фарзандони фарзонаи миллат бунёд мегардад.
Ба иттилои сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сохтмони он моҳи ноябри соли 2020 оғоз гардида, баландиаш 4,5 метр ва паҳнояш 10 метр хоҳад буд. Лоиҳа бо санъати баланди меъмории миллӣ тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ бо харҷи беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷараён доранд.  
Раиси вилоят таъкид намуд, ки ҳар як Қаҳрамони Тоҷикистон – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур чун шахсони ватандӯсту дурандеш барои муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳимояи арзишҳои миллию давлатдорӣ, барқарории сулҳу субот ва устувории давлат саҳми бориз гузошта, бар зидди ҳама гуна равияҳои зиёновари миллатгароиву ҷудоиандозӣ мардонавор мубориза бурдаанд ва силсилаи иқдомоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро барои таҳкими арзишҳои милливу суннатии тоҷикон ва бунёди давлату давлатдории мардуми Тоҷикистон амалӣ намуданд.
- Ин шахсони матиниродаву донишманд, оқилу дурандеш, сиёсатмадорони барҷаста тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашонро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтаанд, - зикр кард раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. – Қомат афрохтани лавҳаи “Қаҳрамонони Тоҷикистон” рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмату ҷоннисориҳои чеҳраҳои мондагори миллат мебошад.
Қарор аст, ки бунёди лавҳаи мазкур дар хиёбони марказии ноҳияи Кӯшониён ояндаи наздик ба итмом бирасад.
Зимнан, Қурбон Ҳакимзода дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба меҳмонии якчанд оила омада, ба ҳолати истифодаи самаровари қитъаҳои замини наздиҳавлигии онҳо баҳои баланд дод.
Зимни боздид аз замини наздиҳавлигии оилаи Ворисовҳо иттилоъ дода шуд, ки масоҳати қитъаи онҳо аз 0,13 га иборат буда, айни ҳол картошка, гулкарам, сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, турб кишт шудаанд. Нурмаҳмад Ворисов тазаккур дод, ки дар гармхонааш 4 ҳазор ниҳоли қулфинайро парвариш мекунад ва маҳсулоти тайёрро дар нимаҳои моҳи март ба бозор мебарорад.
Нурмаҳмад Ворисов бо аҳли оилааш ҳар сол аз замини наздиҳавлигӣ ду тонна боимҷону қаланфури булғорӣ ва беш аз ду тонна карам ба даст меорад.
Оила бо мақсади омодагӣ ба зимистонгузаронӣ зиёда аз 500 кило гандум, 280 адад зарфи консервӣ, ним тонна пиёз, инчунин, картошка ва ба миқдори зарурӣ донагиҳо захира намудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ин деҳа аз замини наздиҳавлигии оилаи Шарифовҳо низ дидан намуд. Масоҳати қитъаи онҳо 0,15 гектар буда, дар он картошка, гулкарам, сабзавоту полизӣ кишт кардаанд. Шарифовҳо низ барои парвариши қулфинай гармхона дошта, солона то се ҳосил мерӯёнанд.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо аъзои хонаводаҳо гуфт, ки имрӯз зарурати истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замин ба миён омадааст. Ҳар оилаи деҳот бояд ҷиҳати рӯёндани то се ҳосил аз як замин ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда ҷидду ҷаҳд намояд.
Чун анъанаи неке, ки ба он Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон асос гузоштаанд, раиси вилояти Хатлон ба аёдати собиқадори хизмати давлатӣ, раиси вақти ноҳияҳои Кӯшониёну Қубодиён, сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмуъмин Улфатов омад.
Зимни суҳбат бо Абдулмуъмин Улфатов, раиси вилоят аз фаъолияти бисёрсолаи бенуқсони ӯ ёдовар гардида, туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро супурд ва барояш осоиши зиндагӣ, рӯзгори босаодат ва саломатии бардавом таманно кард.
Зикр гардид, ки фаъолияти Абдулмуъмин Улфатов намунаи ибрат буда, ҷавонон аз ӯ дарси одамият ва заҳматкашиву ватандӯстӣ меомӯзанд.
- Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон заҳматҳои бисёрсола ва бенуқсони Шуморо дар корзори меҳнат, чун ходими давлатӣ, масъули арсаи кишоварзӣ, мутахассиси соҳибиззат ва сиёсатмадори собиқадор хуб мешиносанд ва қадр мекунанд, - изҳор дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Дар маҷмӯъ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ҷараёни бунёдкориҳо, киштукор ва амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат баҳои мусбат дода, ба масъулон баҳри боз ҳам ободу шукуфо гардондани ин гӯшаи диёр маслиҳатҳои муфид иброз дошт.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2021    №: 21    Мутолиа карданд: 676
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед