иҷтимоиёт
АШӮРБИБӢ СОБИТОВА: «ХОСТАМ ДАРДИ ДИЛАМРО БА «ҶУМҲУРИЯТ» ГӮЯМ»
- Мани 71 - сола аз 17 то 18 декабри соли 2019 дар ҳавои сарди зимистон 17 соатро пушти дари маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди вилояти Суғд дар интизори қабул гузарондам. Аз дард ба худ мепечидам, аммо барои паст кардани шиддати дардам духтурон чорае надиданд. Аз муносибати нохушоянди табибон З. Мамадова ва Ш. Раупов аз рӯзҳои аввали табобат афсурда шудам. 26 декабри ҳамон сол маро ҷарроҳӣ карданд. Қабл аз амалиёт ба ман гуфтанд, ки маблағи ҷарроҳӣ 22 ҳазор сомонӣ мешавад...
Ин матлаб порае аз номаи Ашӯрбибӣ Собитова, сокини шаҳри Исфара, ба унвони рӯзномаи «Ҷумҳурият» аст, ки якҷо бо бастаи ҳуҷҷатҳои зиёде ба дасти мо расид. Ин шаҳрванд дар номааш ба рӯзнома аз шеваи муносибат ва сатҳи хизматрасонии табибони Муассисаи давлатии «Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди вилояти Суғд», шикоят кардааст. Вале чун дар нома далелҳои баҳсбарангез ҷой доштанд, мо онро мавриди омӯзиш қарор додем. Аз мазмуни мактуби шикоятӣ бармеояд, ки мавсуф давоми ду - се соли охир бо ташхиси бемории ишемиявии дил ва фишорбаландии шараёни дараҷаи 2 мунтазам дар Муассисаи давлатии «Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди вилояти Суғд», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба табобат фаро гирифта шудааст. Тавре шаҳрванд мегӯяд, вақти бори охир ба табибон муроҷиат карданаш пас аз 18 соати интизорӣ барои қабул кормандони марказ, аз ҷумла Абдувосит Раупов ва Султон Усмонов, нисбат ба ӯ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, муносибати сарду ғайрикасбӣ нишон додаанд.
Вақте мо мактуби шикоятиро мавриди омӯзиш қарор додем, Ашӯрбибӣ Собитова ба дафтари намояндагии «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд омад. Номбурда дар суҳбат гуфт: «Духтури табобатиам Абдувосит Раупов маро барои муоинаи амиқи беморӣ ба ҶДММ «Шараён Варид» фиристод. Дар он ҷо Зӯҳро Мамадова, роҳбари шуъбаи қабул гуфт, ки хизматрасонӣ пулакист ва маблағи стендгузорӣ (найча) 22 ҳазор сомонӣ мешавад. Мо “савдо” кардем ва онҳо розӣ шуданд, ки амалиётро бо 20 ҳазор сомонӣ анҷом диҳанд. Вале худи ҳамон замон пул надоштам. Рӯи мизи ҷарроҳӣ аз дарди ҷонкоҳ дар азоб будам, болои сарам якзайл садо меомад: "Маблағро кай медиҳед, онро бояд сари вақт пардохт кард!".
Пасон баъд аз гирифтани забонхат оид ба пардохти маблағ маро ҷарроҳӣ карда, дар мавзеи тангшавии кадом як раги хунгардам стенд гузоштанд.
- Ман аз пардохти маблағ саркашӣ накардам, аммо имкон надоштам. Хонаи духтарамро барои ҳамин ба фурӯш гузоштам, ки харидор пайдо накард. Вале табибон дар ин фурсат ба ман шартгузориву муҳлат медоданд, сахтгӯӣ мекарданд. Дар ин бора ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардам то нисбат ба табибони номбурда чораҳои дахлдор андешида, вобаста ба чунин хидматгузории тиббӣ баҳои ҳуқуқӣ диҳанд. Вале чораҳои андешидашуда маро қонеъ накарданд. Аз ин рӯ, хостам дарди диламро тавассути рӯзномаи «Ҷумҳурият» баён созам то заррае бошад ҳам, ба рафтори чунин табибон таъсир расонад, - афзуд А. Собитова.
