logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ ҶАШНИ САДА

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати кишоварзӣ дар  Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ Ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироат, олоти кории деҳқонон, анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  таҷлил гардид.
Дар он кишоварзони минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсулоти худро ба монанди олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  Ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини Сарвазири мамлакат, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ, аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буданд.
Дар ин рӯз чун анъанаи Ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста, тибқи оини аҷдодӣ,  бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан), инчунин, хӯрокҳои миллӣ – мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонданд.
Зикр шуд, ки ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, ширрӯған, умоч, далда, кашк дар ин фасли сол муҳим ба ҳисоб мераванд, чун аз рӯи миҷоз гарманд. 
Ҷашни Сада дар замони соҳибистиқлолӣ, дар баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол меафзояд. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудааст. Ин ҳама ба шарофати заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. 
Соли гузашта Сарвари давлат дар Паёми табрикии худ  ба  муносибати  ин  ҷашни  аҷдодӣ иброз доштанд: «Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то Ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне, Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадимӣ ба ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст».
Ҳамчунин, ба муносибати ин ид дар боғи Фирдавсӣ намоиш- фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки дар кишвар дар канори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба эҳёи Иди Сада чун ҷашни пайванди инсон ва табиат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. 
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2021    №: 24 - 25    Мутолиа карданд: 857
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед