сиёсат
ЧАНД ПАЁМИ УМЕДБАХШИ ПАЁМ
Маро имсол ин ифтихор насиб гашт, ки ҳамчун намояндаи васоити ахбори омма дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки дар бинои бошукӯҳи Кохи Сомон баргузор шуд, ширкат намоям. Шоҳиди он гаштам, ки як силсила пешниҳодҳои ҷолиби дар Паём ироанамудаи Пешвои муаззами миллатамон, ки ба хотири рушди минбаъдаи кишвар равона шудаанд, аз ҷониби ширкаткунандагон бо ваҷд пазируфта шуданд. Хусусан, пешниҳодҳои Сарвари давлат дар самти рушди илму маориф қобили таваҷҷуҳи хосса мебошанд.
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАД
Ҳамасола баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз ҷумлаи ин пешниҳодот буд. Аҳли толор ин пешниҳоди созандаву умедбахшро, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ҷалб кардани ҷавонон нигаронда шудааст, гарм истиқбол намуда, ризоияти хешро бо бархостан аз ҷо бо кафкӯбиҳои пурмавҷу бардавом ифода карданд.
«Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Умедворем, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар ояндаи пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд», - иброз намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ва ин танҳо як паёми хуш аз Паёми навин аст, ки аз ояндаи наку шаҳодат медиҳад, зеро ки илм дар рушди ҷомеа нақши калидӣ дорад ва рӯ овардан ба он, бахусус ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, худ қадами устуворест дар рушди иқтисоди кишвар.
Ба хотири ҷалби ҷавонон ба илм Пешвои миллат Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуданд, ки ғолибони озмунҳоро ҳавасманд гардонда, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул намоянд.
Озмунҳои ҷумҳуриявии то ин дам роҳандозишуда дар ҷомеа инқилоби фарҳангиро ба вуҷуд оварданд. Овозаи он марзи кишварро ҳам убур кард. Ҳамасола баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» мӯҷиби инқилоби илмӣ хоҳад шуд. Акнун бо боварии комил метавон гуфт, ки моро инқилоби илмӣ низ дар пеш аст.
СТИПЕНДИЯИ ДОНИШҶӮЁН, МАГИСТР ВА АСПИРАНТУ ДОКТОРАНТҲО ЗИЁД МЕГАРДАД
Паёми дигаре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар расонданд, ин аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 дарсад зиёд гардидани стипендияи донишҷӯёну магистр ва аспиранту докторантҳо мебошад. Ин паём шаҳодат аз он аст, ки дастгирии олимони ҷавон дар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат аз масъалаҳои меҳварӣ мебошад ва мавзӯи дастгирии ин қишр дар сатҳи Ҳукумат баррасӣ мегардад. Пешниҳод, ки ба хотири ҳавасмандии донишҷӯён ва олимону муҳаққиқони ҷавон нигаронда шудааст, дар беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии онҳо нақши созгор хоҳад гузошт.
БАРНОМАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ҶАВОНИ ИЛМӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2030 ТАҲИЯ МЕШАВАД
Таҳияи Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030 - ро метавон аз паёми дигари умедбахши Пешвои муаззами миллат арзёбӣ намуд, зеро пешрафти соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониш ва қобилияти баланди касбии мутахассисон вобаста аст.
«Тибқи маълумотҳо ҳар сол аз Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд, вале ин ҳанӯз кам аст», - гуфтанд Пешвои миллат.
Ба ин хотир, ба идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияҳои илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030 - ро таҳия намуда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Яқинан, ин ва дигар дастуру супориш ва раҳнамоиҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт намуданд, таконбахши ҷомеаи илмии кишвар мегарданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.02.2021 №: 22 - 23 Мутолиа карданд: 943