Дар натиҷаи омӯзиш муайян шуд, ки дар ҳақиқат шикояти шаҳрванд ба дасти мақомот расида, аз ҷониби прокуратураи вилоят ва сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд мавриди санҷиш қарор гирифтааст. Дар хулосаи гурӯҳи корӣ гуфта мешавад, ки ваҷҳои шикояти А. Собитова қисман тасдиқ ёфта, вобаста ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастур ва нисбат ба кормандони масъул чораҳои интизомӣ андешидаанд.
Дар ҳамин ҳол, Абдувосид Раупов, мудири шуъбаи чоруми маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди вилоят, зимни суҳбат бо мо иқрор шуд, ки шояд, воқеан, мо дар муносибат бо ин бемор ба камбудӣ роҳ дода бошем, ки аз ин ҳолат дар хиҷолат ҳастем.
Ҳамаи моҷаро баъд аз он сар зад, ки А. Собитова бо тавсияи А. Раупов, бояд аз муоинаи дастгоҳи ангиографӣ мегузашт. Бо назардошти он ки чунин дастгоҳ дар қаламрави вилояти Суғд танҳо дар муассисаи хусусии тиббии ҶДММ «Шараён Варид» мавҷуд аст, ба он ҷо муроҷиат мекунанд. Ин муассиса дар заминаи мувофиқатнома дар ошёнаи сеюми шуъбаи табобатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард қарор дошта, хизматрасонии он пулакӣ мебошад. Дар худи марказ чунин дастгоҳ мавҷуд нест.
- Мефаҳмам, ки ҳоло муоинаи бисёр бемориҳо тавассути таҷҳизоти гарони аз хориҷи кишвар воридшуда ҷараён мегирад ва тибқи нархгузории хадамоти зиддинҳисорӣ бояд маблағи хизмат пардохт шавад. Ҳарчанд барои ман ва мисли ман шахсони камбизоат бисёр душвор аст. Вале хуб мешуд, ки ҳамин масъаларо ба дуруштӣ неву бо мулоиматӣ фаҳмонанд. Ман ҳам солҳои зиёд ба сифати ҳамшираи шафқат кор кардам ва дарк мекунам, ки нахустин давои дармонбахши духтур ба бемор ин муомилаи хуб аст,- мегӯяд Ашӯрбибӣ Собитова.
Зӯҳро Мамадова, мудири бахши суғдии ҶДММ «Шараён Варид» дар суҳбат бо «Ҷумҳурият» гуфт, ки мо бо назардошти ҳолати иҷтимоии беморон чандин амалиёти ҷарроҳию муоинавиро ройгон ҳам анҷом медиҳем.
- Баъди огоҳӣ аз вазъи иҷтимоии А. Собитова қарор додем, ки маблағи хизматрасониро намегирем. Дар робита ба нофаҳмиҳое, ки буд ва боиси нигарониҳо шуд, узр мепурсем, - зикр намуд З. Мамадова.
Таҳқиқи мавзӯъ ошкор кард, ки, воқеан, нисбат ба шаҳрванди бемор то ҷое хунукназарӣ зоҳир шудааст. Масъулин бо дарки ҳамин ҳақиқат аз шаҳрванд А. Собитова узр пурсиданд. Аз сӯи дигар, агар Муассисаи давлатии «Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди вилояти Суғд» дастгоҳи ташхисие чун ангиографро дар ихтиёр медошт, шояд чунин моҷаро ба амал намеомад. Чуноне гуфтем, ин дастгоҳ дар тамоми вилоят 1 адад аст, ки он ҳам моли шахсии ҶДММ «Шараён Варид» аст.
Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.02.2021 №: 21 Мутолиа карданд: 582