logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ»

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- уҳдадории ҳарбӣ – уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он; 
- хизмати ҳарбӣ – намуди хизмати давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ;
- хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок – намуди хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард), ки ба синни 18 расидаанд ва даъвати онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ дар мансаби ҳарбии қаторӣ, сержантон ва афсарон дар муҳлат ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ мегардад;
- хизмати ҳарбии ихтиёрӣ – намуди хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба ҷинс, бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур;
- хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ – намуди хизмати ҳарбӣ, ки дар он шаҳрвандони синни даъватӣ ҳуқуқи ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъватро надоранд, вале метавонанд ин намуди хизматро ба тариқи ихтиёрӣ адо намоянд;
- қайди ҳарбӣ – низоми баҳисобгирии уҳдадорони ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- билети ҳарбӣ – ҳуҷҷати шахсии ягонаи бемуҳлати бақайдгирии ҳарбии шаҳрванд, ки муносибат ва уҳдадории ҳарбии ӯро ба хизмати ҳарбӣ муайян менамояд;
- маълумотнома оид ба озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ –  ҳуҷҷате, ки ба шаҳрвандони хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ва хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адонакарда дода мешавад; 
- уҳдадорони ҳарбӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қайди ҳарбӣ қарор доранд; 
- хизматчиёни ҳарбӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ хизмати ҳарбиро адо менамоянд;
- даъватшавандагон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард), ки ба синни 18 расидаанд ва дар комиссариатҳои ҳарбӣ (мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбии шаҳру ноҳияҳо) бо мақсади даъват барои адои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ба қайди ҳарбӣ гирифта шудаанд;
- мансаби ҳарбӣ – воҳиди корӣ дар мақомот ва ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки бо мақсади амалӣ намудани ваколати онҳо дар соҳаи мудофиа ва амнияти давлат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад; 
- рутбаи ҳарбӣ – аломати фарқкунандаи ҳарбӣ, ки вобаста ба таҳсилот, мансаби ишғолкарда ва собиқаи хизмат ба хизматчиёни ҳарбӣ ва уҳдадорони ҳарбӣ дода мешавад;
- ба таъхир гузоштан – ба муҳлати дигар гузарондани даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ аз рӯи асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;
- дар ҳайати эҳтиёт қарор доштан – аз ҷониби уҳдадорони ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани уҳдадориҳои вобаста ба дар қайди ҳарбӣ қарор доштан ва адои хизмат дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ;
- ҷамъомадҳои ҳарбӣ – чорабиниҳое, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ оид ба тайёрии ҳарбӣ, такмил додани дониши ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва уҳдадорони ҳарбӣ бо мақсади баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва сафарбарӣ гузаронда мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, омодасозӣ, даъват намудан, тартиби дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ, адо кардан ва рухсат (озод) шудан аз хизмати ҳарбӣ, бақайдгирӣ дар ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муайян менамояд.
2. Мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшаванда пешбинӣ карда мешавад.
3. Дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 4. Принсипҳои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ 
Хизмати ҳарбӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
3) садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон;
4) садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) риояи интизоми ҳарбӣ;
6) ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дахлнопазирии онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ;
7) яккасардорӣ ва риояи мартабот;
8) вобаста набудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ.
Моддаи 5. Уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон
1. Уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро пешбинӣ менамояд:
1) қайди ҳарбӣ; 
2) омодасозӣ ба хизмати ҳарбӣ;
3) даъват ба хизмати ҳарбӣ;
4) адои хизмати ҳарбӣ;
5) дар эҳтиёт будан;
6) даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва махсус.
2. Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд.
3. Шаҳрвандон тибқи асосҳо ва шартҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд. 
4. Аз тарафи шаҳрвандон иҷро гардидани уҳдадории ҳарбиро мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, дар доираи ваколатҳояшон таъмин мекунанд.
5. Шаҳрванд метавонад мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намояд. 
Моддаи 6. Афзалияти хизмати ҳарбӣ
Ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба намудҳои дигари хизмати давлатӣ афзалият дода мешавад. Ин афзалият ба қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии муайян ё машғул шудан ба фаъолияти дигар ҳангоми даъват ё бо хоҳиши худ дохил шудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ ифода меёбад. 
Моддаи 7. Кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо барои шаҳрвандон ҳангоми иҷрои уҳдадории ҳарбӣ
1. Муҳлати дар хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванде, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқаи хизмати давлатӣ дохил карда мешавад.
2. Шаҳрванд дар давраи муоинаи тиббӣ, ташхис ё табобат вобаста ба қайди ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ, даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дар давраи иҷрои уҳдадориҳои дигар вобаста ба бақайдгирии ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ аз иҷрои кор (таҳсил) озод карда шуда, ҷойи кор (таҳсил)-и ӯ нигоҳ дошта мешавад ва ба ӯ музди миёнаи меҳнат дар ҷойи кор (таҳсил), инчунин хароҷоти вобаста ба сафар дар давраи дар роҳ будан, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
3. Шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ ё ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват (дохил) шудааст, то ба ҷойи хизмат расидан ва аз хизмат баргаштан бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо озуқа ва маблағи дахлдор таъмин карда мешавад.
Моддаи 8. Таъмини иҷрои чораҳои вобаста ба уҳдадории ҳарбӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои гузаронидани муоинаи тиббӣ ва азназаргузаронии тиббии шаҳрвандон ҳангоми ба қайди ҳарбӣ гузоштан, даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ, ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ, аз муоинаи тиббии такрорӣ гузаронидани шаҳрвандоне, ки пешакӣ бинобар вазъи саломатӣ қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ дониста шуда буданд, инчунин барои  иҷро намудани чораҳои бо даъват шудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ ва ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ алоқаманд, уҳдадоранд нуқтаи муҷаҳҳазшуда ва биноҳо, маводи доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, асбобҳо, ашёи зарурӣ ва нақлиётро таъмин намуда, барои гузаронидани чорабиниҳои номбурда табибон, кормандони миёнаи тиб, мутахассисон, кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони дигарро ҷалб намоянд.
Моддаи 9. Таъминоти молиявӣ ва моддии чорабиниҳо вобаста ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ 
1. Таъминоти молиявӣ ва моддии чорабиниҳо вобаста ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
2. Ҷойи кор, вазифаи ишғолнамуда ва музди миёнаи меҳнати аъзои комиссияи ба қайди ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандон, комиссияҳои даъватӣ, табибон ва кормандони миёнаи тиб, кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасон, ки дар нуқтаҳои бақайдгирии ибтидоии ҳарбии шаҳрвандон барои қайди ҳарбӣ ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, гузаронидани муоинаи тиббӣ, инчунин ба нуқтаҳои ҷамъомад ва қӯшунҳо фиристодани даъватшавандагон ҷалб шудаанд, дар тамоми давраи иҷрои ин корҳо нигоҳ дошта мешаванд.
 
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИҶРОИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Моддаи 10. Уҳдадории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба таъмини иҷрои уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон
1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дигар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, уҳдадоранд:
1) даъватшавандагон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаро ба ҳисоб гирифта, дар муҳлати 1 ҳафта ба комиссариатҳои ҳарбӣ хабар диҳанд;
2) бо дархости комиссариати ҳарбӣ маълумот оид ба шаҳрвандони ба қайди ҳарбӣ гузошташаванда ва дар қайди ҳарбӣ қарордоштаро, ки барои дохил кардан ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ заруранд, фиристанд;
3) шаҳрвандонро оид ба даъвати комиссариати ҳарбӣ хабардор намоянд;
4) ба шаҳрвандон имконияти сари вақт ба даъвати комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданро таъмин намоянд.
2. Роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (шӯрои маҳалла, кумитаи маҳалла ва ба мисли инҳо) уҳдадоранд дар муҳлати 1 моҳ ба комиссариати ҳарбӣ дар бораи тағйироти ҳайати кормандон, шаҳрвандони ба таври доимӣ ё муваққатӣ истиқоматкунандае, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё онҳое, ки уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, маълумот пешниҳод кунанд.
3. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ уҳдадоранд дар муҳлати 7 рӯз дар бораи оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд ва дар мавриди қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, новобаста ба асосҳои қатъ, уҳдадоранд дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.
4. Судҳо уҳдадоранд дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор оид ба масъалаҳои зерин хабар диҳанд:
1) дар бораи баррасӣ ва қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд;
2) дар бораи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд.
5. Мақомоти корҳои дохилӣ уҳдадоранд:
1) дар асоси дархости комиссари ҳарбии ноҳия ва ё шаҳр дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариати ҳарбӣ маълумоти заруриро дар бораи шаҳрвандон барои ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ дохил намудан фиристанд;
2) дар асоси дархости комиссари ҳарбии  ноҳия ва шаҳр (командири қисми ҳарбӣ) шаҳрвандонеро, ки аз қайди ҳарбӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, адои хизмати ҳарбию ҷамъомадҳои ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, инчунин шахсонеро, ки худсарона қисми ҳарбиро тарк намудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷӯстуҷӯ ва боздошт намоянд;
3) дар бораи ошкор намудани шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ гирифта шаванд, инчунин дар бораи шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардаанд, вале дар қайди ҳарбӣ намебошанд, дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд;
4) ҳангоми гирифтани шиноснома аз шаҳрвандони ҷинси мард ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди ҳарбиро талаб намоянд;
5) тартиботи ҷамъиятиро ҳангоми даъвати шаҳрвандон дар нуқтаҳои даъватӣ ва сафарбаршавии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ таъмин намоянд.
6. Мақомоти амнияти миллӣ уҳдадоранд бо дархости комиссари ҳарбӣ дар муҳлати 7 рӯз нисбат ба шаҳрвандони дар қайди ҳарбӣ қарордошта ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор маълумот пешниҳод намоянд. 
7. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ уҳдадоранд дар бораи ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.
8. Мақомоти шуғли аҳолӣ уҳдадоранд дар бораи аз ҷониби онҳо ба қайд гирифтани шаҳрвандони аз 16 то 27-сола дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд. 
9. Мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ уҳдадоранд дар бораи маъюб донистани шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё  уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.
10. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст дар муҳлати 7 рӯз бо дархости Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баромад ва воридшавии  шаҳрвандони аз 18 то 27-сола ба/аз Тоҷикистон бо нишон додани ҷойи истиқомат маълумот пешниҳод намояд. 
11. Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дигар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида шахсан масъул мебошанд.
 
БОБИ 3. ҚАЙДИ ҲАРБӢ
Моддаи 11. Қайди ҳарбии шаҳрвандон
Шаҳрвандон уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, ба истиснои:
1) онҳое, ки бо Қонуни мазкур аз уҳдадориҳои ҳарбӣ озод шудаанд;
2) заноне, ки аз рӯи қайди ҳарбӣ ихтисос надоранд;
3) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ (дар ҳайати захираҳои даъвати  сафарбарӣ)-ро адо карда истодаанд;
4) онҳое, ки ҷазои ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд;
5) онҳое, ки ба синни ниҳоии дар ҳайати эҳтиёт будан расидаанд;
6) заноне, ки аз рӯи қайди ҳарбӣ дорои ихтисосанд, вале се ва ё зиёда фарзанд доранд.
Моддаи 12. Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ
1. Ба шаҳрвандони дар қайди ҳарбибуда ва хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ дода мешаванд. Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ инҳо мебошанд:
1) шаҳодатномаи бақайдгирии ҳарбӣ;
2) билети ҳарбӣ;
3) маълумотнома бар ивази билети ҳарбӣ.
2. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбии зерин дода мешаванд:
1) шаҳодатномаи бақайдгирии ҳарбӣ – ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ ба синни 16 расидааст;
2) билети ҳарбӣ: 
а) ба шаҳрванде, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намудааст;
б) ба шаҳрванде, ки тибқи бандҳои 2), 3) қисми 1 ва банди 2) қисми 2 моддаи 30 Қонуни мазкур аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шудааст;
в) ба шаҳрванде, ки ба муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти миёна ва олии ҳарбӣ қабул гардидааст;
г) ба хизматчии ҳарбие, ки дар ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
3. Ба шаҳрванде, ки билети ҳарбиро гум кардааст, бар ивази билети ҳарбӣ бо тартиби муайяннамудаи низомномаи бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, маълумотнома дода мешавад. 
4. Ба шаҳрвандоне, ки тибқи банди 1) қисми 1, бандҳои 1) ва 3) қисми 2 моддаи 30 Қонуни мазкур аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шудаанд, маълумотнома оид ба озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ дода мешавад. Маълумотномаи мазкур билети ҳарбиро иваз намекунад.
5. Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат тибқи низомномаи бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Моддаи 13. Ташкили қайди ҳарбӣ
1. Қайди ҳарбии шаҳрвандон аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат бо додани ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ амалӣ карда мешавад.
2. Қайди ҳарбии шаҳрвандоне, ки дорои рутбаҳои ҳарбии афсарӣ буда, дар ҳайати эҳтиёти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз ҷониби ҳамин мақомот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандон бояд маълумоти ҳатмии зеринро дар бар гиранд:
1) насаб, ном, номи падар;
2) сана ва ҷойи таваллуд;
3) ҷойи истиқомат ва кор (таҳсил);
4) вазъи оилавӣ;
5) таҳсилот ва донистани забонҳои хориҷӣ;
6) аз рӯи вазъи саломатӣ қобил будан ба хизмати ҳарбӣ;
7) қобилияти касбӣ дар омодагӣ аз рӯи ихтисоси қайди ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ дар мансабҳои ҳарбӣ;
8) адои хизмати ҳарбӣ ё хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ;
9) адои ҷамъомадҳои ҳарбӣ;
10) маълумот оид ба қадду баст (антропометрӣ);
11) соҳиби ихтисоси қайди ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ будан;
12) соҳиб будан ба дараҷаи якуми варзишӣ ё унвони варзишӣ;
13) оғоз (қатъ) карда шудани парвандаи ҷиноятӣ;
14) суд шудааст ё не;
15) будубош дар хориҷа, аз ҷумла бо зикри номи давлати хориҷӣ, муҳлати будубош ва мақсади сафар;
16) дар захира (брон) нигоҳ доштан дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ барои мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ.
4. Дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ маълумот дар бораи муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятӣ, ҳамчунин маълумоти дигаре, ки боиси вайрон шудани ҳуқуқи шаҳрванд мегарданд, ба истиснои мавридҳое, ки худи шаҳрванд дохил кардани чунин маълумотро ба ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ талаб менамояд, манъ аст.
5. Тартиби ба қайди ҳарбӣ гирифтан ва додани ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ ба шаҳрвандон бо Қонуни мазкур ва низомномаи бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
6. Дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ дар захира (брон) нигоҳ доштани шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиёт қарордошта бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дигар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, уҳдадориҳо оид ба ташкили кор ва ба қайди ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандонро мутобиқи низомномаи бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамоянд.
Моддаи 14. Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон
1. Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси мард аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ ё ноҳиявии ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон дар давраи аз 1 январ то 31 март дар соли ба синни 16 расидан сурат мегирад. 
2. Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардаанд, бо тартиби зерин сурат мегирад:
1) мардони аз 16 то 27-сола – бо тартибе, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муқаррар гардидааст; 
2) дигарон – аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии шаҳр ё ноҳия.
3. Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси зан аз ҷониби комиссариати ҳарбии шаҳр ё ноҳия пас аз соҳиб шудани онҳо ба ихтисос аз рӯи қайди ҳарбӣ сурат мегирад.
Моддаи 15. Комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон
1. Комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон бо қарори раиси шаҳр ё ноҳия дар ҳайати зерин таъсис дода мешавад:
1) комиссари ҳарбии шаҳр, ноҳия ё муовини он – раиси комиссия;
2) корманди комиссариати ҳарбӣ – котиби комиссия;
3) табибоне, ки шаҳрвандонро бинобар ба қайди ҳарбӣ гирифтанашон аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд;
4) намояндаи шуъбаи (раёсати) маорифи шаҳр ё ноҳия;
5) омӯзгор-равоншинос.
2. Падар, модар ё намояндаи қонунии шаҳрвандони то 18-сола ҳуқуқ доранд дар кори комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон иштирок намоянд.
3. Комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон уҳдадор аст:
1) муоинаи тиббии шаҳрвандонро ташкил намуда, қобили адои хизмати ҳарбӣ будани онҳоро муайян кунад; 
2) дар хусуси ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрванд ё озод намудани ӯ аз уҳдадории ҳарбӣ бинобар вазъи саломатӣ ҳамчун ғайриқобили хизмати ҳарбӣ будан қарор қабул кунад;
3) барои муайян намудани ҳолати рӯҳию равонии шаҳрванд муоинаи касбии равоншиносӣ гузаронад.
4. Раис ё котиби комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон уҳдадор аст, ки қарори комиссияро ба шаҳрвандон эълон намуда, уҳдадориҳои онҳоро доир ба қайди ҳарбӣ фаҳмонад.
5. Комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон ҳар сол аз натиҷаи кори комиссия ба раисони шаҳру ноҳияҳо дар бораи ҳолати ба қайди ҳарбӣ гузоштан, вазъи саломатӣ, ҳолати рӯҳию равонии шаҳрвандон ва андешидани чораҳои солимгардонии шаҳрвандони синни тодаъватӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
Моддаи 16. Ба қайди ҳарбӣ гузоштан ва аз қайди ҳарбӣ баровардан
1. Шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат шудаанд, инчунин шаҳрвандони дигаре, ки бояд ба қайди ҳарбӣ гирифта шаванд, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ё мақомоти амнияти миллӣ дар маҳалҳо ба қайди ҳарбӣ гузошта мешаванд.
2. Дар ҳолати иваз шудани ҷойи истиқомат, ба қайди ҳарбӣ гузоштани даъватшавандагон ва уҳдадорони ҳарбӣ дар комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомати нав  амалӣ карда мешавад.
3. Аз қайди ҳарбӣ баровардани даъватшавандагон ва уҳдадорони ҳарбии дар қайди комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомати қаблӣ қарордошта тибқи дархост оид ба қабул ба қайди ҳарбӣ аз ҷониби комиссариати ҳарбии ҷойи истиқомати нав амалӣ карда мешавад.
4. Шаҳрвандоне, ки дорои рутбаи махсус буда, аз мақомоти суд, прокуратура, корҳои дохилӣ, адлия, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар, хадамоти гумрук ва хадамоти иҷро рухсат (озод) шудаанд, ба истиснои шаҳрвандони ҷинси марди синни даъватӣ, ки хизмати ҳарбии муҳлатнокро адо накардаанд, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиёт гирифта шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди ҳарбии уҳдадорони ҳарбӣ гузошта мешаванд.
5. Шаҳрвандони ҷинси марди синни даъватӣ, ки аз мақомоти дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинигардида рухсат (озод) шудаанд (ба истиснои курсантҳо, шунавандагони муассисаи таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ) ва хизмати ҳарбии муҳлатнокро адо накардаанд, ба қайди ҳарбии даъватшавандагон гузошта мешаванд.
6. Шаҳрвандони зерин аз қайди ҳарбӣ бароварда мешаванд:
1) онҳое, ки хизмати ҳарбиро адо намуда истодаанд;
2) онҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд;
3) онҳое, ки ҷазои ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд.
Моддаи 17. Хориҷ намудан аз қайди ҳарбӣ
Аз қайди ҳарбӣ шаҳрвандони зерин хориҷ карда мешаванд:
1) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;
2) онҳое, ки ба синни ниҳоии дар ҳайати эҳтиёт қарор доштан расидаанд;
3) шахсоне, ки нисбаташон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидааст;
4) онҳое, ки ҷазои ҷиноятиро дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан адо мекунанд;
5) шахсони фавтида;
6) шахсони бедарак ғоибшуда ё фавтида эълоншуда.
Моддаи 18. Уҳдадориҳои шаҳрванд доир ба қайди ҳарбӣ
1. Бо мақсади таъмини қайди ҳарбӣ шаҳрвандон уҳдадоранд:
1) дар комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат ё дар қайди ҳарбии ҳайати эҳтиёти мақомоти амнияти миллӣ дар қайди ҳарбӣ бошанд; 
2) дар вақти муқарраршуда ва маҳалли муайян аз рӯи даъват (даъватнома) ба комиссариати ҳарбӣ (мақомоти амнияти миллӣ) ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои заруриро мувофиқи номгӯи дар даъватномаи комиссариати ҳарбӣ (мақомоти амнияти миллӣ) ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нишондодашуда пешниҳод намоянд; 
3) ҳангоми аз хизмати ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳангоми аз мақомоти пешбининамудаи қисми 4 моддаи 16 Қонуни мазкур рухсат шудан дар муҳлати 14 рӯз аз рӯзи хориҷ шудан аз рӯйхати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ҳозир шаванд;
4) дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариати ҳарбӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳалли истиқомат дар бораи тағйир ёфтани вазъи оилавӣ, ҷойи кор ё мансаб, ҷойи истиқомат дар ҳудуди шаҳр ё ноҳия хабар расонанд; 
5) ҳангоми ба ҷойи нави истиқомат, инчунин муваққатан ба муҳлати зиёда аз 45 рӯз аз ҷойи истиқомати доимӣ рафтан аз қайди ҳарбӣ баромада, дар муҳлати 20 рӯзи расидан ба ҷойи нави истиқомат, ҷойи қарордошти муваққатӣ ё бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ба қайди ҳарбӣ гузоранд;
6) ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбиро эҳтиёткорона нигоҳ доранд. Дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои мазкур дар муҳлати 14 рӯз ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат барои ҳалли масъалаи гирифтани ҳуҷҷатҳо ба ҷойи ҳуҷҷатҳои гумшуда муроҷиат намоянд;
7) уҳдадориҳои дигари бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қайди ҳарбӣ муқаррарнамударо иҷро намоянд.
2. Шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд ва дар давраи даъват ба муҳлати зиёда аз 15 рӯз аз ҷойи истиқомат мераванд, уҳдадоранд дар ин бора ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат шахсан хабар расонанд.
 
БОБИ 4. БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДАСОЗИИ ШАҲРВАНД
Моддаи 19. Ба таври ҳатмӣ ё ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ омодасозии шаҳрванд
1. Ба таври ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ омодасозии шаҳрванд инҳоро пешбинӣ менамояд:
1) гирифтани дониши зарурӣ дар соҳаи мудофиа;
2) муоина ва ташхиси тиббӣ, ҳангоми зарурат бо розигии шаҳрванд гузарондани чорабиниҳои табобатию солимгардонӣ;
3) тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
4) тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ;
5) аз рӯи ихтисосҳои дар қайди ҳарбибуда омода намудани сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳо мувофиқи роҳхатҳои дахлдори комиссариатҳои ҳарбӣ.
2. Ба таври ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ омода кардани шаҳрванд метавонад дар рафти ҷамъомадҳои ҳарбӣ сурат гирад.
3. Ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ омодасозии шаҳрванд инҳоро дар бар мегирад:
1) машғул шудан бо намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ;
2) аз худ кардани ихтисос аз рӯи бақайдгирии ҳарбӣ;
3) таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ бо барномаи иловагии таълимие, ки мақсади он тайёрии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғ мебошад;
4) таҳсили донишҷӯён аз рӯи барномаи омодасозии афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ.
4. Ба таври ҳатмӣ ва ихтиёрӣ омодасозии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад.
Моддаи 20. Муоинаи тиббӣ, ташхис ва гузаронидани чорабиниҳои табобатию солимгардонӣ
1. Шаҳрванд ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузошта шудан, даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ ҳатман аз муоинаи тиббии табибони ҷарроҳ, бемориҳои дарунӣ, асаб, рӯҳӣ, чашм, гӯшу гулӯю бинӣ, дандон, сироятӣ, инчунин силшинос, нарколог ва ихтисосҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.
2. Аз рӯи натиҷаҳои муоинаи тиббӣ хулосаҳои зерин қабул карда мешаванд:
1) қобил будан ба хизмати ҳарбӣ;
2) қобил будан ба хизмати ҳарбӣ бо маҳдудиятҳои ҷузъӣ;
3) муваққатан ғайриқобил донистан ба хизмати ҳарбӣ;
4) ғайриқобил донистан ба хизмати ҳарбӣ.
3. Агар комиссияи тиббии даъватии назди комиссариати ҳарбӣ дар бораи қобил ба хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванд хулоса бароварда натавонад, комиссияи мазкур ӯро ҳатман барои муоинаи тиббии амбулаторӣ ё статсионарӣ ба муассисаи тиббии воқеъ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияи ҷойи  истиқомати ин шаҳрванд равон мекунад. 
4. Маблағгузории муоинаи тиббии шаҳрвандон ва табобату солимгардонии онҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида сурат мегирад.
Моддаи 21. Тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ
1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, инчунин шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, уҳдадоранд доир ба тарбияи ҳарбию ватандӯстии шаҳрвандон мунтазам кор баранд.
2. Шаҳрвандоне, ки бо тартиби муқарраргардида дараҷаи якуми варзишӣ ё аз рӯи навъи варзиш унвони варзишӣ доранд, ҳангоми даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ дар интихоби навъу намуди қӯшун аз рӯи омодагии варзишии худ ва талаботи воқеӣ ба он ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
3. Маблағгузории чорабиниҳои тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва машғулиятҳо аз рӯи навъҳои варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 22. Аз худ кардани ихтисоси қайди ҳарбӣ
1. Шаҳрвандон метавонанд ихтисосҳои қайди ҳарбиро ҳангоми ба синни 17 расидан аз рӯи ихтисосҳои сарбозон ва сержантон аз худ намоянд.
2. Шаҳрванде, ки ихтисоси мураккаби қайди ҳарбиро аз худ кардааст, ҳуқуқ дорад ҳангоми даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ навъи қӯшунро барои адои хизмат мувофиқи ихтисоси азхудкардааш интихоб намояд.
3. Номгӯйи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ, аз ҷумла ихтисосҳои мураккаб, аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Дар таълимгоҳҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудани шаҳрвандоне, ки онҳоро комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо барои омодасозии мутахассисон равон кардаанд, ҳатмӣ мебошад.
5. Маблағгузории чорабиниҳои омодасозии шаҳрвандон барои аз худ  кардани ихтисосҳо аз рӯи қайди ҳарбӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 23. Гирифтани дониши зарурӣ дар соҳаи мудофиа
Гирифтани дониши зарурӣ оид ба мудофиаи давлат, уҳдадориҳои ҳарбии шаҳрвандон, инчунин соҳиб шудани таълимгирандагон ба малакаи мудофиаи гражданӣ дар стандартҳои таълимии давлатии таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 24. Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
1. Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагону донишҷӯёни ҷинси мард дар давоми 2 соли охири таҳсил ҳатман бо гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ на камтар аз як маротиба дар анҷоми соли охири таҳсил сурат мегирад.
2. Тайёрии ҳарбии хонандагону донишҷӯён аз тарафи роҳбарони ҳарбӣ – омӯзгорони муассисаҳои таълимии зикршуда гузаронида мешавад.
3. Нақша ва барномаҳои таълимии тайёрии ҳарбиро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
4. Маблағгузории тайёрии ҳарбии хонандагону донишҷӯён аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 25. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти миёнаи касбии дорои барномаи таълимиеро, ки мақсади онҳо тайёрии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғи ҷинси мард мебошад, таъсис диҳад.
2. Шаҳрванди ноболиғи ҷинси мард - ятим ё бепарасторе, ки дар муассисаҳои таълимии зикргардида хоҳиши таҳсил намуданро дорад, аз рӯи натиҷаҳои суҳбат ва муоинаи тиббӣ ба ин муассисаҳо бе имтиҳон қабул карда мешавад.
3. Шаҳрванде, ки муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм кардааст, ҳуқуқи аз рӯи натиҷаҳои суҳбат ва муоинаи тиббӣ ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои мақомоти амнияти миллӣ) бе имтиҳон дохил шуданро дорад.
Моддаи 26. Таҳсили шаҳрвандон аз рӯи барномаҳои омодасозии афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ
1. Шаҳрванде, ки дар шуъбаи рӯзонаи муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил намуда, қобили хизмати ҳарбӣ буда, ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ аст, ҳуқуқ дорад таҳсили ҳарбиро аз рӯи барномаи омодасозии афсарони эҳтиёт дар кафедраи ҳарбии ин муассисаи таълимӣ ба шарте гузарад, ки то лаҳзаи хатм намудани муассисаҳои таълимии мазкур ба синни 27 нарасад.
2. Таҳсили шаҳрванд аз рӯи барномаҳои омодасозии афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад.
3. Барномаи омодасозии афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ, ки дар сохтори онҳо кафедраҳои (факултаҳои) ҳарбӣ амал менамоянд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Низомномаи омодасозии афсарони эҳтиёт барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
5. Дар барномаҳои омодасозии афсарони эҳтиёт таҳсилоти ҳарбии шаҳрвандони ҷинси зан пешбинӣ шуда метавонад.
6. Муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ кафедраи ҳарбиро бо бинои зарурӣ таъмин намуда, инчунин бо мусоидати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи зарурии таълимию моддӣ фароҳам меоранд.
7. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраҳои ҳарбиро бо омӯзгорон таъмин намуда, тайёрии ҳарбии донишҷӯёнро назорат менамояд.
Моддаи 27. Тартиби омодасозии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, дар омодасозии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ корҳои зеринро ба роҳ мемонанд:
1) номгӯи ихтисосҳо аз рӯи қайди ҳарбӣ ва навъҳои варзиши ҳарбию амалиро таҳия мекунанд;
2) якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот нисбат ба вазъи саломатии шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда (дохилшаванда) ва дар хизмати ҳарбибударо таҳия менамоянд;
3) дар таҳияи стандартҳои давлатии таълимӣ, барнома ва равиши омодасозии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иштирок мекунанд;
4) дар таъсис, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин муассисаю ташкилотҳое, ки шаҳрвандонро дар асоси шартнома ба хизмати ҳарбӣ омода мекунанд, иштирок менамоянд.
Моддаи 28. Гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ
1. Шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.
2. Шаҳрванди синни даъватӣ дар ҳолати ҳозир нашудан тибқи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ба чорабиниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
 
БОБИ 5. ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБИИ ҲАТМИИ МУҲЛАТНОК
Моддаи 29. Шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд
1. Шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо даъват карда мешаванд.
2.  Шаҳрвандони ҷинси марди то 27-сола, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд. 
Моддаи 30. Асосҳо барои озод кардани шаҳрвандон аз даъват ба хизмати ҳарбӣ 
1. Аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:
1) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;
2) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё адо кардаанд;
3) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё намуди дигари хизмати ба хизмати ҳарбӣ баробаркардашударо дар давлати дигар адо мекунанд ё адо кардаанд;
4) онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
2. Шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд:
1) онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё ба таври ихтиёрӣ дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ва ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё вафот кардаанд, ё ин ки маъюби гурӯҳҳои I ва II гардидаанд;
2) онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд;
3) онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд.
Моддаи 31. Асосҳо барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ
1. Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо асосҳои зерин ба таъхир гузошта мешавад:
1) муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан бинобар вазъи саломатӣ – ба муҳлати то 6 моҳ;
2) нигоҳубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд (ба кумак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд ё маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18 нарасидаанд);
3) таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – то хатми муассисаҳои таълимии мазкур;
4) тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммонда;
5) оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятӣ – то қабули қарори дахлдор;
6) адои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва ё маҳдуд кардани озодӣ.
2. Ба ғайр аз асосҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд:
1) даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд - то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;
2) онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд – дар давоми муҳлати ваколат;
3) онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд - дар давраи таҳсил; 
4) омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд – дар давраи иҷрои ин кор;
5) онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;
6) онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.
Моддаи 32. Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок
Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути воситаҳои ахбори омма на дертар аз 1 моҳ пеш аз даъват эълон мегардад, анҷом дода мешавад. 
Моддаи 33. Комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ, комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 
1. Барои ташкил ва гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ ва бо қарори раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода мешаванд. 
2. Ба ҳайати комиссияҳои даъватӣ мувофиқан намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ дохил карда мешаванд. 
3. Ваколатҳои раис ва ҳайати комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ, ҳуқуқу уҳдадорӣ ва тартиби кори онҳоро низомномаи комиссияи даъватии ҷумҳуриявии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян мекунад. Фаъолияти комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 34. Ташкил намудан ва гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок 
1. Даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок раиси шаҳр ё ноҳия якҷоя бо комиссари ҳарбии шаҳр ё ноҳия ташкил мекунанд ва мегузаронанд.
2. Барои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок чорабиниҳои зерин гузаронида мешаванд:
1) таъсис ва ташкили фаъолияти комиссияи даъватӣ;
2) таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон барои гузаштан аз комиссияи даъватӣ;
3) гузаронидани муоинаи тиббӣ;
4) таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои фиристодан ба нуқтаҳои ҷамъшавии даъватшавандагон;
5) фиристодан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ.
3. Барои ташкил ва гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ ва аъзои комиссияи даъватӣ масъул мебошанд.
4. Тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо Қонуни мазкур ва низомномаи тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.
Моддаи 35. Уҳдадориҳои шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват шаванд
1. Даъватшаванда уҳдадор аст бо даъвати комиссариати ҳарбӣ ба муоинаи тиббӣ, комиссияи даъватӣ ё барои фиристодан ба қисми ҳарбӣ бо мақсади адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳозир шавад ва дар комиссариати ҳарбӣ то сафарбар шудан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ қарор гирад.
2. Падар ё модари шаҳрванде, ки бояд ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват шавад ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда уҳдадоранд даъватномаи комиссариати ҳарбиро бо гузоштани имзо қабул намоянд ва ба шаҳрванди ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда расонанд. 
3. Даъватномаро ба шаҳрванд кормандони комиссариати ҳарбии ҷойи истиқомат, кор ё таҳсили шаҳрванд ба воситаи роҳбарон, шахсони масъули дигари корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин шахсони мансабдоре, ки барои кори баҳисобгирии ҳарбии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (шӯрои маҳалла, кумитаи маҳалла, кумитаи манзил ва ба мисли инҳо) масъуланд, месупоранд. Дар даъватнома бояд оқибатҳои ҳуқуқии аз тарафи шаҳрванд иҷро нагардидани талаботи ба зиммаи ӯ гузошташуда дарҷ шаванд.
4. Шаҳрванд уҳдадор аст барои иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва адои хизмати ҳарбӣ тибқи даъват (даъватнома)-и комиссариати ҳарбӣ дар муҳлати муайянгардида ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад.
5. Дар сурати саркашӣ кардани даъватшаванда аз гирифтани даъватнома ва ё бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани даъватшаванда дар муҳлати муайяннамудаи даъватнома, даъватшаванда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
6. Шаҳрвандони ҷинси мард, ки баъди хатми муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба ҳайати эҳтиёт бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ дохил шудаанд, уҳдадоранд аз рӯи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ барои гузаштани муоинаи тиббӣ ҷиҳати қабули қарор оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ ва гирифтани амрномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафтан ба маҳалли хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд.
7. Сабабҳои узрноки ҳозир нашудани даъватшаванда тибқи даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ инҳоянд:
1) беморӣ ё маъюбии шаҳрванд, ки боиси корношоямии ӯ гардидааст;
2) бемории вазнин ё вафоти падар, модар, падархонд, модархонд, зан, фарзанд, бародар, хоҳар, бобо, бибии шаҳрванд;
3) офати табиӣ ё ҳолатҳои дигари ба иродаи даъватшаванда вобастанабуда, ки ба ӯ имконияти дар муҳлати муайянкардаи комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданро надодааст;
4) ҳолатҳои дигаре, ки аз ҷониби комиссияи даъватӣ ё суд сабабҳои узрнок эътироф шудаанд.
8. Дар сурати мувофиқи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудани даъватшаванда ба чорабиниҳои алоқаманд бо даъват ба хизмати ҳарбӣ, ӯ бояд дар муддати 10 рӯз аз лаҳзаи гирифтани даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ дар ин бора ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод намояд.
Моддаи 36. Даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳангоми сафарбарӣ, дар ҳолати ҷангӣ ва таълими умумии ҳарбии шаҳрвандон
1. Тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳангоми сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Бо мақсади омодасозии шумораи зарурии шаҳрвандон барои пурра намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ дар ҳолати ҷангӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии ҳатмии ҳарбӣ ҷорӣ карда мешавад:
1) барои мардон – аз 16 то 55-сола;
2) барои занон – аз 18 то 45-солаи бекӯдак ё онҳое, ки кӯдаки аз      8-сола калон доранд.
3. Таълими умумии ҳатмии ҳарбии шаҳрвандон дар ҷойи кор ё таҳсил бе ҷудошавӣ ва озод шудан аз ҷойи кор ё таҳсил анҷом дода мешавад.
Моддаи 37. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ
1. Шаҳрванди қобил ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надорад, метавонад ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намояд. 
2. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳа гузаронида мешавад. Шаҳрванд пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда намешавад. 
3. Шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати  ҳарбӣ дохил шудаанд, ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда мешаванд. 
4. Андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
БОБИ 6. БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДОХИЛ ШУДАНИ ШАҲРВАНДОН
Моддаи 38. Бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани шаҳрвандон
1. Шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 35-сола ва шаҳрвандони ҷинси зани аз 20 то 35-сола метавонанд бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шаванд ва хизмати ҳарбиро то расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будани онҳо, ки моддаи 52 Қонуни мазкур муқаррар намудааст, адо намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо мутобиқи Қонуни мазкур ва низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
2. Тартиби интихоби номзадҳо барои ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ дохил шудан аз ҷониби вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, муайян карда мешавад.
3. Ҳолатҳое, ки барои бо тартиби ихтиёрӣ дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ монеъ мегарданд, инҳоянд:
1) мавҷуд набудани вазифаҳои холии ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, муассисаю ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ;
2) мутобиқати нопурраи шаҳрванд ба талаботе, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба шаҳрвандони бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохилшаванда пешниҳод шудаанд;
3) бо ҳукми суд маҳкум шудани шаҳрванд;
4) мавҷудияти шаҳрвандии давлати дигар;
5) мавҷудияти беморие, ки барои иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ монеа мегардад;
6) пешниҳоди маълумоти ошкоро бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар бораи худ ё хешовандони наздики худ;
7) аз ҷониби мақомоти дахлдор ба шаҳрванд надодани рухсат ба сирри давлатӣ;
8) адо накардани хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок (ба истиснои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии ҳарбӣ, шаҳрвандони дар қисми 2 моддаи 29 Қонуни мазкур зикршуда ва онҳое, ки тибқи Қонуни мазкур аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод мебошанд);
9) доштани кӯдаки то 3-сола барои шаҳрвандони ҷинси зан.
4. Хизматчиёни ҳарбие, ки тибқи бандҳои 4), 5), 6), 7), 8) ва 9) қисми 1 моддаи 54 Қонуни мазкур аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд, дар замони осоишта такроран ба хизмати ҳарбӣ дохил шуда наметавонанд.
Моддаи 39. Ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ дохил шудани шаҳрвандон
1. Шаҳрванде, ки хизмати ҳарбиро адо накардааст, ҳуқуқ дорад ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пас аз гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё касбӣ то ба синни 21 расидан дохил шавад.
2. Шаҳрванде, ки хизмати ҳарбиро адо мекунад ё адо кардааст, ҳуқуқ дорад ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ то ба синни 25 расидан дохил шавад.
3. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро ба таври намунавӣ адо менамоянд, ҳуқуқ доранд пас аз ба итмом расидани 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ дохил шаванд.
4. Хизматчии ҳарбӣ (курсанте), ки рутбаи ҳарбии афсарӣ надорад ва ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ дохил шудааст, дорои мақоми ҳуқуқии хизматчии ҳарбии адокунандаи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок мебошад.
5. Курсанте (ҷинси мард), ки аз муассисаи таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбии сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва аз давлати хориҷӣ бинобар аз худ накардани нақшаи барномаҳои таълимӣ ё риоя накардани интизом хориҷ шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари мақомоти давлатие, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст) барои гузаштани хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват ба муҳлате, ки пас аз хатми он давомнокии хизмати ҳарбии ин хизматчии ҳарбӣ ба муҳлати бо Қонуни мазкур муқарраргаштаи хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват баробар мегардад, фиристода мешавад, агар то лаҳзаи хориҷшавӣ ӯ муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо накарда бошад ва ҳуқуқи озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надошта бошад. Ҳамзамон, давомнокии хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок то дохил шудан ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ дар ҳаҷми пурра ва давраи таҳсил дар муассисаҳои мазкур аз рӯи ҳисоби 2 моҳи таҳсил баробар ба 1 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳисоб карда мешавад. Дар сурати хориҷ намудани курсантҳои ҷинси зан бо асосҳои номбаршуда онҳо бе гузошта шудан ба қайди ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд ё вобаста ба ихтисос аз рӯи қайди ҳарбии гирифтаашон ба ҳайати эҳтиёт дохил карда мешаванд.
6. Хизматчии ҳарбие, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи мазкур аз муассисаи таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда шудааст ё муассисаи таълимии номбурдаро хатм намуда, ба маҳалли хизмати ҳарбӣ ҳозир нашудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
7. Шаҳрванди хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адонамуда ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ дар асоси имтиёзҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Моддаи 40. Талаботе, ки ба шаҳрвандони бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохилшаванда пешниҳод карда мешаванд
1. Шаҳрванде, ки бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил мешавад, мутобиқи низомномаи ташхиси тиббии ҳарбии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз муоинаи тиббӣ гузарад. Дар асоси натиҷаи муоинаи тиббӣ дар бораи қобил будани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ қарор қабул карда мешавад.
2. Шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ дохил мешавад, бояд ба талаботи муқарраргардидаи зерин мутобиқ бошад:
1) аз рӯи сатҳи таҳсилот;
2) аз рӯи сатҳи омодагии касбӣ;
3) аз рӯи сифатҳои ахлоқию равонӣ;
4) аз рӯи меъёрҳои омодагии ҷисмонӣ.
3. Ба шаҳрванде, ки бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил мешавад, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, нишони филизӣ (жетон) дода мешавад. 
4. Мутобиқати шаҳрвандони бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохилшаванда ба талаботи қисми 2 моддаи мазкур бо низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян карда мешавад. 
 
БОБИ 7. ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Моддаи 41. Намуд ва хусусиятҳои адои хизмати ҳарбӣ
1. Хизмати ҳарбӣ аз инҳо иборат аст:
1) хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок:
а) дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо;
б) дар вазифаҳои афсарон;
2) хизмати ҳарбии ихтиёрӣ:
а) дар вазифаҳои прапоршикон;
б) дар вазифаҳои афсарон;
в) ҷинси зан – дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикон ва афсарон;
г) дар вазифаҳои сержантҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
д) курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;
3) хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаҳои сарбозон.
2. Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар замони осоишта бо Қонуни мазкур, низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ва оинномаҳои ҳарбӣ муайян мегардад.
3. Хусусиятҳои адои хизмати ҳарбӣ дар мақомоти дигари давлатие, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳоро танзим менамоянд, муайян мегарданд.
4. Хусусиятҳои адои хизмати ҳарбӣ дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
5. Шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбиро адо намоянд, ба синни тодаъватӣ, даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва уҳдадорони ҳарбӣ тақсим мешаванд. 
Моддаи 42. Иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ
1. Бо мақсади танзими муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандон мафҳуми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ маънои зеринро дорад:  
1) иштирок дар амалиёти ҳарбӣ, иҷрои супоришҳо дар шароити вазъияти фавқулода, ҳолати ҷангӣ ё дар шароити низоъҳои мусаллаҳона;
2) иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ тибқи қонунгузорӣ;
3) адо намудани навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ), инчунин хизмат дар дастаи (наряди) гарнизонӣ ва дар ҳайати дастаи (наряди) шабонарӯзӣ;
4) иштирок дар машқҳо ва сафарҳои ҷангӣ;
5) иҷрои фармон, амр ё супоришҳои аз ҷониби командир (сардор) додашуда;
6) дар ҳудуди қисми ҳарбӣ дар давоми вақти хизматии мувофиқи тартиби рӯз муқарраргардида қарор доштан ҳангоми зарурати хизматӣ;
7) дар сафари хизматӣ ё дар табобат будан;
8) ба маҳалҳои хизмат ва табобат сафарбар шудан ва бозгашт аз он ҷойҳо;
9) иштирок дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ;
10) дар асирӣ будан (ба истиснои ҳолатҳои ихтиёран ба асорат афтодан), дар ҳолати гаравгон будан ё боздошт қарор доштан;
11) бедарак шудан – то бедарак ғоибшуда эътироф намудани хизматчии ҳарбӣ ё фавтида эълон шудани ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун;
12) ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи шахс;
13) расондани кумак ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;
14) амалҳои дигари хизматчии ҳарбӣ, ки аз ҷониби суд ба манфиати ҷамъият ва давлат содиршуда ҳисобида шудаанд.
2. Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ хизматчии ҳарбӣ, инчунин шаҳрванде, ки ҷамъомади ҳарбиро гузашта истодааст, ҳалокшуда (фавтида), маъюбшуда (захмдор), контузиягирифта ё беморшуда ҳисоб карда намешавад, агар ӯ:
1) берун аз ҳудуди қисми ҳарбӣ дар истироҳат, рухсатӣ ё ҷавоб гирифта бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар бандҳои 8), 10), 12), 13) ва 14) қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд;
2) аз ҳудуди қисми ҳарбӣ ё аз ҷойи хизмат худсарона берун баромада бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар бандҳои 11), 12), 13) ва 14) қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд;
3) худро ихтиёран ба воситаи истеъмоли машруботи спиртӣ, маводи нашъаовар ё заҳролудкунанда ба ҳолати мастӣ оварда бошад;
4) кирдори ба ҷамъият хавфноки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамударо содир карда бошад;
5) худкушӣ ё қасди худкушӣ карда бошад, агар амалҳои зикргардида ба ҳолати беморӣ ё ба худкушӣ расонидан вобаста набошанд.
3. Ба хизматчии ҳарбӣ додани фармон, амр ва супоришҳои ғайриқонунӣ ё ба хизмати ҳарбӣ дахлнадошта манъ аст.
Моддаи 43. Муҳлати хизмати ҳарбӣ
1. Муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби зерин муқаррар карда мешавад:
1) барои онҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо адо мекунанд – 24 моҳ, барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ – 12 моҳ;
2) барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаҳои сарбозҳо ва сержантҳо адо мекунанд – 1 моҳ;
3) барои онҳое, ки аз рӯи даъват дар вазифаҳои афсарон хизмати ҳарбиро адо мекунанд – 24 моҳ; 
4) барои сержантҳо, прапоршикон, инчунин хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмат мекунанд – 3 сол, пас аз адои муҳлат ин гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд хизмати ҳарбиро бо тартиби муайяннамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ тамдид намоянд;
5) барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд – 10 сол;
6) барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси роҳхати мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии амниятӣ ё хадамоти махсуси давлатҳои хориҷиро хатм намудаанд – на камтар аз   15 сол;
7) барои афсароне, ки аз ҳайати эҳтиёт ба тариқи ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд – 5 сол;
8) барои хизматчиёни ҳарбие, ки ба тариқи ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро дар шароити баландкӯҳ ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимию экологӣ адо мекунанд – муҳлати кӯтоҳкардашудаи адои хизмати ҳарбӣ дар ин маҳалҳо, ки бо низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян шудааст, муқаррар мегардад.
