logo

иқтисод

САДА - ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО

Ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёинажод буда, дар замонҳои пешин онро гузаштагони мо пуршукӯҳ ва бо шаҳомати хос, шодию нишот ва рамзи дӯстиву муҳаббат ҷашн мегирифтанд. Сада маънояш аз шумораи 100 (сад) ибтидо мегирад ва гувоҳӣ аз он медиҳад, ки то ба Ҷашни Наврӯз сад рӯз боқӣ мондааст. 
 
Сада яке аз ҷашнҳои  қадимаи мардуми форсизабон ба ҳисоб меравад. Аз қадимулайём  халқи эронинажод Садаро ботантана ҷашн мегирифтанд. Оид ба пайдоиш ва моҳияти таърихии Ҷашни Сада  бо директори  Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, ҳамсуҳбат гардидем:
- Дар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва навиштаҳои олимону адибони маъруф, Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбоби олоти оҳанин ба даст овард, ки ба туфайли он кишоварзони олам ранҷи заҳмати хешро афзун гардонданд.
Иди Сада омодагӣ ба киштукор баъди сардиҳои зимистон барои баҳор мебошад. Дар тӯли се моҳи зимистон, ки мавсими истироҳати деҳқонон аст, дар ин муддат мошинолоти кишоварзиро таъмир намуда, барои киштукори баҳорӣ омодагӣ мегиранд. Ҳамзамон, гирифтани ҳосили баланду дилхоҳ, яке аз ҳадафҳои асосии деҳқон мебошад, ки барои он ҳатман дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва органикӣ захира бояд бошад. Дар ин давра яхобмонии заминҳо ба роҳ монда мешавад, ки манфиати хеле калон дорад. 
Дар сарчашмаҳои таърихӣ роҷеъ ба Ҷашни Сада зиёд гуфта шудааст. Ҷашнгирии Сада пас аз 29-уми январ оғоз мешавад. Аз рӯи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза) ин сана ба 30-уми январ рост меояд.
Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ Ҳушангро асосгузори ин ҷашн меҳисобад. Баъзеҳо муътақиданд, ки Сада дар замони Каюмарсу Исфандиёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст.
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин оини Каюмарс, Исфандиёр бошад.
Манучеҳрии Домғонӣ
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Унсурии  Балхӣ 
Дар омӯзиши таърихи пайдоиши Ҷашни Сада ва қоидаву суннатҳои он «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳост. Ӯ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода, чунин менависад: «Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш пайи шикор ба кӯҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандаи сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фаввора мезад. Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта ба сари мор заданӣ мешавад, вале мор сӯи дигаре меҷаҳад ва ба санги дигаре бархӯрда оташ падид меояд».
 Даҳуми моҳи баҳман будааст (баробар ба 29 январ) фасли зимистон бошад ҳам, рӯзи офтобӣ на танҳо равшанӣ, балки гармии фораме бар замину одамон мебахшад. Гиёҳу алафҳои нарми хушкгашта зери пойро навозиш мекарданд.
Азбаски ҳаёти одамони он давра бо шикор мегузашту хӯрокашон меваи дарахтону либосашон пӯсти даррандаҳо буд, мардум барои дарёфти ризқ ба ҷойҳои дур, то дараю кӯҳҳо ва маконҳое, ки ҳанӯз пайи пой норасида буд, мерафтанд. Дар ин ривоят муҳимтар аз ҳама он аст, ки аҷдодони гузаштаи мо рӯзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузурге табдил додаанд.
Имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои аҷдодии миллати тоҷик ба монанди Меҳргону Сада дубора эҳё шуданд ва ҳамасола таҷлили бошукӯҳи ин идҳо дар сартосари кишвар бо иштироки олимону зиёиён, шоирону нависандагон баргузор мешавад.  
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Ҷашни Сада ба 31 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози Ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».
Ба ҷавонон бо далелҳои илмӣ бояд фаҳмонем, ки аз бархӯрдани ду санг пайдо гаштани оташ ин қонуни табиат аст ва Офаридгор дар ҳамон давраи қадим дар шоҳидии Ҳушанг ба туфайли ба сӯи мор санг андохтани ӯ барои инсоният онро офаридааст.
Солҳои охир таҷлили  Ҷашни Сада дубора эҳё гаштааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ истиқбол  гирем. Садаро ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ алоқаманд донистан мутлақо хатост. Сада идест, ки аҷдодони дуру наздикамон бо шукрона оташ меоростанд ва бояд барои гиромидошти оташ – ин муъҷизаи худодод, яке аз чор унсури офарида дар қатори обу хоку бод ин иди бузург қайд карда шавад. 
Таҷлили ботантанаи ҷашнҳои аҷдодӣ кор ва амали хайрест барои имрӯзу оянда. Ҷашни Сада ба монанди идҳои Наврӯзу Тиргону  Меҳргон яке аз куҳнатарин ҷашнҳои мардуми форсзабонон буда, дар замони қадим бо шодию сурур, оташафрӯзӣ, рақсу бозӣ ва оростани хони пурнозу неъмат истиқбол мешудааст.
 
Нигина РАҲМОН,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2021    №: 21    Мутолиа карданд: 626
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед