ҳуқуқ
“ХИЁНАТ”. МАҚСАДИ ТТЭ ҲНИ НООРОМ КАРДАНИ ВАЗЪИ КИШВАР АСТ
Ҳарчанд дар бораи хиёнаткор будани саркардагони наҳзатиён медонистам, аммо баъди тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” фаҳмидам, ки ТТЭ ҲНИ ва аъзои он чӣ қадар мардуми осоиштаро шиканҷа додаву қатл кардаанд. Намояндагони ин ташкилоти террористӣ сокинони кишварро аз дастрасӣ ба хӯрокворӣ маҳрум сохтанд ва дар натиҷа мардум маҷбур шуд, ки ҳар гуна гиёҳу баргҳои дарахтонро истеъмол намоянд. Бар асари ин дар ноҳияи Фархор бемории варами ҷигар хуруҷ карда, беш аз 8 ҳазор нафар заҳролуд ва наздик ба 500 нафар ҷони худро аз даст дод. Боиси хушҳолист, ки бо вуҷуди душвориҳои зиёд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мардумро аз ин фалокат наҷот диҳад.
Вақте филмро пурра тамошо кардам, нафратам нисбат ба ТТЭ ҲНИ зиёдтар шуд, чунки аъзои он раҳму шафқат надоранд. Дар яке аз наворҳои филм Усмонҷон Ғаффоров, доктори илмҳои таърих, ҳодисаеро нақл намуд, ки ваҳшонияти наҳзатиёнро бори дигар исбот намуд. Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Шаҳритус, дар сарҳади кишвар бо Афғонистон, кӯдакеро мебинад, ки миёни ҷасадҳо пистони модари фавтидаи худро мемакид. Баъди шунидани ин ҳодиса аз дил гузарондам: “Наход инсон ба хеш ин қадар бераҳмиро раво бинад”.
Имрӯз зарур аст то аҳли ҷомеа дарк намоянд, ки беш аз 100 нафар донишмандон, фарҳангиён, рӯзноманигорон ва дигар шахсиятҳои соҳибэҳтироми Меҳанро маҳз бо дас-тури роҳбарони ТТЭ ҲНИ ба қатл расондаанд. Далелҳо нишон медиҳанд, ки куштори сиёсатмадорону олимони кишвар кори дасти ин хоинон аст. Аз ҷумла, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршоҳ, Ҷумъахон Ҳотамӣ ва дигарон бераҳмона кушта шуданд. Мақсади ташкилоти ТТЭ ҲНИ танҳо қаноатманд гардондани сармоягузороне мебошад, ки онҳоро аз хориҷи кишвар роҳбарӣ менамоянд. Ҳар як инсон баъди тамошои ин филм мефаҳмад, ки мақсади асосии террористони наҳзатӣ танҳо ноором сохтани фазои озоду ороми Ватани маҳбубамон мебошад.
Филми мустанади “Хиёнат” моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошему ба доми фиреби хоинону ватанфурӯшон наафтем ва онҳоро нагузорем, ки сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор созанд.
Заррина САЙФУДДИНОВА,
омӯзгори МТМУ № 116,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.02.2021 №: 21 Мутолиа карданд: 1508