2. Муҳлат ва тартиби адо намудани хизмати ҳарбӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Оғози хизмати ҳарбӣ чунин ҳисоб карда мешавад:
1) барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват шудаанд – аз рӯзи ҳозиршавӣ ба комиссариати ҳарбӣ барои сафарбар шудан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ;
2) барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ дохил мешаванд – аз рӯзи ба рӯйхати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ дохил шудани онҳо;
3) барои шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд – аз рӯзи ба рӯйхати курсантони муассисаи таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ шомил намудан.
4. Анҷоми хизмати ҳарбӣ бо тартиби муайяннамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ санаи аз рӯйхати ҳайати шахсӣ хориҷ гардидани хизматчии ҳарбӣ ҳисобида мешавад.
5. Муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии хизматчиёни ҳарбиро, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муқаррар шудааст, тамдид кардан мумкин нест, ба истиснои:
1) хизматчиёни ҳарбие, ки дар беморхона табобат мегиранд;
2) хизматчиёне, ки дар сафарҳои ҷангӣ иштирок мекунанд, дар асорат ва ҳолатҳои дигари пешбининамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ қарор доранд.
6. Вақти иштироки хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо мекунанд, дар амалиёти ҷангӣ ё иҷрои супоришҳо дар шароити низоъҳои мусаллаҳона, инчунин вақти муолиҷаи онҳо дар муассисаҳои табобатӣ дар натиҷаи захмдоршавӣ, контузиягирӣ, маъюбшавӣ ё ба бемориҳое, ки ҳангоми амалиёти зикршуда гирифтор шудаанд, аз ҳисоби 1 рӯзи он баробар ба 2 рӯзи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ба ҳисоб гирифта мешавад.
7. Муҳлати худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмати ҳарбиро тарк намудани хизматчии ҳарбӣ, сари вақт ба қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмати ҳарбӣ ҳозир нашудан дар муҳлати дар амрномаҳо нишондодашуда, сарфи назар аз сабабҳои он, инчунин муҳлати адои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ё муҳлати адои ҷазои интизомӣ дар намуди ҳабс ба муҳлати хизмати ҳарбӣ дохил карда намешаванд.
8. Давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба муҳлати умумии хизмати ҳарбии шаҳрванд дохил карда мешавад.
Моддаи 44. Либоси ҳарбӣ
1. Барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ намудҳои зарурии либоси ҳарбӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Либоси ҳарбӣ ва нишонаҳои фарқкунандаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои пӯшида гаштани онро вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.
3. Намуди либос ва нишонаҳои фарқкунандаи кормандони мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ набояд шабеҳи либоси ҳарбӣ ва нишонаҳои фарқкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ бошанд.
4. Мақомоти давлатӣ ҳангоми тағйир додани намуди либос ва нишонаҳои фарқкунандаи он ё ҷорӣ намудани намуди нави либос ва нишонаҳои фарқкунандаи кормандони худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои дахлдорро пас аз мувофиқа бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
5. Пӯшида гаштани либоси ҳарбӣ бо нишонаҳои фарқкунанда аз тарафи шаҳрванде, ки ба ин ҳуқуқ надорад, манъ аст.
Моддаи 45. Савганди ҳарбӣ  
1. Шаҳрванди бори аввал ба хизмати ҳарбӣ дохилшуда ё хизмати ҳарбиро адонакарда ва бори аввал ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами ҷангии қисми ҳарбӣ ё Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зерин савганди ҳарбӣ ёд мекунад:
«Ман, (насаб, ном ва номи падар) ба хизмати ҳарбӣ дохил шуда, ботантана савганд ёд мекунам, ки ба халқи Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ мемонам, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбиро қатъиян риоя карда, фармонҳои командирону сардоронро ҳатман иҷро менамоям. 
Қавл медиҳам, ки боинтизом, далер ва зирак бошам, ба душворию маҳрумиятҳои хизмати ҳарбӣ устуворона тоб оварда, сирри давлатиро нигоҳ дорам. 
Бо дарки масъулият уҳдадориҳои хизматиамро иҷро намуда, барои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон неру ва ҳаёти худро дареғ намедорам.
 Агар ман ин савганди худро шиканам, бигузор, ба ҷазои сахти қонун ва нафрати халқ гирифтор шавам».
2. Ёд кардани савганди ҳарбӣ бо тартибе, ки оинномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, анҷом дода мешавад.
3. Хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.  
4. То ёд кардани савганди ҳарбӣ ҷалб кардани хизматчии ҳарбӣ ба иҷрои супоришҳои ҷангӣ (иштирок дар амалиёти ҷангӣ, навбатдории ҷангӣ, хизмати ҷангӣ, гарнизонӣ, посбонӣ), супоришҳо ҳангоми ҷорӣ кардани вазъияти фавқулода, вобаста намудани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ба онҳо дар шароити низоъҳои мусаллаҳона, инчунин татбиқи ҷазои интизомӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан манъ аст.
Моддаи 46. Муваққатан ба ихтиёри мақомоти дигар фиристодан ва гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ
1. Хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд муваққатан ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад, инчунин корхонаҳои саноати мудофиавӣ, корхона ва муассисаҳои дигар дар доираи меъёри муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шаванд. 
2. Хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд барои минбаъд адо намудани хизмати ҳарбӣ аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатии дигар, инчунин аз ин мақомоти давлатӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, бо тартиби муайяннамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ гузаронида шаванд. Хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд мутобиқи созишномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қувваҳои мусаллаҳ, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбии давлатҳои дигар, мақомоти давлатие, ки қонунгузории ин давлатҳо дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудаанд, барои минбаъд адо намудани хизмати ҳарбӣ гузаронида шаванд.
3. Хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қӯшунҳои дохилӣ ва хадамоти оташнишонӣ), Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби гузариш ба мансаб дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешаванд, дар захираи кадрҳои ҳайати роҳбарикунандаи болоии мақомоте, ки аз он ҷо онҳо сафарбар шудаанд, гузошта шуда, ҳамаи ҳуқуқу имтиёзҳо ва таъминоту кафолатҳои дигари иҷтимоии барои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинишуда, инчунин пардохти ҷубронпулӣ бар ивази озуқа, молу мулки шайъӣ, маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣ нигоҳ дошта мешаванд. Тартиби таъмини ин ҳуқуқу кафолатҳо ва пардохти онҳо аз ҳисоби вазорату идорае, ки хизматчии ҳарбӣ аз он барои идомаи хизмат сафарбар карда шудааст, анҷом дода мешавад.
4. Уҳдадориҳои мансабӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ, тартиби сарфароз гардонидан бо рутбаҳои олии ҳарбӣ ва таъини нафақаи хизматчиёни ҳарбиеро, ки аз мақомоти дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудаанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 47. Ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ
1. Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ҳайати хизматчиёни ҳарбии зерин муайян карда мешаванд:
1) сарбозон;
2) сержантҳо;
3) прапоршикон;
4) афсарони хурд;
5) афсарони калон;
6) афсарони олӣ.
2. Рутбаҳои ҳарбӣ барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Ҷорӣ намудани рутбаҳои махсуси шабеҳ ба рутбаҳои ҳарбӣ барои шахсони мансабдор, кормандон ва хизматчиёни мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.
Моддаи 48. Додани рутбаҳои ҳарбӣ
1. Барои гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳар як рутбаи ҳарбӣ муҳлати муайян муқаррар карда мешавад.
2. Рутбаи ҳарбии навбатӣ ба хизматчии ҳарбие, ки дорои ихтисос аз рӯи қайди ҳарбӣ ва наздик ба он аст, бо гузашти муҳлати хизмати ҳарбии ӯ дар рутбаи пешинаи ҳарбӣ, агар ӯ мансаби ҳарбиеро ишғол намояд, ки бо воҳиди корӣ барои он рутбаи ҳарбии баробар ё нисбатан болотар аз рутбаи ҳарбии ба хизматчии ҳарбӣ додашаванда пешбинӣ гардида бошад, дода мешавад.
3. Рутбаи ҳарбии навбатӣ ба хизматчии ҳарбие, ки рутбаи ҳарбии афсарии то подполковникро дорад ва муваффақона дар шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунад, бо гузашти муҳлати хизмати ӯ дар рутбаи ҳарбии пешина, новобаста ба мансаби ҳарбии ишғолкардаи ӯ то дохилшавӣ ба муассисаи таълимии зикргардида дода мешавад.
4. Рутбаи ҳарбии навбатӣ метавонад ба хизматчии ҳарбӣ пеш аз муҳлат барои хизматҳои шоёни шахсӣ, вале на баландтар аз рутбаи ҳарбии бо воҳиди корӣ, ки барои мансаби ҳарбии ишғолкардаи ӯ пешбинӣ шудааст ва баъди гузаштани на камтар аз нисфи муҳлати муқарраркардаи хизмат дар рутбаи ҳарбии пешина, вале на зиёда аз як маротиба дар тамоми давраи хизмати ҳарбӣ дода шавад.
5. Ба хизматчии ҳарбие, ки муҳлати адои хизмати ҳарбиаш дар рутбаи ҳарбии ба ӯ додашуда якуним баробар ба охир расидааст, метавонад барои хизматҳои шоёни шахсӣ як зина боло аз рутбаи ҳарбии бо воҳиди кории дар мансаби ишғолкарда пешбинигардида дода шавад, аммо на бештар аз як маротиба дар давраи гузаштани хизмати ҳарбӣ.
6. Рутбаҳои ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби зерин дода мешаванд:
1) рутбаҳои олии ҳарбӣ - аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) то рутбаҳои олии ҳарбӣ - бо тартиби муқарраркардаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ.
