ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Қотили ҳамсар 13 сол паси панҷара рафт
Суди ноҳияи Кӯшониён сокини ҳамин ноҳия Абдуазимҷон Юсуповро дар қатли ҳамсараш муҷрим шинохта, 13 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, номбурда моҳи июли соли гузашта дар пайи муноқишаи оилавӣ ҳамсараш Ф. Миниқуловаро, ки дар хонаи падараш қарор дошт, бо зарби корд ба ҳалокат расондааст. А. Юсупов нимашаб ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии падарарӯсаш шуда, ба рӯи Ф. Миниқулова теғ кашида, кӯшиши худкушӣ низ кардааст.
Дар ин робита, прокуратураи ноҳия нисбат ба ӯ бо моддаҳои 104 қисми 2, бандҳои «в,к» (одамкушӣ…) ва 147 қисми 1 (вайрон намудани дахлнопазирии манзил) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намуд. Бар пояи ҳукми суд, А. Юсупов муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад намуд.
Авбошӣ
Милитсия ба дасти ноболиғи кордбадаст завлона зад
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Ваҳдат ноболиғи 17 - соларо бо гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.
Тавре сомонаи ВКД хабар дод, гумонбар 24 январи соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳр аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 23 - солаи сокини ҳамин ҷамоат муноқиша намуда, ӯро бо зарби корд маҷрӯҳ кардааст.
Ҳоло ҷабрдида бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, ҳодиса мавриди тафтишот қарор дорад.
Мошинрабоӣ
Қонуншикан боздошт шуд
Як сокини Ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, ки аз ӯ марди 27-сола ном бурда мешавад, шаби 25 январ дар шаҳри Душанбе даст ба дуздии мошин задааст.
Маркази матбуоти ВКД аз боздошти ин нафар ба гумони ғайриқонунӣ рондани нақлиёт хабар дод. Маъмурони милитсия шахси гумонбарро дар пайи муроҷиати соҳиби нақлиёт муайян ва дастгир намудаанд. Тавре гуфта мешавад, боздоштшуда воситаи нақлиёти ҷавони 23 - солаи сокини пойтахтро нимашаб аз назди манзили истиқоматиаш ғайриқонунӣ ба самти номаълум бурдааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.02.2021 №: 21 Мутолиа карданд: 1525