7. Ба шахсони дорои рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, адлия, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар, хадамоти гумрук, рутбаҳои дараҷавии мақомоти прокуратура, дараҷаҳои тахассусии судяҳо ва рутбаҳои дараҷавии хадамоти иҷро ҳангоми гузаронидан барои ишғоли мансабҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ дар натиҷаи гузаронидани аттестатсия рутбаҳои ҳарбии ҳайати афсарӣ баробар ба рутба, дараҷаи тахассусии онҳо дода мешаванд, вале на баландтар аз он рутбае, ки бо воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст, ба истиснои рутбаҳои ҳарбие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. Муҳлати рутбаи ҳарбӣ дар мансабҳои ҳарбӣ аз рӯзи додани рутбаи махсус, рутбаи дараҷавӣ, дараҷаҳои тахассусӣ ҳисоб карда мешавад. 
8. Тартиби додани рутбаҳои ҳарбӣ ва муҳлати хизмати ҳарбӣ дар рутбаҳои ҳарбиро низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд.
 Моддаи 49. Маҳрум кардан аз рутбаи ҳарбӣ, паст ва барқарор кардан дар рутбаи ҳарбӣ
1. Хизматчии ҳарбӣ, инчунин шаҳрванде, ки дар ҳайати эҳтиёт ё дар истеъфо қарор дорад, мумкин аст аз рутбаи ҳарбӣ дар ҳолатҳои зерин маҳрум карда шавад:
1) бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд – новобаста ба рутбаи ҳарбии додашуда;
2) бо фармоиши шахси мансабдоре, ки мутобиқи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ба ӯ ҳуқуқи додани рутбаҳои ҳарбии сержантҳо ва прапоршикон нисбати чунин ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ дода шудааст, барои паст задани шаъни рутбаи ҳарбӣ;
3) бо фармоиши фармондеҳони намуди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст – нисбати прапоршикон дар ҳолати рухсат шуданашон аз хизмати ҳарбӣ барои паст задани шаъни рутбаи ҳарбӣ;
4) бо фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст – нисбати ҳайати афсарони хурд ва калон дар ҳолати рухсат шуданашон аз хизмати ҳарбӣ барои паст задани шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ бо назардошти қарорҳои ҷаласаҳои афсарон ё суди рафиқонаи шарафи афсарӣ;
5) бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – нисбати ҳайати афсарони олӣ.
2. Як ё ду зина паст кардани рутбаи ҳарбӣ аз ҷониби шахсони зерин ба амал бароварда мешавад:
1) нисбати ҳайати афсарони хурд ва калон танҳо аз тарафи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст – бо назардошти қарорҳои ҷаласаҳои афсарон ё суди рафиқонаи шарафи афсарӣ;
2) нисбати хизматчиёни ҳарбии ҳайати сержантҳо ва прапоршикон бо фармони шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи додани ин рутбаҳои ҳарбиро дорад.
3. Тартиби барқарор намудани рутбаи ҳарбии хизматчии ҳарбӣ ё шаҳрвандеро, ки аз рутбаи ҳарбӣ маҳрум ё рутбаи ҳарбиаш паст карда шудааст, низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд.
Моддаи 50. Мансабҳои ҳарбӣ
1. Хизматчиёни ҳарбӣ хизмати ҳарбиро дар мансабҳои ҳарбӣ аз рӯи воҳиди кории пешбинишудаи қисмҳои ҳарбӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 6 моддаи мазкур нишондодашуда, адо мекунанд.
2. Ба зиммаи хизматчии ҳарбӣ вогузор намудани иҷрои уҳдадориҳое, ки тибқи қонунгузорӣ муқаррар нагардидаанд, манъ аст.
3. Ҳар як мансаби ҳарбӣ бояд ба як рутбаи ҳарбӣ мувофиқат кунад.
4. Номгӯи мансабҳои ҳарбии аз ҷониби полковникҳо ва ҳайати олии афсарӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ишғолкунанда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
5. Номгӯи мансабҳои дигари ҳарбӣ ва рутбаҳои ҳарбии ба онҳо мувофиқро вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст) тасдиқ мекунад.
6. Хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолатҳои зерин наметавонанд хизмати ҳарбиро дар мансабҳои ҳарбӣ адо намоянд:
1) то ёд кардани савганди ҳарбӣ;
2) дар давраи дар ихтиёри командир (сардор) будан – на зиёдтар аз 3 моҳ;
3) дар давраи бо сабаби чорабиниҳои ташкилию штатӣ дар ихтиёри командир (сардор) будан – на бештар аз 4 моҳ;
4) дар ҳолатҳои дигар, ки низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян мекунад.
Моддаи 51. Таъин кардан ба мансаби ҳарбӣ ва озод кардан аз мансаби ҳарбӣ
1. Ба мансаби ҳарбӣ таъин ва аз мансаби ҳарбӣ озод кардани хизматчии ҳарбӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби зерин сурат мегиранд:
1) онҳое, ки дар салоҳияти Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд – аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) хизматчиёни дигари ҳарбӣ – бо тартиби муқаррарнамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ.
2. Ҷобаҷогузории хизматии афсарон ва прапоршикон, ҷобаҷокунии онҳо аз рӯи нақша дар маҳалҳое, ки муҳлати мушаххаси хизмат дар онҳо муқаррар гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ анҷом дода мешаванд.
Моддаи 52. Синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан
1. Синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан барои хизматчиёни ҳарбӣ чунин муқаррар карда мешавад:
1) дорои рутбаи ҳарбии генерал-полковник – 63 сол;
2) дорои рутбаи ҳарбии генерал-лейтенант, генерал-майор – 58 сол;
3) дорои рутбаи ҳарбии полковник – 53 сол;
4) дорои рутбаҳои дигари ҳарбӣ – 48 сол.
2. Синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будани хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан мувофиқи қисми 1 моддаи мазкур муқаррар карда мешавад, вале он набояд аз 53 сол боло бошад. 
3. Ба хизматчиёни ҳарбии алоҳида, ки ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан расидаанд ва дорои собиқаи зиёди хизматӣ дар яке аз ихтисосҳо аз рӯи қайди ҳарбӣ мебошанд, ки номгӯи онҳо дар низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ зикр шудааст, метавонад муҳлати дар хизмати ҳарбӣ буданашон то ба синни 60 расидан тамдид карда шавад.
4. Синни ниҳоии дар қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи мазкур муқарраргардида нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои ҳарбӣ таъин мешаванд, татбиқ намегардад. 
 
БОБИ 8. РУХСАТ НАМУДАН АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Моддаи 53. Рухсат намудан аз хизмати ҳарбӣ
1. Хизматчии ҳарбӣ пас аз ба охир расидани муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз хизмати ҳарбӣ рухсат карда мешавад.
2. Хизматчии ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ба ҳайати эҳтиёт дохил карда мешавад.
3. Хизматчии ҳарбие, ки ба синни ниҳоии дар ҳайати эҳтиёт будан расидааст ё аз ҷониби комиссияи тиббию ҳарбӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудааст, аз хизмати ҳарбӣ ба истеъфо бароварда мешавад.
4. Рухсат намудани хизматчиёни ҳарбиро аз хизмати ҳарбӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, инчунин шахсони мансабдори мақомоти номбурда бо тартиби муайяннамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ анҷом медиҳанд.
Моддаи 54. Асосҳо барои рухсат намудан аз хизмати ҳарбӣ
1. Хизматчии ҳарбӣ (ғайр аз сарбозон ва сержантҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо мекунанд) аз хизмати ҳарбӣ бо асосҳои зерин рухсат карда мешавад:
1) аз рӯи синну сол – дар сурати расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан;
2) аз рӯи вазъи саломатӣ – бо сабаби аз ҷониби комиссияи тиббию ҳарбӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ донистан;
3) вобаста ба вазъи саломатӣ қобили маҳдуди хизмати ҳарбӣ донистани хизматчии ҳарбии рутбаи ҳарбии то прапоршики калондошта аз ҷониби комиссияи тиббии ҳарбӣ;
4) ҳангоми маҳрум шудан аз рутбаи ҳарбии афсарӣ ё прапоршикӣ;
5) ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар бораи таъини ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ;
6) ҳангоми риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим;
7) ҳангоми қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё доштани шаҳрвандии давлати дигар;
8) аз рӯи аттестатсия ба хизмати ҳарбӣ номувофиқ будан;
9) барои паст задани шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ;
10) вобаста ба маҳрум шудан аз иҷозат ба сирри давлатӣ ё рад шудани додани чунин иҷозат;
11) пешниҳод намудани маълумоти ошкоро бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар бораи худ ё хешовандони наздики худ;
12) вобаста ба гузаштан ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ё сохторҳои дигари ҳарбишуда, агар хизматчии ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ на кам аз 10 сол хизмат карда бошад;
13) бо сабабҳои оилавӣ ва асосҳои дигаре, ки низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муқаррар намудааст.
2. Хизматчии ҳарбие, ки рутбаи ҳарбии афсарӣ дошта, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо мекунад, пас аз анҷоми адои хизмати ҳарбӣ ё бо асосҳои дар бандҳои 1) ва 2) қисми 2 моддаи 30 Қонуни мазкур пешбинишуда, инчунин мувофиқи бандҳои 2), 3), 5), 6) ва 10 қисми 1 моддаи мазкур аз хизмати ҳарбӣ рухсат мешавад.
3. Сарбозон ва сержантҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо мекунанд, аз хизмати ҳарбӣ ба тариқи зерин рухсат мешаванд:
1) пас аз анҷоми муҳлати хизмати ҳарбӣ;
2) аз рӯи вазъи саломатӣ – бо сабаби аз ҷониби комиссияи тиббию ҳарбӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ ё қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ донистани онҳо;
3) ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар бораи таъини ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ; 
4) бо сабаби қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) дар ҳолати мавҷуд будани яке аз асосҳои дар бандҳои 1) ва 2) қисми  2  моддаи 30, бандҳои 2) ва 4) қисми 1, бандҳои 1) ва 6) қисми 2 моддаи 31 Қонуни мазкур пешбинишуда. 
 
БОБИ 9. ҲАЙАТИ ЭҲТИЁТИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 55. Дохил кардан ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Барои пуррагардонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафарбарӣ дар ҳолати ҷангӣ аз ҳисоби шаҳрвандони зерин ҳайати эҳтиёт таъсис дода мешавад:
1) онҳое, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, ба ҳайати эҳтиёт дохил карда шудаанд;
2) онҳое, ки аз рӯи барномаи омодасозии афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил намудаанд;
3) онҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмиро бо сабаби ба онҳо додани иҷозат барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват адо накардаанд ё аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шудаанд;
4) онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд;
5) заноне, ки дорои ихтисоси қайди ҳарбӣ мебошанд.
2. Ташкили ҳайати эҳтиёти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Ба шаҳрванде, ки бо сабаби ба ӯ додани иҷозат барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват хизмати ҳарбиро адо накардааст, аз ҷониби комиссари ҳарбии шаҳр ё ноҳия рутбаи ҳарбии қаторӣ бо дохил намудан ба ҳайати эҳтиёт дода мешавад.
4. Шаҳрванде, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор дорад, мутобиқи низомномаи ташхиси тиббию ҳарбӣ ҷиҳати муайян намудани қобил будан ба хизмати ҳарбӣ аз муоинаи тиббӣ мегузарад.
Моддаи 56. Ҳайати эҳтиёт
1. Шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт мебошанд, вобаста ба рутбаҳои ҳарбӣ мувофиқи синну сол ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:
1) сарбозон, сержантҳо, старшинаҳо, прапоршикон – гурӯҳи 1 то 38-солагӣ, гурӯҳи 2 то 48-солагӣ ва гурӯҳи 3 то 53-солагӣ;
2) афсарони хурд: лейтенанти хурд, лейтенант, лейтенанти калон, капитан – гурӯҳи 1 то 48-солагӣ, гурӯҳи 2 то 53-солагӣ ва гурӯҳи 3 то 58-солагӣ;
3) афсарони калон: майор ва подполковник – гурӯҳи 1 то 53-солагӣ, гурӯҳи 2 то 58-солагӣ ва гурӯҳи 3 то 60-солагӣ;
4) полковник – гурӯҳи 1 то 60-солагӣ, гурӯҳи 2 то 63-солагӣ;
5) афсарони олӣ то 63-солагӣ.
2. Шаҳрвандони ҷинси зан, ки дар ҳайати эҳтиёт мебошанд, ба гурӯҳи 3 мансубанд. Шахсони ҳайати афсарӣ - то ба синни 53 расидан ва шахсони ҳайати дигар - то ба синни 48 расидан.
3. Шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт буда, ба синни ниҳоии дар ҳайати эҳтиёт будан расидаанд ё бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, аз ҷониби комиссари ҳарбии шаҳр ё ноҳия аз қайди ҳарбӣ хориҷ карда мешаванд.
Моддаи 57. Ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва махсус
1. Шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд, мумкин аст барои омодагӣ ё омодагии такрорӣ ба хизмати ҳарбӣ ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват карда шаванд. Гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо мақсадҳои дигар манъ аст.
2. Муҳлат, давомнокии ҷамъомадҳои ҳарбӣ, маҳал ва вақти гузаронидани онҳоро вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё роҳбарони мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, муайян менамоянд.
3. Давомнокии ҳар як ҷамъомади ҳарбӣ наметавонад аз 2 моҳ зиёд бошад.
4. Давомнокии умумии ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ки шаҳрванд дар давраи дар ҳайати эҳтиёт будан ба онҳо ҷалб карда мешавад, аз 12 моҳ зиёд буда наметавонад.
5. Фосилаи байни ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ки шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиёт қарордошта ба онҳо даъват карда мешаванд, бояд на камтар аз 3 сол бошад.
6. Тартиби аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ гузаштани шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд ва таъминоти моддии онҳо бо Қонуни мазкур ва низомномаи тартиби гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.
7. Шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд, бо мақсади амалисозии чорабиниҳо дар самти пешгирӣ, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ва оқибатҳои он ё дар ҳолатҳои дигар бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба ҷамъомадҳои махсус даъват карда шаванд. 
8. Муҳлати ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва махсус ба муҳлати умумии хизмати ҳарбии шаҳрвандон дохил карда мешавад.
Моддаи 58. Озод кардан аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ
1. Аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ шаҳрвандони зерини дар ҳайати эҳтиёт қарордошта озод карда мешаванд:
1) занҳо;
2) онҳое, ки дар муассиса, корхона ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ захира (брон) шудаанд;
3) кормандон ва ҳайати ғайринизомии мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук, инчунин ҳайати ғайринизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст;
4) кормандони нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, ки бевосита ба ҳамлу нақл ё хизматрасонӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо (чархболҳо), техникаи аэродромҳо, нақлиёт ва таҷҳизоти роҳи оҳан машғул мебошанд;
5) онҳое, ки дар ҳамин давра бевосита ба корҳои киштукор ва ҳосилғундорӣ машғуланд;
6) донишҷӯён (курсантҳо) ва талабагони шакли рӯзона ва шабонаи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ;
7) донишҷӯён (курсантҳо) ва хонандагони шакли таҳсилоти ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таълимӣ – дар давраи имтиҳонҳо ва навиштани кори дипломӣ;
8) онҳое, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд – дар тӯли 3 сол пас аз ба ҳайати эҳтиёт рухсат шудан;
9) онҳое, ки чор ва зиёда фарзанди ноболиғ доранд;
10) онҳое, ки мутобиқи моддаи 31 Қонуни мазкур даъваташон ба хизмат ба таъхир гузошта шудааст (ба истиснои банди 6) қисми 2  моддаи 31);
11) онҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
2. Комиссари ҳарбӣ метавонад дар хусуси озод намудани шаҳрванд аз даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ дар ҳолати мавҷуд будани сабабҳои узрноке, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ гардидаанд, қарор қабул намояд.
Моддаи 59. Додани рутбаҳои ҳарбӣ ба шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт мебошанд 
1. Ба шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт мебошанд, рутбаҳои навбатии ҳарбии ҳайати афсарӣ аз тарафи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва супоридани санҷишҳо бо пешниҳоди сардори ҷамъомадҳои ҳарбӣ, аммо на бештар аз се маротиба дар тамоми давраи дар ҳайати эҳтиёт будани онҳо дода мешаванд.
2. Ба шаҳрванде, ки дар ҳайати эҳтиёт мебошад, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ то прапоршики калони эҳтиёт бо тартиби муқаррарнамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дода мешавад.
3. Рутбаи якуми ҳарбии афсари эҳтиёт аз тарафи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад:
1) ба шаҳрвандоне, ки кафедраи ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбиро аз рӯи барномаи омодасозии афсарони эҳтиёт хатм кардаанд – пас аз 12 моҳи адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок;
2) ба сарбозон, сержантҳо, старшинаҳо, прапоршикони эҳтиёт, ки таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисоси ғайринизомӣ, баробар ба тахассуси омодагии дахлдори ихтисос аз рӯи қайди ҳарбӣ гирифтаанд – пас аз гузаштани аттестатсия бо тартиби муқаррарнамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ;
3) ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, вале дар муассисаҳои таълимии давлатӣ барномаи омодасозии афсарони эҳтиётро нагузаштаанд, аммо ихтисоси ғайринизомии онҳо аз рӯи тахассус ба ихтисоси қайди ҳарбӣ монанд мебошад - танҳо ҳангоми ба хизмати ҳарбӣ қабул шудан.
4. Ба кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, адлия, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар, хадамоти гумрук ва хадамоти иҷро, ки аз мақомоти номбаршуда ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат карда шудаанд, рутбаи ҳарбӣ бо назардошти ихтисос аз рӯи қайди ҳарбӣ ва рутбаҳои махсусе, ки онҳо доранд, аз тарафи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. 
5. Ба шаҳрванде, ки ба ҳайати эҳтиёти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат шудааст, рутбаи ҳарбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби роҳбари ҳамин мақомот дода мешавад.
 
БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 60. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 61. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 ноябри соли 2000, №30 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 539; с. 2003, №4, мод. 146, №8, мод. 461; с. 2004, №2, мод. 50, №7, мод. 464; с. 2005, №3, мод. 117;     с. 2006, №11, мод. 467; с. 2007, №7, мод. 659; с. 2010, №7, мод. 542,        мод. 553; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1014; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 296; с. 2018, №1, мод. 10) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 62. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1753
 
 
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул карда шавад. 
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва мавриди амал қарор додани он» аз 30 июни соли 2000, №123 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №6, мод. 387; с. 2003, №2, мод. 37, №6, мод. 329; с. 2004, №1, мод. 2, №7, мод. 408; с. 2005, №2, мод. 68; с. 2006, №10, мод. 422; с. 2007, №6, мод. 513; с. 2010, №4, мод. 296, №6, мод. 466;  с. 2012, №10, мод. 902; с. 2017, №3-4, мод. 223, №10, мод. 705) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 20 январи соли 2021, №302
 
 
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 113


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2021    №: 22 - 23    Мутолиа карданд: 4654
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед